Эҳёу улумид дин – II

Таърих

Эҳёу улумид дин – II

Муаррифии китоб

Ба қалами Абдулкарими Суруш

Бахши дуввум

Китоби салот

Аммо умури ниҳонӣ (маъонии ботинӣ), ки ҳаёти намоз дар гарави онҳост, 6 аст: ҳузури қалб, тафаҳҳум, таъзим, ҳайбат, раҷо ва ҳаё. Сухани Ғаззолӣ дар боби ҳузури қалб шуниданӣ аст. Вай бо тамҳиди муқаддимоте, чунин натиҷа мегирад, ки ба рағми фатвои фуқаҳо, “ғафлат бо сиҳҳати намоз мунофот дорад” ва агар фуқаҳо намози бидуни ҳузури қалбро саҳеҳ ва муҷзӣ (кофӣ) шумурдаанд, ҳам аз зарурати ифто (фатво додан) аст ва ҳам ба сабаби он аст, ки қусури (кӯтоҳии) халқ гоҳ монеъ аз он мешавад, ки ҳамаи асрори шаръ баён шавад. (1/161)

 

Китоби рӯза

Рӯза ҳам 3 дараҷа дорад: рӯзаи умум ва рӯзаи хусус ва рӯзаи хусуси хусус. Аввалӣ домону шикамро аз муфтирот боздоштан аст. Дуввумӣ гӯшу чашму дасту забонро ба гуноҳ наёлудан аст ва севвумӣ боздоштани дил аст аз андешаҳои паст ва дунёӣ ва ба таври куллӣ мосиваллоҳ (ғайри Худо) (1/234)

 

Китоби асрори ҳаҷ

Аммо ҳаҷ фаризае аст, ки дар он бандагӣ ва таслим ба ниҳояти дараҷа мерасад, чаро ки одамиро водор ба аъмоле мекунад, ки на нафс аз он лаззат мебарад ва на табъ бо он унс мегирад ва на ақл ба дарки маънояш комёб мегардад. Ва аз ин рӯ, дар гузордани онҳо, ҷуз имтисол (сар фуруд овардан)-и маҳз ва итоати обидона ва мухлисонаи сирф, ангезае дигар вуҷуд надорад.

Нафйи ақлонӣ будани аъмоли ҳаҷ, дар ин китоб мавриди таъкиди балиғи Ғаззолӣ аст. Ва гӯӣ дар исрор бар он, радду такзиби орои таълимиён ва ботиниёнро дар назар медоштааст, ки аъмоли ҳаҷро (осонтар аз дигар ибодот) рамзӣ ва тамсилӣ мешумурдаанд ва барои ҳар як, маъноҳое ғариб ба даст медодаанд. Вай ҳатто сангреза задан ба Ҷамаротро гарчӣ санг задан ба рӯйи шайтон меангорад, аммо мегӯяд: “Ба хок молидани димоғи шайтон, аз ин роҳ аст, ки фармони Худовандро бидуни ин ки ақлу нафс лаззате аз он бибаранд, бабарӣ.” (1/266)

Сирри ҳаҷ ва мақсуди вопасини он аз назари Ғаззолӣ гӯӣ ин аст, ки халқи касире аз саросари ҷаҳон дар як ҷо ва як вақт гирд оянд ва бо илм ба ин ки абдолу автоду солеҳон ҳам дар миёнашон ҳастанд, аз Худо хостори раҳмату ризвону мағфират шаванд, чун таъсири ҳеч чиз дар ҷалби раҳмати Борӣ ҳамчун “иҷтимои ҳимматҳо ва таъовуни қалбҳо” нест. (1/270)

 

Китоби одоби тиловати Қуръон

Дар “Китоби одоби тиловати Қуръон” хушнависии Қуръон ва нуқтагузорӣ ва ниҳодани аломоти сурху сиёҳу ғайра бар ҳуруфу калимот, мавриди таъйиду таҳсини Ғаззолӣ қарор мегирад ва онро мӯҷиби пешгирӣ аз ғалат хондан медонад ва мегӯяд: агар ҳам бидъат аст, бидъате аст некӯ. (1/276)

Вай тафсир ба раъйро ҳам равшан мекунад ва мегӯяд: одамӣ аз пеши худ ё раъйи ботил дорад ё саҳеҳ. Ва дар ҳар ду сурат, саҳеҳ нест, ки маънои оятро чунон бигардонад, ки мувофиқ ё муайиди (таъйидкунандаи) раъйи ӯ афтад. Ҳамчунин аст кори касе, ки бидуни истифода аз нақл ва самоъ, бо сармояе андак аз арабият ва бехабар аз ғароиби Қуръон ва алфози мубҳаму мубдал ва ихтисору ҳазфу измор ва тақдиму таъхир, ба тафсири Қуръон даст мекушояд. (1/290-291)

Бо ин ҳама, илм ба зоҳири тафсир дигар аст ва илм ба асрор ва ҳақоиқи маъонии Қуръон дигар. Филмасал, зоҳири маънои ояти:

وَمَا رَمَيْتَ إِذْ رَمَيْتَ وَلَكِنَّ اللَّهَ رَمَى

(“Чун ту тир (ё хок) афкандӣ, на ту, балки Худо афканд…” (Анфол/17)) содда аст, аммо ботине ғомиз дорад, чаро ки мутазаммини таноқузе аст: ҳам исботи рамй аст, ҳам нафйи он ва ғумузи он чандон аст, ки “агар ҳамаи умрро дар кашфи асрори ин маъно ва муқаддамот ва лавоҳиқаш сарф кунанд, умр ба поён мерасад, аммо он маъно ба поён намерасад. Ва ҳеч калимае дар Қуръон нест, ки чунин набошад.” (1/293)

 

Китоби зикрҳо ва дуоҳо

Тавзеҳи муҳимме, ки Ғаззолӣ дар “Китобул-азкори вад-даъавот” (Китоби зикрҳо ва дуоҳо) пас аз зикри одоби дуо ва адъияи (дуоҳои) лозим барои мурид меоварад ин аст, ки дуо худ аз қазост ва мунофоте бо он надорад. “Он ки хайрро муқаддар карда, онро ба сабабе манут кардааст ва он ки шарро муқаддар карда, барои дафъи шарр ҳам сабабе муқаддар кардааст ва аз ин рӯ он кас, ки чашмаш гушудааст, миёни дуо ва қазо мунофоте намебинад.” (1/328-329) Ба илова, дуо мӯҷиби ёд кардани Худост ва ин бартарин ибодат аст ва ба ҳамин далел, фақр ва ҳоҷат, ки одамиро ба ёди Худованд меафкананд, матлубанд ва боз ба ҳамин сабаб аст, ки анбиё ва авлиё беш аз дигарон гирифтори масоиб мешаванд.

 

Тартиби вирдҳо ва тафсили шабзиндадорӣ

Охирин китоби рубъи ибодот ва даҳумин китоб аз кутуби чиҳилгонаи “Эҳёу улумуд дин” “Тартибул-аврод ва тафсилу эҳёил-лайл” (Тартиби вирдҳо ва тафсили шабзиндадорӣ) аст.

Дар ин китоб кайфияти тақсими вақти шабу рӯз ва аъмоли некӯ ва маҳбуби ҳар як аз он авқот баён шудааст.

Вай ибтидо авроди (вирдҳои) рӯзро бар 7 вирд ва авроди шабро бар 5 вирд бахш мекунад ва барои ҳар вақте вирдеро баён менамояд: миёни тулӯъи субҳ ва тулӯъи қурси хуршед як вирд аст ва миёни тулӯъи хуршед то завол (зуҳр) ду вирд ва аз завол то аср ду вирд ва аз аср то мағриб ҳам ду вирд.

Ҳамчунин аст авроди шаб, масалан кор кардан дар рӯз ва хобидан дар шаб, худ ҷузъи аврод аст, ки бояд дар вақти хеш воқеъ шавад.

Он гоҳ пас аз шарҳи мабсути авроди ҳар як аз авқот, фаслеро мекушояд ва дар он тавзеҳ медиҳад, ки аврод бар ҳасби аҳвол фарқ мекунанд ва ҳар кас бояд вирди муносиби ҳоли хешро баҷо оварад ва муқаллиди аҳволу авроди дигарон набошад.

Ба ин манзур, соликони тариқи охиратро бар 6 даста тақсим мекунад: обид, олим, мутаъаллим, волӣ, пешавар ва муваҳҳиди мустағриқ дар Худо.

