Эҳёу улумид дин

Таърих

Эҳёу улумид дин

Муаррифии китоб

Ба қалами Абдулкарими Суруш

Бахши аввал

Шинохти иҷмолӣ аз нависанда

“Эҳёу улумид дин” машҳур ба “Эҳёул улум”, муҳимтарин ва ҷомеътарин ва баландтарин ва пуровозатарин китоби Абӯҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммади Ғаззолии Тӯcӣ (450- 505 қ. // 1058-1111 м.), ки онро дар даврони канорагирӣ аз тадрис дар низомияи Бағдод ва пас аз бурузи дигаргуниҳои руҳӣ ва шукуку (шаккҳову) шӯридагиҳои фикрӣ ва бар асари баргузидани тариқи муҷоҳада ва тарки муҷодала ва дар айёми сафар ва иқомати чандсола ба Шом ва Қудс ва Ҳиҷоз ба риштаи нигориш кашидааст ва ҳосили муроқаботи сӯфиёна ва мутолеоти олимонаи худро дар он ба вадиъат ниҳодааст.

Ғаззолӣ нахуст назди Аҳмади Родиконӣ дар Тӯс ва сипас назди Абӯнасри Исмоилӣ аз дуоти исмоилия, дар Ҷурҷон илмомӯзӣ кард. (Субкӣ, 6/195) Ва дар 473 қ., ки ба Нишопур рафт, ба муддати 5 сол дар низомияи Нишопур, шогирди Абулмаъолӣ Имомулҳарамайни Ҷувайнӣ буд. (Ғаззолӣ, “Ал-мунқиз”, 85; Ибни Асокир, 15/920; Субкӣ, 6/196) Ва пас аз вафоти вай дар 478 қ., ба Низомулмулк пайваст ва чанд сол баъд ба тавсия ва савобдиди вай, устодии низомияи Бағдодро пазируфт ва бо шукӯҳи бисёр, дар 484 қ. вориди Бағдод шуд (Ибни Асокир, ҳамонҷо; Субкӣ, 6/196-197) ва ба тадриси каломи ашъарӣ ва фиқҳи шофеӣ ҳиммат гуморд. Гӯё дар ҳамин овон аҳволи руҳии худро бар Абӯалӣ Форамидӣ арза мекард ва аз ӯ дарси тасаввуф мегирифт (Зубайдӣ, 1/19), гарчӣ чанду чуни ин таълиму таъаллум чандон ошкор ва гушуда нест.

Дар Раҷаби 488 шакку шӯридагӣ гиребони зеҳни вайро чунон гирифт, ки ба муддати 6 моҳ аз тадрис бозмонд. (Ғаззолӣ, ҳамон, 140-141) Ва ниҳоятан бародарро ба ҷойи худ бар курсии тадрис нишонд ва дар Зиқаъдаи ҳамон сол, бо роҳиёни ҳаҷ аз Бағдод берун омад, аммо ба Ҳиҷоз нарафт ва озими Шом гардид. Дар ин айём буд, ки гумном ва танҳо дар хилват нишаст ва ба пиростани дил ва тарди зунун (гумонҳо) ва касби яқин ҳиммат дарбаст (Ҳамон, 142; Зубайдӣ, 1/7-8) ва “Қутул-қулуб”-и Абӯтолиби Маккӣ ва кутуби Ҳориси Муҳосибӣ ва осори Ҷунайд ва Шиблӣ ва Боязид (Ғаззолӣ, ҳамон, 137-138) ва “Рисола”-и Абулқосими Қушайрӣ ва “Аззариъа”-и Роғиби Исфаҳонӣ (Зубайдӣ, 1/4)-ро дар мутолеа гирифт ва бо чунин андӯхтае аз таҷориб ва дастмояе аз касбу кашф ба таснифи “Эҳёу улумид дин” даст гушуд.

