Эҳёу улумид дин – III
Муаррифии китоб
Ба қалами Абдулкарими Суруш
Бахши севвум
Китоби тавҳид ва таваккул
Китоб панҷум аз рубъи мунҷиёт “Китоби тавҳид ва таваккул” аст, ки ҳамчун “Китоби сабр ва шукр” ду бахш дорад: тавҳид ва таваккул.
Бар суханони Ғаззолӣ дар бахши нахуст сибғае аз илми мукошафа нишастааст ва ғавр дар аъмоқе мекунад, ки одатан қалам аз вуруд ба он аъмоқ дар “Эҳёул улум” мамнӯъ аст.
Бахши аввал
Ин бахш дар ҳукми муқаддимае, назаре аст барои таваккул, ки дар бахши дуввум омадааст.
Лубби калом дар бахши нахуст ин аст, ки тавҳид яъне фоъиле ғайри Худо нест (4/256) ва шахси муваҳҳид касрати оламро мундак (дохил) дар ваҳдати Ҳақ мебинад ва аз ин рӯ дар воқеъ касрате намебинад (4/246-247), агарчӣ фош кардани ин роз ҷоиз нест ва расидан ба ғаври он ғояти улуми мукошафот аст. (4/246)
Бо ин ҳама, тааммул дар вуҷуди инсон қадре аз истибъоди тасдиқ ба он ҳукм мекоҳад, чаро ки одамӣ ба рағми устухонҳо ва рагҳо ва андомҳои касир ва мухталифаш, шахси воҳид аст.
Дидани ғайр ва нафйи фоъилият аз ғайр, тавҳиди муқаррабин ва надидани ғайр ва дидани Ҳақ, мушоҳадаи сиддиқин аст ва ҳамон аст, ки сӯфиён онро фанои дар тавҳид хонанд. (4/245)
Нафйи фоъилият аз ғайр зоҳиран шабаҳи ҷабрро зинда мекунад ва аз ин рӯ Ғаззолӣ мутакаллимвор ба дафъи шубҳа мепардозад. Ва хулосаи раъйи ӯ он аст, ки фоъилияти банда маъное надорад ҷуз ин ки “ӯ маҳалле аст, ки қудрат пас аз ирода ва ирода пас аз феъл дар вай халқ мешавад” (4/255) ва “маҷбур будани одамӣ бад-ин маъност, ки ҳамаи он аносури муваллиди феъл, ки дар ӯст, аз ӯ нест ва мухтор буданаш бад-ин маъност, ки вай маҳалли иродае аст, ки пас аз ҳукми ақл ҷабран дар вай ҳодис мешавад дар ҳоле, ки ҳудуси ҳукми ақл ҳам ҷабрӣ аст; аз ин рӯ одамӣ маҷбур аст, ки мухтор бошад.” (Ҳамон ҷо)
Дар поёни ҳамин бахш аз китоб аст, ки Ғаззолӣ низоми мавҷуди оламро беҳтарин низоми мумкин мешуморад, ки аҳсану атамм аз он мумкин нест, чаро ки агар Худованд беҳтар аз онро метавониста халқ кунад ва накардааст, бахил ва золим хоҳад буд ва бухлу зулм бар ӯ раво нест; ва агар наметавониста халқ кунад, оҷиз хоҳад буд ва ин ҳам маҳол аст. (4/258)
Бахши дуввум
Дар бахши дуввуми китоб, Ғаззолӣ барои таваккул се дараҷа зикр мекунад: дараҷаи нахусти таваккул кардан бар Худованд, ҳамчун таваккули шахс бар вакили мӯътамади хеш аст.
Дараҷаи дуввум ҳамчун таваккули кӯдак бар модар ва дараҷаи севвум чунон аст, ки мурда дар дастони ғассол.
