Эҳёи тафаккури исломӣ (2)

Эҳёи тафаккури исломӣ (2)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Руҳи исломӣ дар мусалмонон мурдааст

Иқбол, мутаваҷҷеҳи ин нукта шуда, ки ислом, ҳам дар миёни мусалмонон вуҷуд дорад ва ҳам вуҷуд надорад. Ислом вуҷуд дорад ба сурати ин ки мо мебинем шаъоири (маросими) ислом дар миёни мусалмонон ҳаст, бонги азон дар миёни мардум шунида мешавад, мавқеъи намоз, ки мешавад, рӯ ба масоҷид меоваранд, мурдаҳошонро ба расми ислом дафн мекунанд, барои навзодҳояшон ба расми ислом ташрифоте қоил мешаванд, исмҳояшон ғолибан исмҳои исломӣ аст, Муҳаммад аст, Ҳасан аст, Ҳусайн аст, Абдурраҳим ва Абдурраҳмон аст. Вале он чи ки руҳи ислом аст, дар ин мардум вуҷуд надорад; руҳи ислом дар ҷомеаи исломӣ мурдааст. Ин аст, ки мӯътақид мешавад ба таҷдиди ҳаёти исломӣ, ки ҳаёти исломиро бояд таҷдид кард ва имкони таҷдидаш ҳаст, чун ислом намурдааст, мусалмонон мурдаанд. Ислом намурдааст, чаро? Чун китоби осмониаш ҳаст, суннати пайғамбараш ҳаст ва инҳо ба сурати зиндае ҳастанд, яъне дунё натавониста беҳтар аз онҳо биёварад. Он чи Қуръон оварда ҳайати Батламюс нест, ки бигӯем назарияи дигаре омад ва он назарияро насх кард, назарияи табииёти мубтанӣ бар аносури чаҳоргона нест, ки бигӯем илми имрӯз омад ва гуфт он аносури чаҳоргонаи шумо ҳама мураккабанд ва унсур нестанд; ва аносур беш аз ин ҳарфҳост. На, худи ислом зиндааст бо такягоҳ ва мабнои зинда, пас нақси кор дар куҷост?

Нақси кор дар тафаккури мусалмонон аст. Яъне фикри мусалмонон, тарзи талаққии мусалмонон аз ислом, ба сурати зиндае нест, ба сурати мурдааст. Мисли ин аст, ки шумо базри зиндаеро ба шакле бар хилофи усули кишоварзӣ зери хок кунед, ки ин базр дар зери хок бимонад, вале ҷавона назанад, решаҳояш дар зери замин (бимонад). Ё ниҳоле, ки шумо мехоҳед аз ҷойе дар ҷойи дигар бикоред, ин ниҳол алъон зиндааст, вале агар шумо онро воруна бикоред, яъне решаи ин ниҳолро биёваред боло ва сари онро, ки бояд дар ҳаво бошад зери хок бикунед, ин, ҳам ҳаст ва ҳам нест.

Таъбири латифе дорад амирулмӯъминин Алӣ алайҳис салом, ояндаи ислом ва мусалмононро зикр мефармояд:

وَلُبِسَ الْإِسْلَامُ لُبْسَ الْفَرْوِ مَقْلُوباً

(“Наҳҷул-балоға”, хутбаи 107) Яъне мардум ҷомаи исломро ба тан мекунанд, вале ончунон, ки пӯстинро воруна ба тан кунанд.

Пӯстин дар зимистон барои дафъи сармост. Як вақт пӯстинро меандозанд дур, лухт ва ур дар муқобили сармо зоҳир мешаванд. Ва як вақт пӯстинро мепӯшанд, аммо на он тавр, ки бояд бипӯшанд, балки қисмати пашмдорро берун мегузоранд ва қисмати пӯстро мепӯшанд. Дар ин сурат, на танҳо гармо надорад ва баданро гарм намекунад, балки ба як сурати музҳик ва ваҳшатнок ва масхарае ҳам дармеояд.