Он гоҳ дар мақоми баёни авроди шахси олим мегӯяд, ки “тартиби авроди ӯ бо авроди обид фарқ мекунад, чун ӯ мӯҳтоҷи мутолеа ва таснифу тадрис аст”.

Сипас шеваи шоистаи кор кардани олимро ба даст медиҳад: хуб аст, ки шахси олим баъд аз субҳ то тулӯъи хуршед ба азкор ва авроди ёдшуда барои вирди аввал машғул бошад. Ва аз тулӯъ то миёни рӯзро ба тадрису таълими касоне бипардозад, ки илмро барои охират меомӯзанд. Ва агар чунин шогирдоне надорад, ба тафаккур ва ҳалли мушкилоти улуми динӣ иштиғол варзад, чун пас аз фароғ аз зикр ва қабл аз пардохтан ба корҳои дунявӣ, дил барои ҳалли мушкилот омодатар ва софитар аст.

Аз миёни рӯз то асрро ба мутолеа ва тасниф машғул шавад ва ҷуз барои ғизо ва таҳорат ва намози воҷиб ва қайлулаи кӯтоҳе — дар сурати баланд будани рӯз — онро тарк накунад.

Ва аз аср то зардии хуршед, ба самоъи тафсир ё ҳадис ё илми нофеъ, ки дар ҳузури ӯ хонда мешавад, бипардозад ва аз зардии хуршед то ғуруб, ба зикр ва истиғфор ва тасбеҳ машғул шавад.

Аммо шаб, беҳтарин тақсимро барои он, Шофеӣ ба даст додааст, ки як севвуми аввалро ба мутолеа ва як севвуми дуввумро ба намоз ва як севвуми севвумро ба хоб тахсис додааст. Ин албатта дар шабҳои замистонӣ муяссар аст, вале дар шабҳои тобистон чунин наметавон кард, магар ин ки одамӣ дар тӯли рӯз хобида бошад. (1/349)

Ғаззолӣ барои пешавар ҳам лозим намебинад, ки ҳамаи авқоташро дар ибодот сарф кунад ва “аёлро зойеъ бигузорад”, балки агар касб мудом кунад, вале даромадҳои фузунтар аз ҳоҷати хешро садақа диҳад, кори некӯтар кардааст, чаро ки “ибодоти мутаъаддӣ аз ибодоти лозим, нофеътаранд”.

Ҳамчунинанд волӣ ва имом ва қозӣ, ки бояд вақти худро дар рӯз сарфи рафъи ҳоҷоти мусалмонон кунанд ва ҷуз ба ибодоти воҷиб напардозанд ва дар шаб, ба авроди ёдшуда қиём кунанд.

Дар маҷмӯъ, Ғаззолӣ ду амрро бар ибодоти баданӣ тақаддум мебахшад: яке, илм ва дигаре, хидмат ба мусалмонон.

Ва муроди ӯ аз илм, албатта илме аст, ки рағбат дар охират ва зуҳд дар дунёро афзунтар кунад, на ҳар таълиму таъаллуме. (1/349-350)

 

Рубъи одот

Китоби одоби акл (хӯрдан)

Рубъи одот бо “Китоби одоби акл” оғоз мешавад. Нуктасанҷиҳои зоҳидона ва орифонаи Ғаззолӣ дар ин китоб ҳамчунон хонданӣ ва донистанӣ аст.

Мегӯяд: хуб аст ғизоро бар замин ва ё бар суфра ниҳода бар замин бигузоранд, чаро ки “суфра одамиро ба ёди сафар меандозад ва сафар ҳам сафари охират ва ҳоҷати одамӣ ба тӯшаи тақворо ба ёд меоварад”. (2/3)

Ҳангоми ғизо хӯрдани дастаҷамъӣ сокит ва бесадо ғизо хӯрдан шоиста нест, “чаро ки ин, шеваи аҷам аст. Ва ба ҷойи он беҳтар аст, ки суханони некӯ ва ҳикоёти солеҳон дар боби ғизо ва ғайри онро баён кунанд”. (2/7)

 

Китоби никоҳ

Назари Ғаззолиро дар боби занон ва ҳадду манзилати иҷтимоӣ ва хонаводагиашон, дар китоби “Одоби никоҳ” метавон ёфт, он ҷо, ки ибтидо “қавли шофӣ” дар боби никоҳро ин медонад, ки “никоҳ навъе аз бардагӣ аст”. (2/56) Ва пас аз тавзеҳоти машруҳ, қавли ҷомеъ ва мухтасар дар боби “адаби зан будан”-ро меоварад (ва аз ҷумла мегӯяд): дар ғайбати шавҳараш асрор ва обрӯ ва амволи ӯро ҳифз кунад ва дар ҳама ҳол хоҳони хушнудии шавҳар бошад ва ба ӯ хиёнат накунад ва бе изни ӯ аз хона берун наравад… Ҳамвора покиза ва омодаи баҳрагирии шавҳар бошад; бар фарзандони вай мушфиқ ва розпӯш бошад, ба носазо гуфтан ба авлод ё ҷавоб додан ба шавҳар даҳон нагушояд. (2/59)

 

Китоби ҳалолу ҳаром

Ду китоби “ҳалолу ҳаром” ва “амр ба маъруф ва наҳй аз мункар”, сиёситарин ва иҷтимоитарин ва фиқҳитарини китобҳои “Эҳёу улумуд дин” аст. Ғаззолӣ дар ин ду китоб, фақеҳона ва зоҳидона даст ба ифто ва ибрози раъй зада ва аз баёни масоили хурди фиқҳӣ ва тафсили матолиби лозими сиёсӣ ва иҷтимоӣ дареғ накардааст.

Тасарруф дар амволи мавҷуд дар ҷомеа ва ҷаҳонро — ки ҳалолу ҳаромаш ба ҳам омехтааст — ҳатто дар сурати ғалабаи ҳаром, ҷоиз медонад, балки меафзояд, ки “ҳатто агар ҳаром оламро пур кунад ва ба яқин маълум шавад, ки ҳалоле дар ҷаҳон намондааст, хоҳам гуфт, ки тамҳиди шурутро аз сар мегирем ва аз гузашта дармегузарем ва мегӯем, ҳар чи аз ҳадди худ бигузарад, ба зидди худ бадал мешавад ва аз ин рӯ вақте ҳама чиз ҳаром шавад, ҳама чиз ҳалол хоҳад шуд”. (2/107)

Он гоҳ дар мақоми бурҳон, амали мардумро дар чунон ҳоле бар 5 қисм мунқасим мекунад: 1) ё гурусна бимонанд, то бимиранд; 2) ё садди рамақ кунанд, то маргашон даррасад; 3) ё бидуни касби ризои соҳибон, ба тариқи ғасбу сирқат ба андозаи ҳоҷати худ аз амволи мавҷуд баргиранд; 4) ё бидуни иктифо ба қадри ҳоҷат, қоъидаҳои шаръро муръо доранд (риоят кунанд) ва дар касби маош бикӯшанд; 5) ё бо риояти қоъидаҳои шаръ, ба қадри ҳоҷат иктифо кунанд.

Ва сипас мартибаи панҷумро вараъ (тақво) ва мартибаи чаҳорумро муқтазои маслиҳати ҷомеа ва мунтабиқ бар мазоқи шаръ мешуморад ва мегӯяд, ки агар паёмбаре ҳам дар ҳамин замон мабъус шавад, бояд ҳамин корро бикунад ва биноро бар он бигузорад, ки гӯӣ ҳамаи амвол ҳалол аст. (2/107-108) Аммо мартибаи панҷумро наметавон аз ҳама хост, чун душвор аст.