Севвумин дараҷа, ки олитарин дараҷа аст нодиран даст медиҳад ва ҷуз андаке намепояд “ба андозаи зардии рӯ аз шарм” (4/261) ва дар он ҳолат, бар хилофи ду дараҷаи пеш, мутаввакил лаб ба дуо ва суол намегушояд (Ҳамон ҷо) ва тааллуқ ва тавассул ба асбоб ҳам аз ӯ сохта нест ва бештар ба мабҳутон мемонад. (4/262)
Аммо тадбири умур ва баҳра ҷустан аз асбоб ва дуо ва касб ва дору ва силоҳ баргирифтан ва пӯстину зиреҳ пӯшидан ҳеч кадом бо таваккул носозгорӣ надоранд, машрут бар он ки аввалан дил бо мусаббибуласбоб бошад ва сониян, бар асбоби мавҳумуннафъ мисли ҳилаҳо ё тадбирҳои ғариб барои касби даромад ё илоҷи беморӣ такя наравад ва аз васоиле истифода шавад, ки таъсирашон дар баровардани ҳоҷат, қатъӣ ё мӯҳтамал бошад. (4/267)
Тафсири Саҳли Тустарӣ (Шуштарӣ) аз таваккул “тарки тадбир” буд ва Ғаззолӣ тадбирро “истинботи асбоби баъида” тафсир мекунад ва аз ин рӯ мунофии таваккул мешуморад. (Ҳамон ҷо) Вагарна баҳра ҷустан аз “асбоби ҷалийя” биломонеъ аст ва албатта дар ҳама ҳол, шахс бояд муттакӣ бар мусаббибуласбоб бошад, на бар сабаб, ки ин маърифат ва ҳолат муқаввими таваккул аст.
Бо ин ҳама, гарчӣ талаби ризқ кардан бо таваккул носозгор нест, аммо “дунболи касб рафтан аз диндорон қабеҳ аст ва аз олимони дин қабеҳтар, чун шарти олим будан қаноат аст ва олими қонеъ ризқаш ло маҳола (ҳатман) хоҳад расид.” (4/275) “Аз ин рӯ ба ҳамон қути андак розӣ ва қонеъ бош, ки агар аз он ҳам бигурезӣ, ба ту хоҳад расид ва дар сурати қаноат ва таваккули Худо касеро, ки гумонашро намебарӣ, хоҳад гумошт, то ризқатро ба ту бирасонад,.. вале албатта маънои ин он нест, ки гӯшти мурғ ва ағзияи лазиз бирасонад, балки ӯ фақат ризқеро тазмин кардааст, ки ҳаёти туро таъмин кунад.” (4/274)
Ҳамчунин мутаввакилон ҳангоми хуруҷ аз хона метавонанд дарро қуфл кунанд, аммо задани қуфлҳои бисёр бар дар, ё посбонии хонаро аз ҳамсоягон хостан раво нест.
Ба илова, бояд чизе дар хона нагузоранд, ки иштиҳои дуздонро тезтар кунад ва беҳтар аст ҳангоми хуруҷ аз хона, ба омадани дузд ризои комил дошта бошанд ва пешопеш ӯро дар ҳар чи бармедорад, биҳил (ҳалол) кунанд. (4/281)
Мудовои амроз низ барои мутаввакилон ҷоиз аст, вале на доғ кардан ва руқия гирифтан ва фол задан ва .., ки ҷузъи умури мавҳумуннафъанд.
Бо ин ҳама, наметавон гуфт, ки мудово ҳамеша ва ба наҳви мутлақ беҳтар аз тарки мудовост.
Гоҳ ҳаст, ки шахси бемор аҳли мукошафа аст ва медонад, ки бад-он беморӣ хоҳад мурд. Ва гоҳ ҳаст, ки бемор чунон дар хавф аз суи оқибат ғӯтавар аст, ки дард фаромӯшаш мешавад ва аз дору кардан ғофил мемонад. Ва гоҳ ҳаст, ки беморӣ музмин аст ва дору ҳам мавҳумуннафъ аст. Ва гоҳ ҳаст, ки бемор тарки мудово мекунад, то Худованд ӯро ба сабаби сабри некӯяш бар беморӣ подош диҳад. Ва гоҳ ҳаст, ки бемор аз гуноҳони гузаштааш бимнок аст ва мехоҳад он беморӣ мӯҷиби зудудани гуноҳонаш шавад. Ва гоҳ ҳаст, ки бемор худро мешиносад ва медонад, ки тандурустии тӯлонӣ мӯҷиби саркашӣ ва ғафлат ва орзуҳои баланд дар ӯ мегардад. Дар ҳамаи ин маворид, тарки тадовӣ (дармон) бе ишкол аст. (4/287-290)
Китоби муҳаббат ва шавқ ва унс ва ризо
“Китоби муҳаббат ва шавқ ва унс ва ризо” латифтарин кутуби “Эҳёул улум” аст, чаро ки аз муҳаббат ба Худованд сухан мегӯяд ва дар мақоми дифоъ аз шавқ ва унс ва ризо бармеояд ва ба рағми муддаиёне, ки манъи ишқ кунанд, ҳазрати Ҳақро шоистаи ишқ варзидан менамоёнад ва бо мутакаллимони қишрӣ, ки муҳаббатро фақат робитае миёни инсонҳо ва ҳамҷинсон медонанд, дармепечад ва ононро ба ҷойи худ менишонад.