 

Бахшҳои мухталиф

“Эҳёу улумуд дин” корномаи азими Ғаззолӣ дар даврони узлат, китобе аст бузург дар ҳудуди 1600 сафҳаи раҳлӣ ва мунқасим (тақсимшаванда) ба 4 бахш: ибодот, одот, муҳликот ва мунҷиёт, ки ҳар як аз ин бахшҳо муштамил (дарбаргиранда) бар 10 китоб аст, бад-ин шарҳ:

1) Рубъи (чоряки) ибодот: китоби илм, китоби пояҳои ақоид, китоби асрори таҳорат, китоби асрори намоз, китоби асрори закот, китоби асрори рӯза, китоби асрори ҳаҷ, китоби одоби тиловати Қуръон, китоби азкор (зикрҳо) ва дуоҳо ва китоби тартиби аврод (вирдҳо).

2) Рубъи одот: китоби одоби хӯрдан, китоби одоби никоҳ, китоби одоби касбу маош, китоби ҳалолу ҳаром, китоби одоби улфат ва бародарӣ, китоби одоби узлат (гӯшагирӣ), китоби одоби сафар, китоби одоби самоъ ва ваҷд, китоби амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, китоби одоби маишат (зиндагӣ) ва ахлоқи набавӣ.

3) Рубъи муҳликот: китоби шарҳи аҷоиби қалб, китоби риёзати нафс, китоби касри ду шаҳват (шаҳвати шикам ва шаҳвати зери шикам), китоби офоти забон, китоби сарзаниши хашму кинаву ҳасад, китоби сарзаниши дунё, китоби сарзаниши бахилӣ ва сарзаниши дӯст доштани мол, китоби сарзаниши ҷоҳу риё, китоби сарзаниши кибру уҷб ва китоби сарзаниши ғурур.

4) Рубъи мунҷиёт: китоби тавба, китоби сабру шукр, китоби хавфу раҷо, китоби фақру зуҳд, китоби тавҳиду таваккул, китоби муҳаббату ишқу унсу ризо, китоби нияту ихлосу сидқ, китоби муроқаба ва муҳосаба, китоби фикр ва китоби ёди марг ва баъди он.

Дар рубъи ибодот робитаи одамӣ бо холиқ ва дар рубъи одот равобити одамиён бо якдигар ва дар ду рубъи муҳликот (ахлоқи ҳалокатовар) ва мунҷиёт (ахлоқи наҷотдиҳанда) робитаи одамӣ бо хештан мавриди фаҳсу ковиш қарор мегирад. Ва чунонки Ғаззолӣ худ дар муқаддимаи “Эҳё” мегӯяд, ин наҳваи тадвинро аз кутуби фиқҳ баргирифтааст, ки онҳо ҳам мунқасим бар чаҳор бахшанд, то рағбати фиқҳдӯстонро дар мутолеаи ин китоб барангезад.

 

Муҳтаво

Рубъҳои ёдшуда камман (аз назари миқдор ва андоза) мусовӣ нестанд. Рубъи ибодот кучактарин ва рубъи мунҷиёт бузургтарини онҳост ва рубъи мунҷиёт як баробару ними рубъи ибодот аст. Китобҳои ёдшуда умуман бо хутбае муносиби мавзӯи китоб оғоз мешаванд ва он гоҳ оёту ахборе муносиби онҳо дар фусули (фаслҳои) ҷудогона оварда мешавад ва сипас ба баёни ҳақиқати мавзӯъ ва аҳкому фурӯъи мухталифи он пардохта мегардад.

Агар мавзӯъ, разилате (хулқи нописанде) аз разоил (ахлоқи нописанд) аст, таъриф ва анвоъи он ва асбоби он, он гоҳ роҳи илоҷи (дармони) он ба даст дода мешавад. Ва агар фазилате (хулқи писандида) аз фазоил (ахлоқи писандида) аст, роҳи касби он. Ва дар ин миён аҳволи солеҳон ва ақволашон ба фаровонӣ мавриди истифода қарор мегиранд ва хусусан ҳикоёти бисёр ва гоҳ ғариб аз сӯфиён нақл мешавад.