Ба илова, танҳо роҳ он аст, ки султон амволи фузун аз ҳоҷати моликонро бигирад ва ба аҳли ҳоҷат бидиҳад ва худ хазонадор шавад ва рӯзона ва солона ба ҳар кас ба қадри ҳоҷаташ ато кунад ва ин “ҳам таклифе аст ношуданӣ ва ҳам мӯҷиби тазйеъи аъмол мешавад, чун аввалан, султон қодир бар чунон коре нест. Ва сониян, меваҳо ва гӯштҳо ва ғаллоти фузун аз ҳоҷатро бояд ё ба дарё афкананд ё вониҳанд, то бигандад… Ба илова, ин кор мӯҷиби суқути ҳаҷ ва закот ва каффороти молӣ ва ҷамиъи ибодоте мешавад, ки марбут ба ғино ҳастанд…” (2/108)

Бад-ин тартиб, Ғаззолӣ чунин тарҳеро номумкин ва номашрӯъ мешуморад ва фақеҳона фатво ба бутлони он медиҳад. Аз ин гузашта, чунон вараъ варзиданҳо монеъи ободонии ҷаҳон ва мӯҷиби парешонии аҳволи мулк мешавад ва аз ин рӯ беҳтар ҳамон аст, ки аҳли дунё ба дунё машғул бошанд, то дин (ки мулки охират аст) барои аҳли дин солим бимонд. Чунон ки пешаварон ба пешаҳои паст машғуланд, то мулку салтанат барои салотин бимонад ва шерозаи умур нагсалад. (2/109)

Ин ҳамон назарияи “ғафлат”-и дароздомани Ғаззолӣ аст, ки чандин ҷо дар “Эҳёул улум” аз он ёд кардааст ва огоҳонро фаро хондааст, ки аз дунёталабии дунёталабон андӯҳгин нашаванд ва толиби он набошанд, ки ҳамагон зоҳидона ва порсоёна сулуки роҳи охират кунанд, ки дар он сурат дунё ва сиёсат ва ҳукумат боқӣ нахоҳад монд. Ин ҷаҳон, ба ғафлати аҳлаш қоим аст ва Худованд дини худро ба дасти ақвоме, ки худ насибе намебаранд, тақвият хоҳад кард. (3/326)

Он гоҳ бо истишҳод ба ояти 32 сураи Зухруф мегӯяд: ин қисмате аст, ки дар машиати азалии илоҳӣ гузаштааст. (2/109)

Баҳси муҳимми баъдии Ғаззолӣ дар ин китоб, дар бораи ҳурмат ва ҳиллияти “идророт”-и салотин ва ҷоизаҳо ва силаҳои онон аст.

Вай гирифтани ҳаққи худро аз салотин ҳатто аз салотини золим, ҷоиз мешуморад, (2/140) яъне олиме ё фақеҳе ё табибе, ки даромаде аз роҳи дигар надоранд ва мутаваллии умуре ҳастанд, ки маслиҳати мусалмонон дар он аст, ҳақ доранд, ки аз амволи ҳалоле, ки султон дорад, касби маош кунанд. Ва ин амволи ҳалол иборатанд аз ғанимат ва файъ ва ҷизя ва амволи мусолаҳа, ки аз куффор ба даст меоянд ва маворис ва амволи маҷҳулулмолик ва авқофи бе мутаваллии мусалмонон. (2/135) Ҷуз инҳо, ҳар молиёт ва ришвае, ки ахз шавад ва ҳар мусодарае, ки сурат гирад, ҳаром аст.

Золим будани султон, ба ҳалол будани он ҳақ латмае намезанад, ба шарти ин ки соҳиби ҳақ бидонад, ки аз бахши ҳалоли моли султон ба ӯ медиҳанд. Вале дар замони мо “ҳама ё аксари амволи салотин ҳароманд” ва тоза онро фақат ба касоне медиҳанд, ки дар маҷолисашон бираванд ва маддоҳиашон кунанд ё дар хидматашон дароянд ва таъйидашон кунанд ё зиштиҳо ва мазолимашонро бипӯшонанд ва аз ин рӯ “ҳатто гирифтани моли ҳалолашон ҳам дар ин замон, ба далели он ки бад-он паёмадҳо мунтаҳӣ мешавад, ҷоиз нест, чӣ расад ба амволи машкук ё ҳаромашон”. (2/139)

Бо ин ҳама, султони золими ҷоҳил ҳам султон аст ва агар “шавкат” бо вай мусоидат кунад ва халъаш душвор бошад ва иваз карданаш фитнаҳо аз пай биёварад, итоаташ воҷиб аст ва “ба назари мо, хилофат дар ин замон барои хонаводаи Банӣ Аббос, ки мутакаффили онанд, мунъақид аст ва салотини сарзаминҳои мухталиф ва байъаткунандагон бо халифа, вилояташон нофиз аст… Ва аслан вилоят дар замони мо тобеъи шавкат аст ва ҳар кас, ки соҳибони шавкат бо вай байъат кунанд, ӯ халифа аст…” (2/141)

Ғаззолӣ дар боби баъд, ба тафсил аз мавориди омезиш ва муошарати ҳалолу ҳаром бо салотин сухан мегӯяд ва хурдакориҳои вараъ варзидан дар он маворидро нишон медиҳад. Филмасал, дуо кардан барои султони ҷоир ҷоиз нест, магар ин ки бигӯянд, аслаҳакаллоҳ ё ваффақакаллоҳ лилхайрот. Вале тӯли умри ӯро ба наҳви мутлақ хостан ба ҳеч рӯ раво нест. Ҳамчунин аст назди салотин рафтан, магар ба ду узр: ё одамӣ чунон маҷбур шавад, ки бидонад дар асари нофармонӣ озораш хоҳанд кард ё он ки бихоҳад тазаллум ё амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунад. Ва тоза ин ҳам воҷиб нест ва фақат ба шарте равост, ки дурӯғ нагӯяд ва санохонӣ накунад ва насиҳатеро, ки эҳтимоли қабул ва таъсираш меравад, фурӯ нагузорад. (2/144-145)

 

Китоби амр ба маъруф ва наҳй аз мункар

Дар “Китоби амр ба маъруф ва наҳй аз мункар” сухани Ғаззолӣ дар боби амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳокимон ва ҷавоз ё адами ҷавози он ва наҳваи матлуб ва мазмуми он ва ба хусус ҷавози даст бурдан ба силоҳ ё лузуми изн гирифтан аз волӣ дар наҳй аз мункар, мустақиман ба баҳс аз матолибе мекашад, ки имрӯза таҳти унвони озодӣ ва муборизаи сиёсӣ ва амсоли он дар фалсафаи сиёсат мавриди баҳс қарор мегирад.

Ҳамчунин аст баҳси мабсути Ғаззолӣ аз аркон ва шурути амр ба маъруф, ки шомили баҳс аз ҳисба (3) ва одоб ва шурути он мешавад. Низ тафсили Ғаззолӣ дар боби аснофи мункарот ва қабоеҳ ва корҳои номашрӯъ, ки дар масоҷид ва бозор ва кӯча ва ҳаммом ва маҷолиси зиёфат рӯй медиҳад ва вазоифи муҳтасибон (3) ва оҳоди мардум дар қиболи онҳо парда аз чеҳраи шаҳрҳо ва наҳваи ҳаёти ҷамъӣ дар он даврон бармедорад ва тезбиниҳои солики гӯшагузидае чун Ғаззолиро ба некӣ ошкор мекунад.

 

Китоби узлат (гӯшанишинӣ)

Раъйи ниҳоии Ғаззолӣ дар “Китоби одоби узлат””, дар боби омезиш бо мардум ва гӯшагирӣ аз онон ва бартарии яке бар дигаре, ҳамон “Фасл ул-хитоб”-и Шофеӣ аст, ки гуфт: “Инқибоз аз мардум мӯҷиби душманиашон мешавад ва инбисот бо онон, дӯстони ноаҳл фароҳам меоварад. Аз ин рӯ на мунқабиз бош, на мунбасит ва эътидоли миёни мухолатат ва узлатро риоят кун”. (2/242)

 

Китоби одоби самоъ ва ваҷд

“Китоби одоби самоъ ва ваҷд”, ки ҳаштумин китоб аз рубъи одот аст, шомили орои фиқҳӣ ва ирфонии Ғаззолӣ дар боби самоъ ва ваҷд ва рақс аст, ки ба таъбири Ғаззолӣ, аввал самоъ меояд ва ба табаъи он ваҷд, ки ҳолате аст қалбӣ ва ба табаъи он ҳаракоти мавзун (рақс) ва ғайри мавзун (изтироб) меоянд. (2/268)

Ғаззолӣ пас аз муноқашаи тӯлонӣ бо мухолифон ва нақзи далелҳои фиқҳии онон, саранҷом фатво ба ҳиллияти самоъ ва шунидани овоҳои тарабангези мусиқиёӣ медиҳад ва нафси лаззат бурдан аз олоти мусиқӣ ва овои занонро ҳаром намешуморад. (2/278) Ва танҳо олотеро аз ин ҳукм хориҷ мекунад, ки шаробхорон дар маҷолиси майгусорӣ, одатан ва ғолибан онҳоро ба кор мебаранд ва аз ин рӯ ба кор бурданашон мӯҷиби тарғиб дар майгусорӣ мешавад. (2/279)