Аз назари Ғаззолӣ, муҳаббат “зурватун улё ва ғоятун қусво” (олитарин қулла ва баландтарин ҳадаф)-и ҳамаи мақомот ва дараҷот аст, ки болотар аз он мақоме нест ва ҷамиъи мақомоти пешин чун тавба ва сабр ва зуҳд, муқаддимаи онанд. (4/294) Ва чандон оят ва ҳадис дар бораи он омадааст, ки дар волоӣ ва арҷаш тардид наметавон кард. Аммо худи муҳаббат, тобеъ ва самараи маърифат аст ва ҳар чи назди мудрик лазиз афтад, маҳбуб ҳам хоҳад афтод ва аз ин рӯ бар ҳасби навъи идрок, навъи муҳаббат ҳам тафовут хоҳад кард.
Аз ин рӯст, ки садои хуш ва рӯйи зебо ва бӯйи хуш ва хӯрокҳои хушмазза ҳама маҳбуб ва матлубанд. Ҳамин тавр аст намоз, ки маҳбуби сарвари оламиён буд, чаро ки дили поки ӯро лаззату фараҳ мебахшид. (4/296-297)
Ҳамчунин одамӣ худро ва мутааллақоти худро ва молу фарзандон ва дӯстону хешовандони худро дӯст дорад, чаро ки бақои худро ба бақои онон муттасил, ё манут меёбад ва на танҳо онон, ки ҳар кас ба одамӣ эҳсон кунад, маҳбуби ӯст.
Ҳамчунин аст робитаи муҳаббате, ки ба муҷарради таносуби арвоҳ миёни одамиён барқарор мешавад.
Ва аз ҳама болотар гоҳ ҳаст, ки одамӣ чизеро на ба хотири худ, бал барои он чиз дӯст медорад ва ин муҳаббати воқеӣ аст. Ишқ ба зебоӣ аз ин даст аст ва баёни ҳақиқати зебоӣ гарчӣ ба илми муомала мутааллиқ нест, аммо сухани ҳақ дар боби он ин аст, ки ҷамоли ҳар чиз ба камоли лоиқ ва мумкини он чиз аст ва ҳар гоҳ ҳамаи камолоти мумкини чизе дар он таҳаққуқ ёбанд, он чиз ба ниҳояти зебоии худ хоҳад расид. (4/297-299)
Ҳол, ҳамаи асбоби ёдшуда дӯст доштани Худовандро иқтизо мекунанд, чаро ки аввалан, одамӣ, ки худро дӯст медорад, чӣ гуна метавонад Худоро, ки вуҷудаш мадюни ӯст дӯст надорад?
Сониян, Худованд на фақат ӯро эҷод карда, ки ба ӯ эҳсон ҳам кардааст ва ин ҳам сабаби дигари муҳаббат варзидан ба ӯст.
Солисан, некӯкоронро на танҳо ба хотири худ, бал ба хотири худашон ва нафси эҳсон бояд дӯст дошт, ки некӯкорӣ худ дӯстдоштанӣ аст.
Робеъан, Худованд, ки камоли мутлақ аст, лоҷарам (ногузир) ҷамоли мутлақ ҳам ҳаст ва дигар зебоён, ки чунин дилрубо ва фитнаангезанд, намуди ноқисе аз ҷамоли бекарони ӯянд, аммо ӯ худ, ки ҷамили ъалал-итлоқ (зебои мутлақ) аст, маҳбуби ъалал-итлоқ ҳам ҳаст.