Дар ду рубъи ибодот ва одот ҳам, равиши кор бо каме тафовут ҳамин тавр аст. Филмасал (масалан) “китоби сабру шукр”, ки дуввумин китоб аз рубъи мунҷиёт аст, бо ин хутба оғоз мешавад, ки:

الحمد لله‌ أهل‌ الحمد والثناء. .. المؤید صفوة الأولیاء بقوة الصبر علی السراء والضراء والشكر علی البلاء و النعماء

Ва сипас фасле дар баёни фазилати сабр меояд, муштамил бар оёт ва ахбори манқул аз Паёмбар (с) ва осори ворида аз саҳоба ва он гоҳ фусуле (фаслҳое) дар баҳс аз ҳақиқати сабр ва ақсоми он ва баёни зарурат ва равиши таҳсили он. Ва ҳамин гуна аст баҳс аз шукр ва тавба ва дигар фазоил.

“Эҳёу улумид дин” муштамил бар тасаввуфе аст таҳлилӣ ва олимона ва чунон ки Ғаззолӣ худ борҳо бад-он ишора карда, дар илми муомала аст, на илми мукошафа. Ва сухан аз аҳволи шахсӣ дар он бисёр кам аст, бал Ғаззолӣ бар сӯфиён хӯрда мегирад, ки чаро чун олимон ҳамаи аҳволро дар назар намегиранд ва ҳама сухан аз аҳволи дили хеш мегӯянд. Ва агар дар порае аз маворид ва бештар дар рубъи мунҷиёт, қалам саркашӣ карда ва Ғаззолиро ба кашфи асрор ва вуруд ба олами мукошафа кашонда, ногоҳ мавлавивор ба худ наҳиф зада аст, ки:

Банд кун, чун сел сайлоне кунад

В-арна расвоиву вайронӣ кунад.

(Маснавӣ, Мавлоно)

Ғарази вай аз илми мукошафа ҳамон маърифат ба маънои ҳақиқии ваҳй ва нубувват ва малакути осмону замин ва маърифати ҳақиқӣ ба зоти Борӣ ва сифот ва афъол ва ҳикмати вай ва нисбати одамиён бо вай ва ҳақиқати ҷабру ихтиёр аст. Филмасал, дар “Китоби сабру шукр” пас аз тарҳи суоле дар боби шокир ва кофир будани бандагон ва нисбати он бо қазо ва феъли илоҳӣ, тавзеҳоте “ба забони мурғон” медиҳад ва ниҳоятан мегӯяд: “Ба ҳамин миқдор басанда кунем, ки ъинони калом аз қабзаи ихтиёр хориҷ шуд ва илми мукошафа ба илми муомала омехт…” (4/98)

 

Равиши нигориш

Баёни Ғаззолӣ дар “Эҳё” фавқулъода равон ва гирост ва хусусан дар мақоми тахвифу инзор беандоза нофиз ва муассир аст ва хавфу қалақу зуҳд дар он мавҷ мезанад ва аз мубосатат ва ишқ ва унс ва шуҷоат дар он камтар сухан рафтааст ва аз ахлоқи қаҳрамонӣ дар он асаре нест ва ба ҳеч рӯ бӯи тақлиду тазйину тазоҳур намедиҳад ва аз такаллуфу саҷъу шатаҳу лофзанӣ орӣ аст. Ва агарчӣ пур аз нуктасанҷиҳои амиқ ва мӯшикофиҳои ахлоқӣ ва равоншиносонаи ӯст, дар камтар мавриде матлабро ба худ исноду ирҷоъ медиҳад ва дастоварди шахсии худ мешуморад.

Ғаззолӣ дар баёни аҳодис ва ҳикоёт зикри марҷаъ ва манбаъ намекунад ва ҷуз ба нудрат хонандаро ба хондани китоби дигаре ирҷоъ намедиҳад. (Масалан “Қутул-қулуб”-и Абӯтолиби Маккӣ ё “Ҳилятул-авлиё”-и Абӯнаъими Исфаҳонӣ). Аҳли муноқаша ва муҷодала нест ва камтар бо дигарон дармепечад ва бештар ба зикру басти раъйи хеш ҳиммат мегуморад. Ва ба ҳамин сабаб, бар саросари китоби вай оромише сангин соя афкандааст ва хонанда, ки китобро ба поён мебарад, аз сутудани сидқи ӯ ва аз ширкат варзидан дар хавфу зуҳди ӯ наметавонад худдорӣ варзад.