Ӯ аслро ин медонад, ки “ҳама тайибот ҳалоланд, магар он ки ҳалол карданашон фасодеро мӯҷиб шавад”. (2/273) Дар ҷавоби касоне, ки самоъ ва тарабро лаҳву лаъб ва ҳаром мешуморанд, мегӯяд: бале чунин аст, аммо магар ҳамаи дунё лаҳву лаъб нест? Ва аз ин болотар, лаҳв дар ҷоҳое лозим аст, чаро ки “истироҳат ва кор накардан одамиро бар кор кардан мадад мерасонад ва лаҳв ба ҷадд (кӯшиш) кӯмак мекунад ва ҷуз нуфуси анбиё (а) ҳеч кас тоқати ҷадди холис ва ҳаққи талхро надорад ва аз ин рӯ лаҳв доруи малолат аст ва бояд мубоҳ бошад, аммо ҳамчун дору дар масрафи он зиёдаравӣ набояд кард”. (2/287)

Раъйи ниҳоии Ғаззолӣ дар боби самоъро қавли Абӯсулаймони Доронӣ муайян мекунад, ки гуфт: “Самоъ бар дил чизеро намеафзояд, балки он чиро дар он аст, мешӯронад”. (2/275) Ва аз ин рӯ, дар поёни китоб, самоъро ба 4 қисм мунқасим мекунад: ҳаром, мубоҳ, макрӯҳ ва мустаҳаб.

Самоъи ҳаром аз они ҷавонон ва ҳамаи касоне аст, ки шаҳвати дунё бар дилашон чира аст ва аз ин рӯ аз самоъ, ҷуз шӯридани шаҳват насибе намебаранд. Самоъи макрӯҳ аз они касоне аст, ки бештар онро бар сабили лаҳв ба кор мегиранд. Ва самоъи мубоҳ барои касе аст, ки танҳо аз овои хуши он баҳра мебарад. Ва самоъи мустаҳаб аз они касе аст, ки дӯстии Худо дар дилаш мавҷ мезанад ва самоъ ин дӯстиро ба ҷӯш меоварад. (2/306)

 

Рубъи муҳликот

Рубъи муҳликот ҳовии уммаҳоти назариёти Ғаззолӣ дар боби илми ахлоқ ва муҷоҳада бо нафс ва тазкияи қалб ва дармони разоил аст ва аз мӯшикофиҳои равоншиносона ва тахвифҳои порсоёна моломол аст ва чунонки худ мегӯяд: “Ғомизтарин анвоъи улуми муомала, илм ба худъаҳои нафс ва макойиди шайтон аст ва донистанаш бар ҳамаи мардум фаризаи айнӣ аст.” (3/30)

Ин рубъ мутазаммини ҳамин гуна донишҳост.

Порае аз ишороти пароканда дар ин рубъ, ҳикоят аз он мекунад, ки Ғаззолӣ онро ё дастикам пораҳои муҳимме аз онро баъд аз таснифи рубъи мунҷиёт навиштааст, гарчӣ дар тадвини ниҳоӣ қабл аз он қарор гирифтааст. (Барои мисол: 3/284)

 

Китоби риёзати нафс

Дар “Китоби риёзати нафс”, Ғаззолӣ ба кӯтоҳӣ назарияи ахлоқии худро дар боби маънои ростини ҳусни хулқ ва сипас шеваи тафсилии таҳзиби ахлоқ ва наҳваи дурусти тарбият ва таъдиби атфол ва он гоҳ шеваҳо ва муқаддамоти вуруд дар сулуки ботинӣ ва иродатварзиро ба даст медиҳад.

Назарияи ахлоқии вай тафовути чандоне бо мавориси юнониён дар ин боб надорад, гарчӣ дар мабоҳиси баъдӣ худ бад-онҳо пойбандии чандоне нишон намедиҳад: хулқ иборат аст аз ҳайъати росих дар нафс ва ҳамчунон ки ҳусни сурат бо ҳусни ҷамиъи аҷзояш таъмин мешавад, зебоии дарун ҳам манут ба зебоии 4 рукн аст: қувваи илм, қувваи ғазаб, қувваи шаҳват ва қувваи адл.

Адл, қудрате иҷроӣ аст, ки шаҳват ва ғазабро таҳти ишораи ақлу шаръ нигоҳ медорад ва тарафайни ифрот ва тафрит надорад, бал як мухолиф дорад ва он ҷавр аст.

Аммо ҳикмат ва шуҷоат ва иффат, ки фазоил ва ҳадди васати қувои ақл ва ғазаб ва шаҳватанд, ду разилати мазмум дар ду сӯйи худ доранд.

Ғаззолӣ дар таъйиди нукоти ёдшуда, ояти 15 сураи Ҳуҷуротро шоҳид меоварад, ки ба гумони ӯ, мутазаммини уммаҳоти маҳосини ахлоқ аст.

Имони яқинӣ ба Худо ва Расул, ҳамон қувваи яқин аст, ки самараи ақл ва мунтаҳои ҳикмат аст. Ва муҷоҳада бо мол, ба забти қувваи шаҳват ва муҷоҳада бо нафс ҳам, ба забти қувваи ғазаб бармегардад. (3/55)

Ғаззолӣ дар фасли дигар, ба аломоти одамиёни некӯманиш ва соҳибони ҳусни хулқ мепардозад ва пурҳаё, камозор ва ростгӯ ва камсухан ва камлағзиш ва сабур ва шакур будан ва ҳилм ва рифқ ва шафақат доштан ва бадзабон ва суханчин ва аҷул ва бахил ва ҳасуд набуданро аз ҷамлаи онҳо мешуморад. Ва дар миёни онҳо сабр бар ҷафои дигарон ва таҳаммули озори халоиқро аз ҳама муҳимтар ва дар мақоми имтиҳон гӯётар медонад ва мегӯяд, ҳар ки аз бадхулқии дигарон гила мекунад, нишон медиҳад, ки худ бадхулқ аст. (3/70)

 

Равиши дармони ахлоқи разила

Равиши муолаҷаи разоил, назди Ғаззолӣ ба таври куллӣ дутост: илмӣ ва амалӣ.

Равиши амалӣ, равиши муолаҷа ба зидд аст. (3/28) Ва гарчӣ ба ҳасби ихтилофи аҳволи халоиқ, мухталиф мешавад, аммо як асл бештар надорад ва он ин аст, ки ҳар кас аз ҳар чи хушаш меояд, аз он бигузарад.

Он ки ба мол хушнуд аст, бояд молашро инфоқ кунад ва он ки дар мақоми хитоба ва ваъз ё тадрис, мақбулияте ёфтааст, бояд онро тарк гӯяд. (3/69) Ва ба таври куллӣ, одамӣ бояд худро бо ҳолате, ки дар қабр дорад, қиёс кунад ва аз чизе, ки дар қабр ёфт намешавад (либос ва маскан ва хӯрок ва никоҳ …), дар ин дунё беш аз ҳадди ҳоҷат ва зарурат барнадорад, вагарна унсу улфате бо мавоҳиби дунявӣ мегирад, ки ба саодати ухравии ӯ латма хоҳад зад. (3/67)

Равиши муолаҷа ба зидд, гоҳ дафъи заҳр ба доруст ва гоҳ дафъи заҳр ба заҳри дигар аст.

Филмасал, гоҳ арбоби аҳвол шарбати ҳалолеро дар ҷоме, ки ба ранги шароб аст, мехӯранд, то одамиён бад-онон гумони шаробхорӣ баранд ва аз чашми халқ биафтанд ва разилати ҳубби ҷоҳашон дармон шавад. Сиҳҳати ин амал гарчӣ аз лиҳози фиқҳӣ мавриди тардид аст, аммо “арбоби аҳвол гоҳ худро ба шеваҳое дармон мекунанд, ки фақеҳон ҷоиз намедонанд ва баъдан тақсири худро ҷуброн мекунанд”. (3/288)

Ҳамчунин аст кори шахси бахиле, ки ба талаби ҳусни шӯҳрат, моли худро дар муқобили чашми мардум инфоқ мекунад, то ӯро саховатманд бидонанд. Вай бо ин кор хубси бухлро аз худ мезудояд ва хубси риёро ба ҷойи он менишонад ва баъд аз он бояд ба суроғи риё биравад ва онро илоҷ кунад.