Хомисан, миёни одамиён ва Худованд муносибате ҳаст, ки:
الرّوحُ مِنْ أَمْرِ رَبِّي
(Исро/85) ва одамӣ ҳомили руҳи Худо ва халифаи ӯст ва “бар сурати ӯ офарида шудааст” ва мувозибат бар навофил корро ба ҷойе мерасонад, ки одамӣ маҳбуби Худованд мешавад ва Худованд дар гӯшу чашму забони ӯ менишинад ва нигоҳу гуфтору истимоъаш ҳама илоҳӣ ва раббонӣ мегардад.
Ва инҳо ҳама доии (ангезаи) нерӯманди муҳаббат аст.
Ҳамин муносибат миёни инсон ва Худо будааст, ки қосиронро ба “ташбеҳ” ва ғолиёнро ба иттиҳод ва ҳулул кашондааст, то ҷойе, ки баъзе “Анал-Ҳақ” гуфтаанд ва баъзе дигар Исо (а)-ро Худо донистаанд. (4/300-307)
Ғаззолӣ бар ҳамин қиёс, шавқ (ҳангоми дурӣ) ва унс (ҳангоми ҳузур) ва ризо ба афъоли Бориро саҳеҳ медонад ва мункирони онҳоро қишрӣ ва қосир ва хомоне мешумурад, ки завқи ишқро дарнаёфтаанд.
Муҳаббати Худованд ба бандагон
Ғаззолӣ муҳаббати Худованд ба одамиёнро — ки шавоҳиди нақлии бисёр онро таъйид мекунад — албатта аз ҷинси майлу ишқ намедонад ва барои он маъное дигар ба даст медиҳад.
Муқаддиматан ва бари сабил тамҳид мегӯяд: алфозе, ки дар мавриди холиқ ва махлуқ ба кор мераванд, маънои воҳид надоранд. Дар як ҷо ҳақиқатанд ва дар ҷойи дигар маҷоз. Ҳатто вожаи “вуҷуд”, ки оммтарини вожаҳост, дар одамӣ “вуҷуди қоим ба ғайр” ва дар Худованд “вуҷуди қоим ба зот” маъно медиҳад.
Ҳамчунин аст илм ва ирода ва қудрат ва амсоли он. Ин луғот дар асл барои одамиён вазъ шудаанд ва аз ин рӯ корбурдашон дар мавриди Худованд, маҷозӣ ва истиъорӣ аст (4/327- 328)
Ин нуктае аст, ки Ғаззолӣ борҳо ва ба тафориқ (ба сурати пароканда) дар “Эҳёул улум” ва низ дар “Мишкотул-анвор” ба он ишора кардааст ва аз он баҳраҳои тафсирӣ ва таҳқиқии латиф бурдааст.
Дар инҷо ҳам мӯътақид аст, ки муҳаббат варзидани Худованд ба бандагонро бояд таъвил кард, чаро ки –
لیس في الدار غیره دیّار
— ва “Худованд ҷуз худро дӯст намедорад” ва аз ин рӯ муҳаббати ӯ муъодил аст бо рафъи ҳиҷоб аз дили мӯъминон, то бад-ӯ наздиктар шаванд, на майл варзидан бад-онон ва дучори ғалаёну ҳаяҷони отифа шудан.