 

Таърихи таълиф

Таълифи ин китоб мусалламан пас аз бурузи дигаргуниҳои руҳӣ (488 қ.) ва қабл аз таълифи “Ал-мунқизу мин аз-залол” (ҳудуди 500 қ.) будааст. Чаро ки муқаддимаи “Эҳёул улум” ба сароҳат ва ҳамаи китоб ба безабонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки Абӯҳомид дастовардҳои муроқабот ва хилватнишиниҳои худро дар кори таълифи ин китоб кардааст. Ва ҳамчунин ирҷоъе, ки дар “Ал-мунқиз” (аз ҷумла с.144) ба “Эҳёу улумуд дин” мешавад, ҷойи шубҳа намегузорад, ки таълифи “Эҳё” дар фосилаи солҳои 488 то 500 қ. воқеъ шудааст. Морис Буиг (Maurice Bouyges) бо эҳтиёт ва тақриб таърихи таълифи онро дар фосилаи солҳои 489 то 495 қ. гумон мезанад (с.42) ва Луи Массинон (Louis Massignon) дар миёни солҳои 492 то 495 қ. (с.93)

 

Ҳадаф

Номи ин китоб ба равшанӣ гувоҳӣ медиҳад, ки таснифи он барои чӣ будааст: барои зинда кардани донишҳои дини. Абӯҳомид бар ин бовар буд, ки фақеҳон ва мутакаллимон ва воизони ҳамрӯзгори вай, на дарди дин доранд ва на дарси дин медиҳанд. Дарди дин надоранд чаро ки “шайтон бар аксари онон чира шудааст ва туғён ононро аз роҳ ба дар бурдааст ва ҳар кас ба ҳаззи оҷили худ хурсанд аст…” (1/2) Ва дарси дин намедиҳанд чаро ки илми дин дар қазо ва ҳукумат ва ҷадалварзӣ ва андарзгӯиҳои мусаҷҷаъ, ки пешаи фақеҳон ва мутакаллимон ва воизон аст, хулоса намешавад ва он чи дар ин миён матрук ва мазлум афтодааст, илми охират ва сираи солеҳони салаф аст, ки Худованд онро фиқҳ ва ҳикмат ва зиё ва нур ва ҳидоят ва рушд хондааст ва паёмбарон барои таълими он омадаанд. (Ҳамонҷо). Бо чунин таҷриба ва ташхисе аст, ки Абӯҳомид ба эҳёи улуми дин ҳиммат мегуморад ва ба навиштани “Эҳёу улумид дин” даст мебарад.

Ғаззолиро дар ин китоб, як орифи олими хоиф мебинем, ки илмаш ӯро аз газофандешиҳо ва шатаҳгӯиҳо ва саҷъпардозиҳои сӯфиёна боздоштааст ва хавфаш ӯро нисбат ба фиқҳу калому ҷадалиёт, ки ҳама аз назари ӯ улуме дунявӣ ва гоҳ шайтонианд, бемеҳр ва беэътино кардааст. Ва ба ҳамин сабаб, ҳар чи дар баёни хафоё ва завоёи одоб ва дақоиқи сунан ва асрори ибодот ва муомалот ва шеваҳои татҳири дил ва илоҷи нафс ва илали пайдоиши хӯйҳои зишт ва офоти ношӣ аз он ва таърифи хӯйҳои некӯ ва равиши таҳсили он гушодадаст аст, дар баёни аҳкоми фиқҳӣ ва масоили каломӣ хиссат меварзад ва гоҳ осонгириро дар умури фиқҳӣ ба ҷойе мерасонад, ки мухолифонаш дар ӯ таън мезананд, ки “Ғаззолӣ фиқҳро ба тасаввуф арзон фурӯхтааст”. (Ибни Ҷавзӣ, Талбис, 353)

 

Рубъи ибодот

“Эҳё” бо “Китоби илм” оғоз мешавад.