Бар ин қиёс метавон гоҳ шаҳватро бар сари ғазаб кӯфт ва гоҳ ғазабро бар сари шаҳват, то тундӣ ва нармиашон бишканад ва рафта-рафта зоил шаванд. (3/262)

Аммо равиши илмии илоҷи разоил он аст, ки ба қубҳи онҳо ва ба паёмадҳои суи дунявӣ ва ба уқубати ухравиашон тафсилан огоҳӣ ёбанд ва бо тааммул дар гуфтаҳои паёмбар (с) ва осори бузургон ва ҳикоёти солеҳон, тадриҷан худро аз шарри разоил бираҳонанд.

Ба ҳамин сабаб, Ғаззолӣ дар рубъи мунҷиёт ва муҳликот ҳикоёти бисёр аз сӯфиён ва солеҳони салаф меоварад, то машйу сулуки машраби ахлоқиашонро бознамояд ва хонандаро ба пайравӣ аз онҳо тарғиб кунад.

Филмасал, дар мавриди ғазаб, шахс бояд аввалан, дар ахбори марбут ба казми ғайз ва ҳилм тааммул кунад. Ва сониян, аз уқубати илоҳӣ хоиф бошад. Ва солисан, аз суи оқибати душманӣ ва интиқомҷӯӣ барҳазар бошад ва ҳатто агар аз охират боке надорад, ба фикри дунёи худ бошад. Ва робеъан, биандешад, ки вақте хашмнок мешавад, чӣ чеҳраи зишту номаймуне пайдо мекунад ва монанди сагон ва дарандагон мешавад ва инсоф диҳад, ки чеҳраи сагон ёфтан беҳтар аст ё чеҳраи уламо ва анбиё. Ва хомисан, бингарад, ки чӣ чиз ӯро ба интиқом гирифтан водор кардааст, шояд ангезаҳои шайтонӣ бошад. Ва содисан, бидонад, ки ғазаби ӯ аз он рӯст, ки корҳо бар вифқи муроди Худо рух додааст, на муроди ӯ, аммо ӯ чӣ ҳақ дорад, ки муроди худро бартар аз муроди Худо бидонад? (3/173-174) Ва бар ин қиёс аст дармони илмӣ ва амалии ҳасад ва риё ва бухл ва дигар разоиле, ки дар рубъи муҳликот омадаанд.

 

Китоби сарзаниши дунё

“Китоби заммуд-дунё” (Китоби сарзаниши дунё), ки китоби шашум аз рубъи муҳликот аст, шояд беш аз ҳар навиштаи дигаре ҷаҳонбинии сӯфиёнаи Ғаззолӣ ва дастоварди узлат ва сулуки ботинии ӯро ошкор кунад: дунё ҳам душмани Худост, ҳам душмани дӯстони Худо ва ҳам душмани душманони Худо. (3/201) Чун сояе аст, ки зуд мегузарад, чун хоби ошуфтае аст, ки зуд сипарӣ мешавад, чун зани зебое аст, ки шавҳари худро сар мебурад, чун аҷузае аст, ки худро аз сари фиреб меорояд, чун море аст нарм ва одамкуш ва чун оби дарёст, ки нӯшандаро ташнатар мекунад. (3/214-216)

Ҳеч баҳрае дар ин ҷаҳон намебарӣ, магар ин ки дар охират чанд баробари онро аз ту кам мегузоранд, ҳатто агар шунидани навои парандае ё нигоҳ ба сабзае ё нӯшидани оби хунуке бошад. (3/221)

Ҳаззи нафс бурдан, аз они дунёст ва фақат дар сурате амале ухравӣ мешавад, ки одамӣ дар хӯроку пӯшоку никоҳу амсоли он, толиби он бошад, ки нерӯ бигирад, то тоати Худо кунад. Пас милоки дунявӣ ва ухравӣ шудани амал, қасди одамӣ аст.

Ба қасди ҳаззи оҷили нафс кор кардан, яқинан коре аст дунявӣ ва аз ҷинси ҳаво аст, ки Худованд биҳиштро дар гарави тарди он ниҳодааст. (Ҳамон ҷо)

Бо ин ҳама, дунёро набояд ба куллӣ раҳо кард ва толиби фурӯ кӯфтани шаҳват ва ғазаб ба таври комил набояд буд, балки бояд баданро ором кард ва ҳоҷаташро дод, то дилро машғул накунад ва ӯро барои фикру зикри Худо дар тӯли умр омода ва ором бигузорад. (3/230)

Ҳаҷми азими ахбор ва осор ва амсилае, ки Ғаззолӣ дар ин китоб дар боби дунё ва сарзаниши он меоварад, намоёнгари зуҳд ва тақашшуф ва нафрат ва талхкомии ӯ аз дунёе аст, ки шарри музоҳим аст ва бояд бо ҳусни сиёсат ва таъдиб ва бо иқтисор бар зарурат ва ҳоҷат, аз он раҳоӣ ҷуст.

Дар айни ҳол набояд нигарони парешонии умур буд ва набояд пиндошт, ки даъватҳои зоҳидона одамиёнро аз тамаъу талаб бозмедорад, чаро ки мадори олам, ғафлат аст ва одамиён ҳеч гоҳ аз тафохуру такосур бознамеистанд ва аз ин рӯ осиёи ҷаҳон ба оби ғафлати аҳлаш ва ба тақдири собиқи азалӣ бе таваққуфу таътил мегардад ва зуҳди зоҳидон дар он футуре намеафканад.

Ҳамин тасвир аз дунё, ба кӯмаки Ғаззолӣ меояд, то ба дафъи илмии порае аз разоил ҳиммат гуморад.

Филмасал, дар боби такаббур, одамӣ агар зиллат ва аҷзи худро камо ҳува ҳаққуҳу бидонад ва ба абд ва мамлук ва миро будани худ тасдиқ ва эътироф кунад ва низ агар бидонад, ки дар ин дунё зиндонии залил ва гуноҳкоре беш нест, оё бар дигар зиндониён бартарӣ хоҳад фурӯхт? (3/360)

Баҳси олимонаи Ғаззолӣ дар ин китоб дар боби кайфияти пайдоиши маъишати ҷамъӣ ва падид омадани шуғлҳо ва ҷудо шудани шаҳр аз русто ва ҳоҷат афтодан ба пул ва қонун ва фақеҳ ва султон ва молиёт, низ аз мабоҳиси хонданӣ ва андешидании ин китоб аст ва вусъати биниш ва умқи андешаи Ғаззолиро дар боби дунё ошкор мекунад.

 

Китоби офоти забон

Офоти 20-гонаи забон, ки дар “Китоби офотул-лисон” (Китоби офоти забон) омадааст, низ аз баҳсҳои дилкаш ва гоҳ ҷанҷолофарини “Эҳёу улумуд дин” аст.

Сухани беҳуда гуфтан, мироъ ва ҷидол ва фуҳш ва бадзабонӣ ва лаън ва мазоҳ ва истеҳзо ва ғайбат ва дурӯғ ва суханчинӣ ва розкушоӣ ва чоплусӣ ва маддоҳӣ ва суоли авом аз сифот ва каломи Борӣ, ҳама аз офоти забонанд. Ва чунон ки паёмбар (с) фармуд: имони касе мустақим намешавад, магар ба истиқомати дил ва дили касе мустақим намешавад, магар ба истиқомати забон. (3/109)

Аз ин рӯ худро дар умури номарбут набояд ворид кард ва сухани бисёр ва зоид набояд гуфт ва аз сухани ботил бояд парҳехт ва бар сухани дигаре мутакаббирона набояд хӯрда гирифт ва дашном набояд дод ва дар бархе умур ба киноя бояд сухан гуфт ва аз лаъни мусалмон бояд парҳез кард, ҳатто агар Язид бошад, чаро ки фармон додани ӯ ба қатли Ҳусайн ба субут нарасидааст. Ҳамин қадр бояд гуфт, ки қотили Ҳусайн ҳар ки будааст, агар қабл аз тавба мурда бошад, лаънати Худо бар ӯ бод! (3/122, 125)

Ҳамчунин аст нафарин кардан ба мусалмонон ҳатто ба золимон.