Аломоти ошиқон
Аломоти ошиқон ҳам бисёр аст, ки муддаиёни дурӯғинро аз муҳиббони содиқ ҷудо мекунад. Яке, дӯст доштани марг ва ҳиҷрат ба сӯйи маҳбуб аст. Дигаре, коми маҳбубро бар коми худ муқаддам доштан. Дигаре, ғарқаи ёди ӯ будан. Дигаре, ба хилват ва муноҷот бо ӯ унс доштан. Дигаре, бар ғайбати ӯ ва ғафлат аз ӯ андӯҳ хӯрдан. Дигаре, фармони ӯро ба ширинӣ бурдан. Дигаре, мушфиқ бар бандагони ӯ ва душмани душманони ӯ будан. Ва дигаре, дар айни ишқ, хоиф будан, чаро ки бар хилофи гумони баъзе, ки ҳуббу хавфро носозгор медонанд, “ҳайбат маълули идроки азамат ва муҳаббат маълули идроки ҷамол аст” ва ин ҳар ду дар ҳаққи Худованд содиқ аст. (4/330-335)
Ошиқон ҳар чиро маъшуқ меписандад, меписанданд. Аммо ризо ба қазои илоҳӣ албатта натиҷа намедиҳад, ки ба куфру исён, ки ҳар ду ба қазои ӯ воқеъ мешаванд ризо диҳанд; чаро ки маъсият ду ҳайсият дорад: яке он ки муроди Худованд аст ва дигар он ки касб ва васфи банда ва аломати дур будани ӯ аз Худованд аст. Аз ҳайси аввал ба маъсият ризо бояд дод ва аз ҳайси дуввум бояд онро макрӯҳ ва манфур дошт. (4/352)
Ба ҳамин далел, шайтонро низ бояд лаън кард ва душман дошт, чаро ки Худованд ӯро аз ҳазрати худ рондааст, дар ҳоле, ки медонем ӯро ба қаҳру қудрати худ маҷбур ба мухолифат кардааст. Хашми ошиқон тобеъи хашми маъшуқ аст ва ҳар ки мағзуби ӯст, мағзуби инон ҳам хоҳад афтод. (4/353)
Ҳамчунин аст дуо, ки он ҳам бо ризо ба қазои илоҳӣ тазодде надорад, чун ӯ худ хостааст, ки одамиён дуо кунанд, то хушӯъи дил ва риққати тазаррӯъ дар онон пайдо шавад ва мӯҷиби мазиди кашф ва ҷалби лутф нисбат ба онон гардад. (4/354)
Китоби ният ва ихлос ва сидқ ва китоби муроқаба ва муҳосаба ва китоби фикр
“Китоби ният ва ихлос ва сидқ” ва “Китоби муроқаба ва муҳосаба” ва “Китоби фикр”, се китобе ҳастанд, ки аз паси “Китоби муҳаббат” меоянд ва ҳовии мӯшикофиҳо ва инзору тахвифҳои чашмгушо ва ҷигаршикофи Ғаззолӣ ҳастанд ва ба хубӣ ошкор мекунанд, ки вай дар хилвати хеш чӣ гуна бо нафс дармепечидааст ва дар завоёи ихлос ва риё чӣ кунҷковиҳо мекардааст ва нафсро чӣ гуна таҳти “мушората ва муроқаба ва муҳосаба ва муъоқаба ва муҷоҳада ва муъотаба” қарор медодааст ва аз ҳар баҳонае баҳра меҷустааст, то гунаҳкорони ғофилро бар сари ғайрат оварад ва дар дили санг ва чашми хушкашон заррае риққат ва қатрае ашки хашят биншонад.
Аз бахшҳои дилрубои “Китоби муроқаба” бахше аст махсуси аҳволи “Нисои муҷтаҳидот” (4/414). Ғаззолӣ дар ин бахш, мардонро ба “муҷоҳадати занона” тарғиб мекунад ва наҳиф мезанад, ки:
Чӣ марде бувад, к-аз зане кам бувад?
Ва он гоҳ шарҳе дар сулуку ибодати Ҳабибаи Адавия ва Шаъвона ва Афира ва Маъозаи Адавия ва Реҳлаи Обида ва дигарон меоварад ва дар охир хонандаро ба мутолеаи китоби “Ҳилятул-авлиё”-и Абӯнаъими Исфаҳонӣ роҳнамоӣ мекунад. (4/414-416)
Китоби ёди марг ва мобаъди он
“Китоби зикрул-мавт ва мобаъдаҳ” охирин ва баландтарин китоб аз кутуби 40-гонаи “Эҳёу улумуд дин” аст ва дар он аз ёди марг ва фазилати кӯтоҳ кардани орзу ва сакароти марг ва шарҳи вафоти Паёмбар (с) ва хулафо ва ақволи солеҳон ҳангоми марг ва ҳақиқати марг ва суолу ҷавоб ва азоб ва фишори қабр ва сипас аҳволи рӯзи растохез ва муҳосабаи аъмол ва мизон ва сирот ва шафоат ва ҳавзи Кавсар ва ҷаҳаннам ва биҳишт ва ҳури айн ва назар ба рӯйи Худованд сухан рафтааст ва шояд танҳо китобе бошад, ки Ғаззолӣ дар он аз “кашфу истибсори худ” сухан гуфта ва доварӣ дар умури азоби қабрро бад-он муттакӣ кардааст.