Мефармояд: исломро мардум чунин хоҳанд кард, ҳам доранд ва ҳам надоранд. Доранд, вале чун онро воруна кардаанд, он чи бояд рӯ бошад, зер аст ва он чи бояд дар зер қарор бигирад, дар рӯ қарор гирифтааст. Натиҷа ин аст, ки ислом ҳаст, аммо исломи бехоссият ва беасар; исломе, ки дигар наметавонад ҳарорат бидиҳад, наметавонад ҳаракат ва ҷунбиш бидиҳад, наметавонад нерӯ бидиҳад, наметавонад басират бидиҳад, балки мисли як дарахти пажмурдаи офатзадае мешавад, ки сари по ҳаст, аммо пажмурда ва афсурда, барг ҳам агар дорад, баргҳои пажмурда бо ҳолати зору низор аст.

Ин аз куҷост? Бастагӣ дорад ба тарзи талаққии мусалмонон аз ислом, ки чӣ ҷур исломро мегиранд ва чӣ гуна талаққӣ мекунанд. Онро аз сар мегиранд, аз по мегиранд, аз таҳ мегиранд? Онро таҷзия мекунанд, қисмате аз онро мегиранд ва қисматеро намегиранд? Қишрашро мегиранд ва луббашро намегиранд ё мехоҳанд луббашро бигиранд ва қишрашро раҳо кунанд? Билохира ба сурате дармеояд, ки:

لَا يَمُوتُ فِيهَا وَلَا يَحْيَى

(Тоҳо/74) На мурдааст ва на зинда. На мешавад гуфт ҳаст ва на мешавад гуфт нест.

Ин, нуктаи асосӣ аст, вагарна танҳо мо биншинем аз тамаддун ва фарҳанги урупоӣ интиқод бикунем, аз фарҳанги исломӣ ҳам тамҷид бикунем ва баъд ҳам хаёл бикунем, ки фарҳанги исломӣ ва руҳи ислом ҳамон аст, ки мо имрӯз дорем, пас мардуми дунё биёянд аз мо пайравӣ кунанд, коре аз пеш намеравад. Хуб, агар мардуми дунё биёянд аз мо пайравӣ кунанд, мисли мо мешаванд, яъне ба сурати нимамурдае дармеоянд.

Асосан ҳамаи ин таъбирот: ҳаёти исломӣ, ҳаёти тафаккури исломӣ, асосе аст, ки тарҳашро худи Қуръон рехтааст ва таъбирҳо аз худи Қуръон аст. Мегӯяд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَجِيبُوا لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمْ لِمَا يُحْيِيكُمْ

(Анфол/24) Эй мардум! Нидои ин пайғамбарро бипазиред; ин пайғамбаре, ки шуморо даъват мекунад ба он ҳақиқате, ки шуморо зинда мекунад.

Ин пайғамбар барои шумо як Исрофил аст, як муҳйӣ (зиндакунанда) аст, таълимоти ӯ зиндагибахш ва ҳаётбахш аст.

Аз шумо мепурсам, хоссияти ҳаёт чист? Аслан ҳаёт яъне чӣ? Қуръон дар бораи мардуми ҷоҳилият мегӯяд, инҳо амвотанд (мурдагонанд):

إِنَّكَ لَا تُسْمِعُ الْمَوْتَى

(Намл/80)

وَمَا أَنْتَ بِمُسْمِعٍ مَنْ فِي الْقُبُورِ

(Фотир/22) Мегӯяд: ин мардуме, ки мебинӣ, мурдаҳое ҳастанд мутаҳаррик, мурдаҳое ҳастанд, ки ба ҷойи ин ки зери хок бошанд, доранд рӯйи замин роҳ мераванд, мурдаи мутаҳаррик ҳастанд, ба инҳо зинда намешавад гуфт. Вале ба мусалмонон мегӯяд, биёед ин таълимотро бипазиред. Хоссияти ин таълимот ин аст, ки ба шумо ҷон ва нерӯ медиҳад ва ҳаёт мебахшад. Хоссияти ҳаёт чист? Шумо аз ҳар олим ва файласуфе, ки ҳаётро таъриф мекунад, бипурсед ба чӣ чиз мешавад гуфт ҳаёт ва зиндагӣ? Аслан маънии ҳаёт ва зиндагӣ чист? Албатта касе муддаъӣ намешавад, ки ҳақиқат ва моҳияти ҳаётро таъриф кунад, вале ҳаётро аз рӯйи осораш мешиносанд ва ин ҷур ба шумо хоҳанд гуфт: ҳаёт яъне ҳақиқати маҷҳулулкунҳе, ки ду хоссият дорад: яке огоҳӣ ва дигаре ҷунбиш.