Низ чунин аст шеъри бад хондан ё дил ба шеър супурдан ё мазоҳи бисёр кардан, ё по аз гилеми худ берун кардан ва аз сифоти Борӣ ва каломи Ҳақ пурсидан, чаро ки “шаъни авом иштиғол ба ибодот ва имон ба маорифи Қуръон ва таслим ба паёмҳои расулон аст, бе чуну чаро ва бе баҳс”. (3/126-127, 162-163)

 

Китоби сарзаниши ғурур

“Китоби заммул-ғурур” (Китоби сарзаниши ғурур), ки охирин китоб аз рубъи муҳликот аст, дар ҳақиқат шикваномаи Ғаззолӣ аз динфурӯшон ва ғурурзадагони рӯзгори хеш аст, ки дар ҷомаи фақеҳон ва сӯфиён ва олимон ва обидон даромадаанд ва дили халқро рубудаанд ва огоҳона ва ноогоҳона аз қиблаи ҳидоят дур афтодаанд. Инон 4 тоифаанд: якум, аҳли илм ва назар, дуввум, аҳли амал ва ибодат, севвум, сӯфия ва чаҳорум, сарватмандон.

Аз аҳли илм, фирқае дар улуми шаръӣ ва ақлӣ дасте доранд, аммо амалро фурӯ ниҳодаанд ва мағрури илми хеш шудаанд.

Фирқаи дигар, аҳли амал ва тоат ҳастанд, аммо тафаққуди аҳволи дил намекунанд ва аз риё ва ҳасад ва кибр ва риёсатталабии пинҳон дар дили хеш ғофиланд.

Фирқаи дигар бадии ин разоили ботиниро медонанд, аммо аз фарти худписандӣ худро фориғ аз онҳо мепиндоранд.

Фирқаи дигар ҳатто ба таҳзиби ботин ҳам пардохтаанд, аммо дар завоёи дилашон ҳамчунон аз макойиди ниҳонии шайтон боқӣ аст ва инон аз он ғофиланд ва аз ин рӯ корҳои некӯ мекунанд, аммо шояд ангезаи ниҳонашон касби ҳусни шӯҳрат ё иҷтимоъи муридон бар атрофашон бошад.

Фирқаи дигар иштиғол ба муҷодалоти каломӣ доранд ва имони саҳеҳро дар гарави ҷидолҳои худ мепиндоранд.

Фирқаи дигар ба ваъз ва тазкир машғуланд, ғурури инон аз ҳама бештар аст, чаро ки худписандиашон бештар аст. Аз зуҳд мегӯянд ва худ дунёпарастанд, мардумро аз Худо метарсонанд, аммо худ осудаанд, муддаии унс бо Ҳаққанд, аммо аз хилват лаззате намебаранд.

Фирқаи дигар, шеваи саҳеҳи ваъзро фурӯ ниҳодаанд, “ки вуъъози замони мо ҳастанд” ва ба шатаҳу томмот рӯ овардаанд ва суханҳои мавзуну мусаҷҷаъ мегӯянд ва ашъори фаровон дар висолу фироқ мехонанд ва мардумро ба ваҷду саҳв меафкананд, инон ба ҳақиқат шаётини инсанд.

Фирқаи дигар ба ҳифзи каломи зуҳҳод қаноат кардаанд (3/388 ба баъд).

Фирқаи дигар фақат ба ҷамъи ривоёт ва талаби асноди олия ва самоъи ҳадис вақтро сипарӣ кардаанд, дар ҳоле, ки ҳақиқати самоъи ҳадисро ҳам намедонанд. (3/397)

Фирқаи дигар ба наҳву луғату шеър рӯ овардаанд ва худро уламои уммат пиндоштаанд.

Фирқаи дигарро ғурури фақоҳат гирифтааст ва гумон мебаранд, ки ҳукм миёни банда ва Худо тобеъи ҳукми онон аст ва ба ҳияли (ҳилаҳои) фиқҳӣ даст гушудаанд “ва агар бихоҳем ғурури фуқаҳоро баршуморем, муҷалладот бисёр хоҳад шуд”. (3/398-400)

Аммо аз аҳли амал ва ибодот, фирқае фароизро вониҳодаанд ва ба навофил машғул шудаанд.

Фирқаи дигарро васвасаҳои беҳосил фаро гирифтааст.

Фирқаи дигар ба қироати Қуръон мағрур шудаанд ва шабонарӯз як хатми Қуръон мекунанд ва ҳеч аз он намефаҳманд.

Фирқаи дигар мағрури рӯзаанд, ё ҳаҷ, ё ҳисбат ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар; халқро аз бадӣ наҳй мекунанд, аммо худ гирифтори онанд.

Фирқаи дигар муҷовири Макка ва Мадина шудаанд, аммо бар дари дил нанишастаанд, то онро аз палидиҳо бипироянд.

Фирқаи дигар зуҳд дар пӯшоку хӯрок меварзанд, аммо дилашон пур аз ҳубби риёсату ҷоҳ аст.

Аммо тоифаи севвум сӯфиёнанд, ки баъзешон ба зийу ҳайъати сӯфиёна дилхушу мағруранд ва ба шеваи сӯфиён сарро пойин меандозанд ва дар гиребон мебаранд ва оҳҳои баланд мекашанд ва садоро пойин меоваранд ва баъзе дигарашон муддаии маърифат ва мушоҳадаи Ҳаққанд ва ба чашми айбу таҳқир дар уламо ва фуқаҳо ва муфассирон менигаранд ва баъзешон дар ибоҳат афтодаанд ва баъзе дигар ба маротибе расидаанд ва анворе бар эшон тофтааст, аммо “Аналҳақ”-гӯён худро восил ба мартибаи аъло донистаанд ва мазҳару зоҳирро яке гирифтаанд; ҳамон хатое, ки масеҳиён ҳам дар ҳаққи Исо (а) кардаанд. (3/400- 407)

Тоифаи чаҳорум сарватмандонанд, ки фирқае ба бинои масҷиду мадорису корвонсарову хонақоҳ ҳиммат мегуморанд ва номи худро бар сари дари он менависанд, дар ҳоле, ки амволи худро ба ғасбу ришва ва … ба даст овардаанд.

Фирқаи дигар, ки шояд амволашон ҳалол бошад, аммо дар масрафи он риё меварзанд ва бо оростани масоҷид дили намозгузоронро мерубоянд.

Фирқаи дигар ононанд, ки ошкоро инфоқ мекунанд ва аз тасаддуқи ниҳонӣ мепарҳезанд.

Фирқаи дигар амволро ба ҳукми хиссат нигаҳ медоранд ва ба ибодоте рӯ меоваранд, ки мӯҳтоҷи харҷе нест, мисли намоз ва хатми Қуръон ва рӯза ва бар ин қарор.

Бо ин ҳама, одамиён, ки ба ҳазор ҳила парандагони ҳаво ва дарандагони саҳро ва моҳиёни дарёро ба дом андохтаанд, агар бихоҳанд, метавонанд ғурурро низ дар дом кунанд ва аз доми шайтон биҷаҳанд. (3/407-410)

 

Рубъи мунҷиёт

Китоби тавба

Рубъи мунҷиёт (ахлоқи наҷотбахш) бо китоби фавқулъода муҳимми “тавба” оғоз мешавад ва дар он, Ғаззолӣ бо мӯшикофии бисёр, тавзеҳоти некӯе дар боби ҳақиқати гуноҳ ва сирри гуноҳ дониста шудани порае аз аъмол ва тафовути гуноҳони сағира ва кабира ва низ ҳақиқати тавба ва роҳҳои он меоварад. Ва нуктаи муҳим ин аст, ки дар бештари ин тавзеҳот, масолеҳи дунявӣ ва аҳаммият ва нақши гуноҳон дар маъишати иҷтимоиро манзур медорад.

Менависад: намешавад, ки Худованд паёмбаронро барои ислоҳи дину дунёи халқ бифиристад ва он гоҳ ононро ба корҳое, ки монеъи маърифати Худо ва расулони ӯст ва ё мӯҷиби ҳалоки амволу нуфус аст, амр кунад. Ва ба ҳамин сабаб, куфр ва бидъат ва қатли нафс ва қатъи аъзо ва ливот ва зино — ки инҳо ҳам мояи қатъи насл ва бутлони таворусанд — ва дуздӣ ва хӯрдани моли ятим ва … ҳама ҷузъи кабоир (гуноҳони кабира)-анд, чун ҳама мӯҷиби ихтилоли маъишат мешаванд. Ва хусусан гуноҳони молӣ чунонанд, ки дар хафо сурат мегиранд ва иқомаи даъво бар онҳо мушкил аст ва кабира шумурданашон мӯҷиб мешавад, то одамиён камтар гирди онҳо бигарданд. Бар хилофи ғасби мол ва хиёнат дар амонат, ки амри ошкор аст ва муддаӣ метавонад худ дар эҳқоқи ҳаққи хеш бикӯшад.