Ӯ менависад, ки гӯри ағниёи дунёпараст аз мору ақраб пур аст ва аз Паёмбар (с) нақл мекунад, ки “99 аждаҳо дар қабр ба ҷони кофир меандозанд, ки ҳар аждаҳое ба андозаи 99 мор аст, ки ҳар мор 9 сар дорад…” (4/500)
Он гоҳ аз қавли мӯътариз меоварад, ки ҳар чи дар қабри кофирон менигарем, мору ақрабе намебинем ва дар ҷавоб мегӯяд, ки тасдиқи ин суханон аз се роҳ мумкин аст: яке он ки онро амре малакутӣ бидонӣ, ки чашми ҳис аз диданаш нотавон аст ва ин саҳеҳтарин ва зоҳиртарин роҳ аст, чаро ки мору каждуми қабр аз ҷинси мору каждуми олами мо нест, балки аз ҷинси дигаре аст ва ба ҳисси дигаре идрок мешавад.
Дуввум он ки ҳоли шахси хуфтаеро дар назар оварӣ, ки дар хоб мору каждум ӯро мегазанд ва ӯ шиканҷа мекашад. Вазъи ӯ ҳеч фарқе бо бедорон надорад, ҷуз ин ки мору каждуме дар канори ӯ дида намешавад.
Севвум ин ки бингарӣ, ки мор худ эзо (азият) намекунад, балки заҳри ӯ муҳлику музӣ (азияткунанда) аст. Ва тоза, худи заҳр ҳам мустақиман музӣ нест, балки асари заҳри ӯ танозор аст ва аз ин рӯ ранҷе, ки ба бадани касе мерасад, гоҳ беҳтарин тавзеҳаш он аст, ки бигӯем: гӯӣ мор ӯро газидааст. (4/500-501)
Ҳол, мехоҳӣ бидонӣ кадом як аз он маъонӣ дуруст аст. Дар ин боб ақвол мухталиф аст, аммо “ҳаққе, ки бар мо ба тариқи истибсор ошкор шуда, ин аст, ки ҳамаи он маъонӣ метавонанд дуруст бошанд… аз ин рӯ тақлидан бад-он мӯътақид шав, чун касе, ки онро таҳқиқан бидонад, бисёр нодир аст.” (4/502)
Охирин боби ин китоб дар вусъати раҳмати илоҳӣ аст (4/544 ба баъд) ва Ғаззолӣ дар он аз “туғёни қалам дар ин китоб ва дигар китобҳояш ва аз ақволе, ки бо аъмолаш мувофиқ наафтодааст… ва низ аз тасаннӯъ ва тазайюн дар калом…” истиғфор мекунад ва барои мутолеакунандагон ва носихони китобаш низ раҳмату мағфират металабад ва пас аз зикри ривоёте дар боби раҳмати густурдаи илоҳӣ, китобро бо дуое ба поён мебарад. (4/547)
“Эҳёул улум” пас аз тадвин
Китоби “Эҳё” аз ҳамон овони тадвин мавриди баҳсу дарсу нақду радду талхис қарор гирифт ва бадал ба мавзӯе ҳодисаофарин гашт. Ибни Арабӣ, фақеҳи моликӣ (даргузашт 543 қ. муъодили 1148 м.) мегӯяд, ки китоби “Эҳё”-ро дар 490 қ. дар Бағдод аз худи Ғаззолӣ самоъ кардааст (Бадавӣ, с.546) ва ҳам ӯст, ки гуфтааст: шайхи мо Абӯҳомид фалосифаро балъид, аммо натавонист онҳоро истифроғ кунад. (Заҳабӣ, 19/327) Ҳамчунин аст Абӯсаъиди Навқонӣ, ки абётеро аз Ғаззолӣ ҳангоми тадриси “Эҳё” нақл мекунад. (Зубайдӣ, 1/25)
Вокунишҳо алайҳи “Эҳё” баъд аз нашр
Нашри васеъи “Эҳё” дар билод ва мамолики исломӣ, вокунишҳои сареъ ва гоҳ анифе бар зидди он барангехт, то ҷойе, ки худи Абӯҳомидро дар дараҷаи аввал водор ба навиштани посух кард.