Инсон ба ҳар нисбат, ки огоҳии бештаре дорад, ҳаёти бештаре дорад; ба ҳар нисбат, ки таҳаррук ва ҷунбиши бештаре дорад, ҳаёти бештаре дорад; ва ба ҳар нисбат, ки огоҳии камтаре дорад ва бехибратар аст, мурдатар аст; ба ҳар нисбат, ки сокинтар аст, мурдатар аст. Ба ҳар нисбат, ки бехабариро бештар меписандад, мурдагӣ дар мурдагӣ дорад ва ба ҳар нисбат, ки сукунро бештар меписандад, мурдагӣ дар мурдагӣ дорад. Ҳоло шумо бибинед, мо мардуми мурдае ҳастем ё на? Дар назари мо, сукун эҳтиромаш бештар аст ё таҳаррук? Яъне ҷомеаи мо барои як одами ҷунбанда бештар эҳтиром қоил аст ё барои як одаме, ки бо камоли сукун ва виқор сари ҷойи худаш нишаста ва такон намехӯрад ва мегӯяд:

Гар ба мағзам занӣ в-агар дунбам,

Ки ман аз ҷойи худ намеҷунбам.

— мебинед, ҷомеаи мо барои ин шахс бештар эҳтиром қоил аст. Ин, аломати камоли мурдагии як иҷтимоъ аст, ки ҳар инсоне ҳар андоза бехибратар ва ноогоҳтар бошад, ӯро бештар меписандад ва бо зоиқаи ӯ бештар ҷур дармеояд.

 

Мантиқи мошини дудӣ

Яке аз дӯстони мо, ки марди нуктасанҷе аст, як таъбири бисёр латиф дошт, исмашро гузошта буд: мантиқи мошини дудӣ. Мегуфтем, мантиқи мошини дудӣ чист? Мегуфт, ман як дарсеро аз қадим омӯхтаам ва ҷомеаро рӯйи мантиқи мошини дудӣ мешиносам.

Вақте бачча будам, манзиламон дар ҳазрати Абдулазим буд ва он замон қатори роҳи оҳан ба сурати имрӯз набуд ва фақат ҳамин қатори Теҳрон — Шоҳ Абдулазим буд. Ман медидам, ки қатор вақте дар истгоҳ истода, баччаҳо давраш ҷамъ мешаванд ва онро тамошо мекунанд ва ба забони ҳол мегӯянд, бибин чӣ мавҷуди аҷибе аст! Маълум буд, ки як эҳтиром ва азамате барои он қоил ҳастанд. То қатор истода буд, бо як назари таъзиму такриму эҳтирому эъҷоб ба он нигоҳ мекарданд. Кам-кам соати ҳаракати қатор мерасид ва қатор роҳ меафтод. Ҳамин, ки роҳ меафтод, баччаҳо медавиданд, санг бармедоштанд ва қаторро мавриди ҳамла қарор медоданд. Ман таъаҷҷуб мекардам, ки агар ба ин қатор бояд санг зад, чаро вақте, ки истода як реги кучак ҳам ба он намезананд ва агар бояд барояш эъҷоб қоил буд, эъҷоб бештар дар вақте аст, ки ҳаракат мекунад.

Ин муаммо бароям буд, то вақте, ки бузург шудам ва вориди иҷтимоъ шудам. Дидам, ин қонуни куллии зиндагии мо эрониён аст, ки ҳар касе ва ҳар чизе то вақте, ки сокин аст, мавриди эҳтиром аст. То сокит аст, мавриди таъзиму табҷил аст, аммо ҳамин ки ба роҳ афтод ва як қадам бардошт, на танҳо касе кӯмакаш намекунад, балки санг аст, ки ба тарафи ӯ партоб мешавад.

Ин нишонаи як ҷомеаи мурда аст, вале як ҷомеаи зинда фақат барои касоне эҳтиром қоил аст, ки мутакаллим ҳастанд, на сокит, мутаҳарриканд, на сокин, бохабартаранд, на бехибратар.

Пас инҳо алоими ҳаёт ва мавт аст. Албатта инҳо ду аломати боризтар ва мушаххастари ҳаёт буданд, ки арз кардам, вагарна алоими дигар ҳам дорад.

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи ДОИШ ба мусалмонони аздор дар рӯзи Ошуро дар Уммон
Шокирҷон Ҳакимов боздошт шудааст

Матолиби пурбоздид