Ҳамин тавр аст рибо, ки акли моли ғайр аст ба тарозӣ (ризояти ду тараф) ва аз ин рӯ метавонад буд, ки шаройеъ (шариатҳо) ҳукмҳои мухталиф дар боби он биёваранд ва онро кабира нашуморанд, аммо майхориро чун мояи хомӯш кардани чароғи ақл аст, бояд аз кабоир шумурд.

Ҳамин тавр аст сеҳр дар сурате, ки мутазаммини куфр бошад, аммо дасти тӯҳмат дар обрӯи одамиён бурдан ва ононро ба зино муттаҳам кардан, чунон аст, ки шояд ҳукмаш дар шаройеъи мухталиф мухталиф бошад. Ва ба ҳамин сабаб кабира буданаш қатъӣ нест, чаро ки шореъ метавонист чунин ҳукм кунад, ки агар шахси одиле бар зинокоре гувоҳӣ диҳад, зониро ҳадд бизананд, ё агар ҳадд намезананд, дигар бо шахси одил коре надошта бошанд, чаро ки ҳадд назадани шахси одиле, ки гувоҳиаш мақбул наафтодааст, латмае ба масолеҳи дунё намезанад. (4/20-21)

Бар ин насақ, Ғаззолӣ фиқҳро ақлонӣ мекунад ва дунявӣ будани онро ба ҷидд мегирад ва бузургии гуноҳони кабираро манут ба бузургии зиёне мебинад, ки ба зиндагии иҷтимоии одамиён ворид меоваранд.

Ин як ҳайсият аст, аммо аз ҳайси дигар, гуноҳони сағира агар такрор шаванд ва ё агар кучак шумурда шаванд, бадал ба кабира мешаванд, чаро ки кучак шумурдани онҳо кучак шумурдани Худост ва ба ҳамин сабаб яке аз орифон гуфт, ки: “Гуноҳи сағир надорем, ҳар мухолафате кабира аст”. (4/32)

Аммо ҳақиқати тавба надоматест аз гузашта, ки одамиро водорад, то дар оянда гирди гуноҳ нагардад. (4/34)

Лекин бо ин таъриф, шахси назарбозе, ки инак чашми худро аз даст додааст, оё метавонад аз назарбозиҳои гузаштаи худ тавба кунад? Ва оё азми ӯ бар назарбозӣ накардан дар оянда, маъно ва имкон дорад? Фатвои Ғаззолӣ он аст, ки умда пок шудани дил аз зулмати маъсият аст ва ин ду роҳ дорад: яке, пушаймонӣ нисбат ба гузашта ва дигаре, муҷоҳадат дар оянда.

Лекин агар оташи пушаймонӣ нерӯманд бошад, гоҳ метавонад ҷойи муҷоҳадатро, ки инак номумкин шудааст пур кунад ва кудурати гуноҳро бизудояд. (4/41)

Раъйи Ғаззолӣ дар боби ёд кардан ё фаромӯш кардани гуноҳ низ шуниданӣ аст.

Мепурсад, кадом афзаланд: тавбакоре, ки гуноҳи худро фаромӯш кардааст, ё он ки онро ҳамеша пеши чашм дорад ва бад-он меандешад ва аз шиддати пушаймонӣ месӯзад? Ва дар ҷавоб мегӯяд: дар инҷо ду сухан ба мо расидааст: яке он ки ҳақиқати тавба, гуноҳро дар пеши чашм доштан аст ва дигаре он ки ҳақиқати тавба фаромӯш кардани гуноҳ аст.

Он гоҳ меафзояд, ки “суханони сӯфиён ҳамеша норасост, чаро ки ҳар кадом фақат аз ҳоли худ хабар медиҳанд ва ба ҳоли дигарон коре надоранд”. (4/42)

Сипас тавзеҳ медиҳад, ки ҳақ ин аст, ки барои мубтадӣ (оғозгар) ҳамон беҳтар, ки гуноҳи худро аз ёд набарад, лекин солики тариқ ҷуз ба сулук набояд биандешад ва нигоҳ кардан ба пушти сар монеъи пешравӣ аст. (Ҳамон ҷо)

 

Китоби сабру шукр

Дар “Китоби сабру шукр” ба ишороте бармехӯрем, ки ангезаҳои узлати Ғаззолиро ошкор мекунад: сабр яъне қудрати таҳаммули душвориҳо ва тарки хостаҳо. Лаззати риёсат ва ғалаба ва истеъло ва маҳбубият назди мардум, дилангезтарини лаззатҳост. Аз ин рӯ гузаштан аз он ва сабр варзидан бар он ҳам душвортарини сабрҳост. Ва ҳар кас, ки ҳақиқати мулки фонии дунё ва наъими холиди охиратро дарёфтааст, дил баркандан аз дунё барояш осонтар аст. “Лекин он кас, ки ба ҷоҳу риёсат хӯ кардааст ва одоту одоби он малакаи ӯ шуда ва лаззаташ дар дили ӯ нишастааст, муҷарради илму назар барои илоҷи ӯ кофӣ нест, балки бояд амалро ҳам бар он биафзояд. Яъне се кор бояд бикунад: аввал, муҳоҷират кунад ва аз маҳаллу мавтини риёсати худ бигурезад, то дубора гирифтори васвасаи риёсат нашавад. Ва агар чунин накунад, неъмати вусъати заминро куфрон кардааст, чаро ки Худованд мефармояд:

أَلَم‌ْ تَکُن‌ْ أَرْض‌ُ اللّه‌ِ واسِعَةً فَتُهاجِروا فیها

(Нисо/97)

Дуввум, худро ба аъмоле водор кунад, ки бар хилофи рафтори пешини ӯ бошад, яъне ҳишматро ба тавозӯъ ва ҷомаҳои фохирро ба ҷомаҳои кӯҳна бадал кунад, чаро ки муолаҷат дар гарави мухолифат аст.

Севвум, ин корро ба лутф ва тадриҷ анҷом диҳад ва ногаҳон худро аз як сӯ ба сӯи муқобил наяфканад, то мӯҷиби нафрати табъ нашавад”. (4/ 79)

Ва дуруст ҳамон ангеза буда, ки Ғаззолиро ба муҳоҷират водоштааст, то аз дилрубоӣ ва фитнагариҳои Бағдоди шодхор ва халифанишин бигурезад ва хилвате барои полудани дил аз ҷоҳу ҳаво пайдо кунад.

Сабр дар назари Ғаззолӣ бар ҳасби мутааллиқҳояш, исмҳои мухталиф пайдо мекунад: сабр аз шаҳвати шикам ва домон иффат аст ва сабр бар сарватмандӣ хештандорӣ ва сабр дар корзор шуҷоат ва сабр дар ғазаб ҳилм ва сабр дар баробари ҳаводиси рӯзгор сиъаи садр ва сабр дар калом розпӯшӣ ва сабр аз фарох зистан зуҳд ва сабр бар содда зистан қаноат. “Аз ин рӯ бештари ахлоқи имонӣ аз ҷинси сабранд”. (4/67)

Чунон ки дида мешавад, тақсимбандиҳои юнонӣ дар “ахлоқи имонӣ”-и Ғаззолӣ, ҷойи чандоне надоранд ва ҳатто иффат ва шуҷоат, ки “аҷноси олия”-и ахлоқианд, худ таҳти ҷинси сабр мундараҷ шудаанд.

Гӯӣ Ғаззолӣ худ бад-ин нукта мутафаттин будааст, ки ба дунболаи каломи пешин чунин меафзояд: “Ҳар кас маъониро аз асомӣ мегирад, гумон хоҳад кард, ки ин аҳвол зотан мутафовитанд, аммо он ки солики роҳи мустақим аст ва бо нури илоҳӣ назар мекунад, ибтидо маъониро мебинад, сипас асомиро. Чаро ки номҳоро барои далолат бар маъно вазъ кардаанд, на ба акс … Ва куффор дучори хато нашуданд, магар ба сабаби ҳамин гуна ворунабиниҳо”. (Ҳамон ҷо)

Сухан дар боби шукри неъмат, ин маъноро ошкортар мекунад ва шикоф миёни “ҳикмати юнониён” ва “ҳикмати имониён”-ро беҳтар нишон медиҳад, чаро ки “неъмат” вожаест вежаи забони динӣ ва бар “инъом” ва “мунъим” далолат мекунад, ки дар ахлоқи бехудои юнонӣ ҳеч ҷойе надорад ва таърифе ҳам, ки Ғаззолӣ аз шукр медиҳад, ҳамаи инҳоро дарбар мегирад.

