Эҳтимоли барқарории оташбас дар Ғазза

Эҳтимоли барқарории оташбас дар Ғазза

Гуфтугӯи телефонии вазири хориҷаи Эрон бо Исмоил Ҳаниа ва Зиёд Нахола

Ахбори байналмилал

Farsnews

Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ва Зиёд Нахола, дабири кулли ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин, ба сурати ҷудогона бо Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, дар бораи охирин таҳаввулоти майдонӣ дар Ғазза ва эҳтимоли барқарории оташбас, гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши Форс, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо Зиёд Нахола, бар зарурати кӯмакрасонии инсондӯстона ба мардуми Фаластин ва мухолифат бо кӯчи иҷбории фаластиниён таъкид кард.

Амирабдуллоҳиён пойдорӣ ва истодагии миллат ва гурӯҳҳои муқовамати фаластинӣ дар 4 моҳи гузашта, алорағми ҷиноёти густурдаи режими саҳюнистиро мояи ифтихор барои кулли ҷаҳони ислом, озодихоҳони ҷаҳон ва башарият хонд ва таъкид кард: “Миллати Фаластин ба унвони соҳибони аслии ин сарзамин, ҳақ доранд дар мавриди сарнавишт ва ояндаи худ тасмим бигиранд ва ҳеч тарафе наметавонад ирода ва тарҳҳои сиёсии худро аз берун бар онҳо таҳмил кунад.”

Зиёд Нахола низ зимни қадрдонӣ аз ҳимоятҳои Ҷ.И.Эрон аз ормони озодии Фаластин ва Қудси шариф, гузорише аз муқовамати қаҳрамононаи миллат ва гурӯҳҳои фаластинӣ дар навори Ғазза ва каронаи Бохтарӣ, ироа ва таъкид кард, ки қатъан миллати Фаластин ва муқовамат, пирӯзи ниҳоии набарди кунунӣ хоҳанд буд ва ишғолгарони саҳюнист роҳе ҷуз таслим дар баробари иродаи пӯлодини миллати Фаластин нахоҳанд дошт.

Гуфтугӯ бо Исмоил Ҳаниа

Ба гузориши Форс, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон низ бо Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос гуфтгӯ кард.

Амирабдуллоҳиён дар ин гуфтугӯ, бо ишора ба тамосҳо ва дидорҳои ахири худ бо мақомоти дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, таваққуфи фаврии ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми бепаноҳи Ғаззаро калиди барқарории субот ва оромиш дар кулли минтақа хонд.

Исмоил Ҳаниа низ бо ироаи гузорише аз истодагӣ ва пойдории васфнопазири миллат ва гурӯҳҳои муқовамати фаластинӣ дар навори Ғазза ва каронаи Бохтарӣ ва тарҳҳо ва ибтикороти сиёсии матраҳшуда барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза ва табодули асирон, таъкид кард, ки гурӯҳҳои муқовамат бо ҳифзи ваҳдат ва инсиҷоми худ, танҳо дар сурати таҳаққуқи манофеъи олии миллати Фаластин, ибтикороти матруҳаро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд.

Farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Интиқоди муфтии Уммон аз кишварҳои арабӣ ба хотири кӯмакашон ба Исроил
Исроил тан ба оташбас ва табодули асирон дод

Матолиби пурбоздид