 

Ақсоми улум

Орои муҳимми маърифатшиносонаи Ғаззолӣ яъне фиқҳшиносӣ, каломшиносӣ, тақсимбандии улум, баҳс аз ақл ва яқин ва … ҳама дар ин китоб омадааст.

Вай, ибтидо улумро ба воҷиби айнӣ ва воҷиби кифоӣ, сипас воҷиботи кифоиро ба шаръӣ ва ғайришаръӣ ва ғайришаръиҳоро ба маҳмуд ва мазмум ва мубоҳ тақсим мекунад ва он гоҳ улуми шаръиро, ки ҳама маҳмуданд, дар 4 бахш ҷо медиҳад: усул (китоб, суннат, иҷмоъи уммат ва осори саҳоба), муқаддимот (луғат ва наҳв ва…), мутаммимот (илми усул, илми риҷол ва…) ва фурӯъ, ки худ бар ду қисм аст: қисми аввал илме аст, ки ба кори ин ҷаҳон меояд ва он илми фиқҳ аст ва кутуби фиқҳӣ шомили онанд ва фуқаҳо, ки уламои дунё ҳастанд, бад-он мепардозанд. Ва қисми дуввум он аст, ки ба кори охират меояд, ки ё илм ба аҳволи қалб ва хӯйҳои зишту некӯст, ё илм ба таъсироте аст, ки “дил бар андомҳои одамӣ мениҳад”. Қисми аввал муҳликот ва мунҷиёт ва қисми дуввум одот ва ибодотанд. (1/17-18).

Ин тақсимбандӣ аввалан нишон медиҳад, ки маорифи мавҷуд дар “Эҳёул улум” ҷояшон дар табақабандии улум куҷост. Сониян, нисбаташон бо фиқҳ ва калом (ду илми мавриди таҳқири ҳамешагии Абӯҳомид) кадом аст.

 

Дунявӣ будани илми фиқҳ

Ғаззолӣ худ тавзеҳ медиҳад, ки чаро илми фиқҳро илми дунявӣ хондааст. Далелаш он аст, ки аз сӯйе фиқҳ барои фасли хусумот дар миёни зиёдатталабон ва ситамгарон аст ва аз ин рӯ агар мардум қонеъона ва одилона рафтор кунанд, хусумот решакан мешавад ва фуқаҳо бекор мемонанд. (1/17) Ва аз сӯйи дигар, фақеҳ мутакаффили баёни шурути сиҳҳату фасоди зоҳири аъмол аст ва аз ин рӯ тоъоте чун ислом овардан ва намоз гузордан ва закот пардохтан ва муроъоти ҳалолу ҳаром кардан ҳам фақат аз ҳайси зоҳирашон машмули ҳукми фақеҳ мешаванд ва ҳақиқаташон аз дастраси ӯ хориҷ мемонад. (1/18) Аз ин рӯст, ки ислом овардан аз тарси шамшер ва намоз гузордан бидуни хушӯъ ва ҳузури қалб ва ҳилаварзӣ барои фирор аз закот, ҳама мақбули фақеҳон аст ва аз назари фиқҳӣ нақсу ишколе дар онҳо дида намешавад. Албатта илми фиқҳ ҳам илми динӣ ва бал “муҷовири илми тариқи охират” аст (1/18-19), аммо на биззот, бал ба воситаи дунё. Чун дунё мазраъаи охират аст ва чун мулку дин тавъмонанд ва чун ободу ором кардани дунё, тоъат ва муроқабатро барои диндорон муяссар месозад, фиқҳ ҳам метавонад илми динӣ шумурда шавад. (1/18)

 

Робитаи фиқҳ бо тибб

Фиқҳ ва тибб аз ҷиҳоте бо ҳам шабеҳанд: яке абдонро обод мекунад ва дигаре ҷаҳонро, вале фарқи муҳиммашон ин аст, ки одамӣ ҳатто дар ваҳдат ва ғурбат ҳам ба тибб мӯҳтоҷ аст, лекин инсон агар иҷтимоӣ набуд, басо, ки ба фиқҳ ниёзманд намешуд. Фиқҳ аз они мавҷуди иҷтимоӣ ва дар хӯри зиндагии ҷамъӣ аст ва ҳоҷати одамӣ бад-он, аз он ҷиҳат аст, ки мадании биттабъ аст. Ҳамин раъй аст, ки Ғаззолиро вомедорад, то тавзеҳ диҳад, ки алфозе чун фақеҳ ва илм ва тавҳид ва ҳикмат ва зикр инак маъонияшон иваз шуда ва “ағрози фосид” бад-онҳо ҷомае нобаандом пӯшондааст.