 

Аркони шукр

Мегӯяд: шукр се рукн дорад: илм ва ҳол ва амал. Илм яъне маърифат ба ин ки чизе неъмат аст ва ҳол, сурури ҳосил аз инъом аст ва амал, қиём ба вазифаи одамӣ аст дар қиболи неъмат ва мунъим, ба дил ва забон ва андом. (4/81)

Тафсили Ғаззолӣ дар боби аснофи неъматҳои Борӣ ва вуҷуби шукри неъмат бар бандагон, ҳам тезбинӣ ва неъматшиносии ӯро ба некӯӣ нишон медиҳад ва ҳам фосила гирифтани ӯро аз ашъарияте, ки шукри мунъимро воҷиб намешуморад.

Ғаззолӣ дар мақоми баёни неъматҳои Худованд чунон суханро паҳн мегустурад ва чунон аз хилқати ҳавос ва ақл ва ирода ва андомҳои бадан то ағзия ва саноъот ва соҳибони ҳираф ва салотин ва анбиё ва малоика, ки ҳама неъматҳои Борианд ба тафсил баҳс мекунад, ки худ мутаваҷҷеҳи итнобу итолаи калом мегардад ва ъинон бозпас мекашад ва ваъда медиҳад, ки “шояд агар замон бигузорад ва тавфиқ рафиқ шавад, китобе дар ин боб бинависем ва номашро аҷоиби сунъи Аллоҳ Таъоло бигузорем”. (4/120-123)

 

Китоби фақр ва зуҳд

Шояд дилкаштарин баҳси ин китоб ва муҳимтаринаш, баҳс аз ин суол бошад, ки сабр ва шукр кадом як бартаранд? Ғаззолӣ назири ҳамин суолро дар “Китоби фақр ва зуҳд” ҳам матраҳ карда ва пурсидааст, ки фақр ва ғино кадом як бартаранд? (4/201) Ва он гоҳ ба шеваи муҳаққиқонаи хеш ибтидо назари зоҳирбинон ва сипас раъйи “аҳли илму истибсор”-ро овардааст.

Мегӯяд: зоҳиран чунин аст, ки ахбор дар фазилати сабр бештар расидааст, то дар фазилати шукр (4/136), лекин умда таъсири амал аст дар қалб; ва бо ин милок бояд бартарии аъмолро санҷид. Ва аз ин рӯ бо мулоҳизаи ҷамиъи ҷавониб наметавон ба осонӣ гуфт, ки фақири собир мутлақан аз ғании шокир бартар аст ва “ту агар мехоҳӣ бо таваҷҷӯҳ ба умуми мардум, посух бидиҳӣ, метавонӣ бигӯӣ, ки сабр бартар аз шукр аст… аммо агар мехоҳӣ ҷавоби муҳаққиқона бидиҳӣ, бояд қоил ба тафсил шавӣ”. (4/140-141)

Хавфи фалаҷкунандае, ки Ғаззолиро ҳамаи умр дар ташвишу қалақ медошт, дар фасли баёни маънии суи хотима аз “Китоби хавфу раҷо” инъикос ёфтааст ва зуҳд ва тақашшуфи сӯфиёнаи ӯ, ки шодкомӣ ва тарабнокиро аз ӯ ситонда буд, дар “Китоби фақр ва зуҳд” омадааст.

Суханони вай дар баёни суи хотима ёдовари рӯзгори мушоғаботи каломии ӯст ва нишондиҳандаи тарси азими ӯ аз ин ки мабодо ҳангоми марг он қилу қолҳои имонкуш дубора зеҳни ӯро мушавваш кунанд ва сафои имонашро барошӯбанд ва дасти тасарруфи шайтонро дар ақлу қалби ӯ кушода гардонанд ва бо ҳасрат аз имони авом ва аъроб ва рустонишинон ёд мекунад, ки “аблаҳ” ва аҳли ҷаннатанд ва аз хатари ақовили мутакаллимон масун мондаанд. (4/175-176)

Вай фақрро ба таври куллӣ барои умуми мардум аслаҳ ва афзал мешуморад, чаро ки унс ва алоқаи фақир ба дунё камтар аст. (4/203) Ва касеро зоҳид медонад, ки дунё ба фарохии тамом дар дастраси ӯ бошад ва баҳрабардорӣ аз дунё на бадномӣ барои ӯ биёварад ва на аз мақомаш бикоҳад ва на баҳраҳои нафсонии ӯро кам кунад ва маъалвасф онро тарк бигӯяд, мабодо, ки ба дунё унс бигирад ва муҳаббати ғайри Худо дар дили ӯ рахна кунад ва дар амри муҳаббатварзӣ мушрик афтад. (4/219)

Тарки дунёе, ки дар он бартарии ҳаёти ухравӣ манзур нашуда бошад, мурувват ва футувват ва сахо ва ҳусни хулқ метавонад бошад, аммо зуҳд нахоҳад буд.

Ғаззолӣ ба тафсил дар боби наҳваи зуҳд варзидан дар заруриёти зиндагӣ сухан мегӯяд, ки ба назари вай дар ин 6 зарурӣ хулоса мешаванд: хӯрок, пӯшок, хона, асос, ҳамсар ва мол.

Вай ҷоҳро аз онҳо берун мегузорад, чун агар мардум ҷоҳу мансаб металабанд, барои расидан ба он матлуботи шашгона аст ва он гоҳ ба шарҳу истифо, шеваи зоҳидонаи тамматуъ аз он заруриётро баён медорад.

Дар хӯрок олитарин дараҷаи зуҳд он аст, ки одамӣ фақат ҳангоми гуруснагии шадид ва бим аз беморӣ ба қадри садди ҷӯъ чизе бихӯрад.

Дараҷаи дуввум захира кардани қут ба муддати як то чиҳил рӯз аст ва дараҷаи севвум захира кардан барои муддати як сол аст, ки аз они зоҳидони нотавон аст.

Дар навъи ғизо ҳам нозилтарин дараҷаи зуҳд хӯрдани нони гандуми сабӯсдор аст, ки агар нони бе сабӯс бихӯрад, аз охирин абвоби зуҳд хориҷ хоҳад шуд.

Олитарин хӯриш ҳам — ки марбут ба нозилтарин дараҷаи зуҳд аст — гӯшт аст, он ҳам як ё дубор дар ҳафта, на бештар.

Аммо дар пӯшок, болотарин дараҷаи муҷоз он аст, ки шахс илова бар пероҳан ва кулоҳ ва кафш, шалвор ва дастор ҳам дошта бошад ва шарт аст, ки ҳар гоҳ зоҳид ҷомаи худро мешӯяд, маҷбур бошад, ки урён дар хона биншинад ва ҷомаи дигар надошта бошад.

Аз назари ҷинси либос ҳам охирин ҳадди муҷоз, либосе аст, ки як сол давом кунад ва зоҳидонатарин он аст, ки як рӯз бештар давом накунад.

Дар амри хона ҳам, зоҳидонатарин шева, ба сар бурдан дар масоҷид ва барнагирифтани хона барои хеш аст.

Боре агар ҳуҷрае барои худ месозад, ба сафед кардани девор ва баланд кардани сақф даст набарад, ки айни берун рафтани комил аз зуҳд аст.

Аммо дар асос (асбоби манзил), охирин дараҷаи муҷоз он аст, ки барои ҳар ҳоҷат олате дошта бошад, лекин аз ҷинси нозил ва паст.

Дар интихоби ҳамсар, агар касрати занон ва нафақаи воҷибашон дили зоҳидро машғул намедорад, зуҳд варзидан дар комҷӯӣ раво нест, аммо дар сурати яқин ба гирифтор омадан ба доми зан, ё аз асл зан нагирад, ё танҳо як зани нозебо ихтиёр кунад ва дилро посдорад.

Аммо дар амри мол, раво нест, ки зоҳид қути беш аз як соли худро захира кунад ва ҳамон беҳтар, ки вақте ҳазинаи як рӯзаш таъмин шуд, касбро вониҳад.

Дар ҷоҳ ва маҳбубият ҳам зоҳидро нарсад, ки дилрубоӣ кунад ва толиби маконат ва манзилат назди халоиқ гардад. (4/230-239)

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Пизишкиён
Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ҳаракати бузурги миллати Эрон дурахшон ва фаромӯшнашуданӣ аст”

Матолиби пурбоздид