Фиқҳ дар асри аввали ислом бар “илми тариқи охират ва маърифати дақоиқи офоти нуфус” итлоқ мешуд ва тавҳид ҳам иборат буд аз дидани ҳузури ҳамаҷонибаи Худованд дар ҳамаҷо ва қатъи илтифот ба асбобу васоит. На ин ки фиқҳро дар тафреъоти лиъон ва талоқ ва ъитқ ва иҷора, ки инзору тахвифе аз онҳо барнамеояд хулоса кунанд, ё мутакаллимонеро, ки ҷуз шубҳаангезӣ ва душманкӯбӣ ва ҷидолу мироъ коре надоранд, аҳли адлу тавҳид бихонанд. (1/32-38)

 

Калом ва фалсафа

Дар ҳамин китоб таклифи калом ва фалсафа ҳам маълум мешавад ва Ғаззолӣ тавзеҳ медиҳад, ки чаро он ду илмро дар ақсоми улум наёварда ва дар некиву бадиашон сухан нагуфтааст. Далелаш он аст, ки бахше аз илми калом, ки судманд аст, дар Қуръон ва ахбор ёфт мешавад ва бахши дигар, ки дар он ду нест, ё муҷодалаи мазмум аст ё мақулоте аст, ки аксараш “турраҳот ва ҳазёнот” аст ё ақволе аст бегона бо дин ва аз ҷинси бидъат, ки имрӯза ба далели ривоҷи шубуҳот, омӯхтанашон воҷиби кифоӣ шудааст.

Ва аммо фалсафа усулан илми мустақил нест ва муштамил бар 4 бахш аст: аввал, ҳисоб ва ҳандаса, ки мубоҳанд. Дуввум, мантиқ, ки дар боби шурути таъриф ва истидлол сухан мегӯяд ва ба ҳақиқат аз илми калом аст. Севвум, илоҳиёт, яъне баҳс аз зоту сифоти Борӣ, ки он ҳам аз илми калом аст ва фалосифа ҷуз ақвол ва мазоҳиби ботиле бар он наяфзудаанд. Чаҳорум, табииёт, ки бархе аз он мухолифи шаръу дини ҳаққ аст ва аз ин рӯ ҷаҳл аст ва илм нест, то дар шумори улум оварда шавад ва бархе дигар аз асл мавриди эҳтиёҷ нест ва чизест шабеҳ ба тибб, бо ин тафовут, ки тибб ба кор меояд ва онҳо ба кор намеоянд. (1/22-23)

Ғаззолӣ дар “Эҳё” ба воқеъ ҳеч фурсатеро аз каф намениҳад, то толиби илми динро аз ғӯтавар шудан дар илми калом барҳазар дорад ва ба ӯ биёмӯзад, ки дарси яқину тақворо аз калом наметавон гирифт ва чунин нест, ки ҳар ки мутакаллимтар бошад, имони ӯ ҳам нерӯмандтар хоҳад буд. “Магар кӯфтани теша бар решаи дарахт, онро муҳкамтар хоҳад кард?” (1/94) Тафовути мутакаллим бо оммиён фақат дар ин аст, ки ӯ дар фанни муҷодала забардасттар аст. Калом “доруе хатарнок” аст ва фосидест барои дафъи фосиди дигар ва ҷуз ҳиросати имони авом аз роҳзании бидъатгузорон, ҳунари дигаре надорад ва аз ин рӯ аз ин илм интизори кашфи ҳақиқат набояд дошт, ки вайронгариаш аз обод карданаш фузунтар аст ва мабодо, ки зеҳни навҷавонон ва роҳҷӯёнро дар ибтидои сулуки тариқи ҳидоят бо ақовили мутакаллимон биоконанд (пур кунанд), ки имонашонро мушавваш хоҳад кард.

 

Китоби “Қавоид-ул-ақоид”

Барои доштани “эътиқодоти ҳаққа” ҳамин қадр кофӣ аст, ки фасли аввали “Қавоъидул-ақоид” (пояҳои ақоид)-ро (ки китоби дуввум аз ҷилди аввали “Эҳёул улум” аст) бихонанд ва ақоиди “ҳаққа”-и аҳли суннат дар боби ҳаёт ва қудрат ва илм ва ирода ва самъ ва басар ва калом ва феъли Борӣ ва нубувват ва ҳашр ва мизон ва биҳишт ва ҷаҳаннамро аз он биёмӯзанд. Ва агар дар шаҳре ҳастанд, ки бидъат ривоҷ дорад, китоби истидлолии “Ар-рисолатул-қудсия”-ро (ки дар фасли севвуми “Қавоъидул-ақоид” (пояҳои ақоид) гунҷонда шудааст ва аз осори даврони иқомати Ғаззолӣ дар Қудс аст) дар мутолеа гиранд. Ва агар аз он ҳам бештар металабанд, онро дар китоби “Ал-иқтисоду фил-эътиқод” биҷӯянд, ки густурдатар ва истидлолитар ва ба андозаи 50 варақ аст. Ва агар ин миқдор ҳам кифоят накард, омӯзгор бояд бидонад, ки беморе музмин шудааст ва бояд бо шогирди хеш ба нармӣ ва лутф рафтор кунад ва мунтазири қазои илоҳӣ биншинад, магар Худованд роҳҳои худро ба он саргаштаи водии маърифат нишон диҳад. (1/98)

 

Тавҳид ва адли илоҳӣ

Ғаззолиро дар “Қавоъидул-ақоид” (пояҳои ақоид), як мусалмони суннии ашъарии комилаёр мебинем; қоил ба каломи азалӣ ва қадим ва қоим ба зоти Худованд ва қоил ба изофаи сифот бар зот ва диданӣ будани Худованд дар қиёмат, муқоисанопазир будани адли ӯ бо адли бандагон. Чаро ки банда метавонад бо тасарруф дар мулки ғайр зулм кунад, аммо зулм аз Худованд мутасаввар нест. Чун ғайри Худовандро мулке нест, то тасарруфи Худованд дар он мӯҷиби зулм бошад. (1/91) Ва мӯътақид ба нубуввати Паёмбари ислом (с) ва мансух будани шариатҳои собиқ ва қоил ба афзалияти халафои Паёмбар ба тартиби хилофаташон: “Афзали мардум пас аз Паёмбар (с) Абӯбакр аст, сипас Умар, сипас Усмон, сипас Алӣ разияллоҳу анҳум” (1/93)

Вай дар “Ар-рисолатул-қудсия” масъалаи хилофат пас аз Паёмбар (с)-ро басти бештар медиҳад ва мансус будани касе аз саҳобаро бар хилофат мардуд мешуморад ва мегӯяд: “Дар ин сурат харқи иҷмоъ мешавад ва ҳамаи саҳобаи Паёмбар ба мухолифат бо Расулуллоҳ (с) мансуб мешаванд ва ин сухане аст, ки ҷуз равофиз (рофизиҳо) ҷуръати ихтироъи онро надоранд ва эътиқоди аҳли суннат бар таъдил ва тазкияи ҷамиъи саҳобиён аст.” (1/115) Ин танҳо мавриде нест, ки Ғаззолӣ бо “равофиз” муқобалае талх кардааст. Аз ин талхтарро дар китоби “Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар” дар боби шурути муҳтасиб овардааст. Мегӯяд: изни Имом дар ҳасба шарт нест “ва аҷиб ин аст, ки равофиз бар ин шарт, шарти дигаре ҳам афзудаанд ва он ин ки то имоми маъсум, ки ҳамон имоми ҳаққ аз назари онон аст хуруҷ накунад, амр ба маъруф ҷоиз нест. Инон пасттар аз онанд, ки бо онон сухан гуфта шавад.” (2/315) Ва агар наҳйи Ғаззолӣ аз лаъни Язидро низ бар ин таъбирот биафзоем (3/125), маълум хоҳад шуд, ки чаро Ғаззолӣ ҳеч гоҳ дар миёни шиъаён чунон мақбул наафтода аст, ки Мавлавӣ ва Ибни Арабӣ.

Ғаззолӣ дар китобҳои асрори таҳорат ва асрори салот ва асрори закот ва асрори савм ва асрори ҳаҷ, ба баёни аҳкоми фиқҳӣ ва зоҳирии ин аъмол мепардозад, аммо на дар ҳадде, ки муфтиёнро хурсанд созад, бал ба андозае, ки “муридон”-ро ба кор ояд. (1/146) Ва аз он бештар ба асрори ботинӣ ва маъонии ниҳонии онҳо рӯй мекунад, ки кутуби фиқҳӣ одатан аз онҳо тиҳӣ аст. Осонгирии Ғаззолӣ дар аҳкоми зоҳирӣ ва муъаттал намондан дар онҳо ва муқаддима донистани онҳоро дар “Китоби асрори таҳорат” ба вузуҳ метавон дид.

 

Китоби асрори таҳорат

Вай дар таҳорат 4 мартиба мебинад: мартибаи аввал, татҳири бадан аз наҷосот. Мартибаи дуввум, татҳири андомҳо аз гуноҳон. Мартибаи севвум, татҳири дил аз хӯйҳои нопок. Мартибаи чаҳорум, татҳири сирр (дарун) аз мосиваллоҳ (ғайри Худо), ки таҳорати паёмбарон ва сиддиқон аст. Ва дар ҳар як аз ин маротиб, таҳорат ниме аз амал аст.

Вай он гоҳ ба баёни аҳволи “кӯрдилон”-е мепардозад, ки аз таҳорат ҷуз мартибаи нахустро намефаҳманд ва ҳамаи умри худро дар шустани ҷома ва талаби обҳои ҷорӣ ва васвос дар амри таҳорат мегузаронанд. Ва чун аз тафаққуди аҳволи қалб оҷизанд ва ба сира ва сунани мусалмонони нахустин ҷоҳиланд, кори худро матлуби шореъ ва муқтазои шаръ мепиндоранд ва намедонанд, ки “Умар разияллоҳу анҳу бо ҳамаи мақоми волое, ки дошт, аз кӯзаи зане насронӣ вузӯ гирифт ва ҳатто мусалмонони нахустин дасташонро аз чарбӣ ва ғизо намешустанд, балки ангуштони худро бо кафи поҳошон пок мекарданд ва ушнон (1)-ро аз бидъатҳо мешумурданд ва дар масоҷид ва замини бефарш намоз мехонданд ва дар кӯчаҳо побараҳна роҳ мерафтанд… Ва дар истинҷо ба санг иктифо мекарданд…” (1/125-127) Бале он гуна васвосҳо ва диққатварзиҳо барои “баттолин” некӯст, чаро ки агар вақти худро сарфи он накунанд, ба корҳои ботил ва носавоб хоҳанд пардохт, аммо аҳли илм ва амалро шоиста нест, ки вақти худро, ҷуз ба қадри ҳоҷат, масруфи он кунанд. (1/127) Ва аз ин рӯ агар шахси олиме бибинад, ки шахсе оммӣ ҳозир аст, ки ҷомаи ӯро аз сари эҳтиёт ғусл диҳад, беҳтар аст он корро ба ӯ бисупорад, то ҳам ӯ ба кори хайре машғул шавад ва нафси амморааш ӯро ба бадӣ фармон надиҳад ва ҳам олим ба коре ашраф ва афзал бирасад “ва бо ин масал, бояд назоири онро ҳам фаҳмид ва донист, ки амалеро бар амали дигар чӣ гуна бояд бартарӣ ниҳод”. (1/127-128)

Поёни бахши аввал

Идома дорад…

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эҳтимоли сафари расмии Башшор Асад ба Туркия
Масъуди Пизишкиён кист?

Матолиби пурбоздид