Китоби “Ал-имло ъан ишколотил-Эҳё” нахустин китобе аст, ки дар дифоъ аз “Эҳёул улум” ва ба дасти мусаннифи он таълиф шудааст. Ғаззолӣ дар ин китоб аз қосирон ва авомфиребоне, ки “ба муҷарради ҳаво”, фатво ба тарди “Эҳёул улум” додаанд ва онро золлу музилл хондаанд ва хонандагонашро ба баддинӣ муттаҳам кардаанд, гила мекунад ва чунин рафтореро дар замоне, ки “арбоби таҳқиқ рафтаанд ва ғолибан ҷуз аҳли тазвиру фусуқ намондаанд”, аҷиб намеёбад (“Ал-имло” 5/13)
Вай дар ин китоб, ба ишколот ва суолот посух медиҳад: чаро тавҳидро бар 4 мартиба тақсим кардааст ва ба чӣ маънӣ ифшои сирри рубубиятро куфр хондааст ва чаро нафсу руҳро мутафовит шумурдааст ва чаро одамиёнро низ дар хӯри илҳому шунидани каломи ниҳонии Худованд донистааст ва чаро гуфтааст, ки:
لیس فی الإمکان أبدع مما کان
— ва наофаридани олами комилро мусталзими бухли Борӣ дониста, дар ҳоле, ки барои фоъили мухтор, ин айни камол аст, ки чизеро битавонад ва наёфаринад ва ба чӣ маънӣ бар қавли Саҳли Тустарӣ (Шуштарӣ) сиҳҳа ниҳодааст, ки:
العلم سرّ لو انکشف بطلت الأحکام
— лекин ҳамчунон ки худи ӯ ҳам медонист, ин посухҳо ба ҳеч рӯ дофеъи таъни тоъинон набуд.
Таъни муҳаддисон
Муҳаддисон дар вай таън заданд, ки илми ҳадис намедонад ва аз ин рӯ ахбори заифи бисёр дар китоби худ овардааст. Ва фақеҳон вайро ба фурӯхтани фиқҳ ба тасаввуф ва омехтани дин ба ақволи юнониён ва сӯфиён ва афкори Ихвонуссафо муттаҳам доштанд.
Таъни наҳвиён
Наҳвиён ҳам айбҳои наҳвӣ дар мактуботи ӯ нишон доданд. Ибни Арабӣ (-и фақеҳ) ва Мозурӣ ва Тартушӣ ва Қозӣ Аёз ва Ибни Мунайир (аз моликиён) ва Ибни Салоҳ ва Юсуфи Димишқӣ ва Бадруддини Заркашӣ ва Бурҳонуддин Бақоӣ (аз шофеиён) ва Ибни Ҷавзӣ ва Ибни Таймия ва Ибни Қайим (аз ҳанбалиён), бузургтарин ва машҳуртарини мухолифони вай буданд. (Зубайдӣ, 1/40)
Дидгоҳи бузургон
Заҳабӣ
Заҳабӣ посухи Муҳаммади Мозурӣ, муаллифи китоби “Ал-кашфу вал-инбо ъан китобил-Эҳё”-ро ба пурсандагон аз раъйи вай дар боби “Эҳёул улум” чунин меоварад: “Дар номаҳои худ гуфтаед, ки мардум дар бораи он орои мухталиф баргирифтаанд; иддае мутаассибона тарафдори онанд ва иддае аз он ҳазар мекунанд ва дигаронро ҳам барҳазар медоранд ва иддае ҳам кутуби Ғаззолиро месӯзонанд”.
Он гоҳ пас аз ситоиши мақоми фиқҳии Ғаззолӣ мегӯяд, ки фиқҳдонии вай аз усулдонии ӯ беҳтар аст ва дар илми калом мутабаҳҳир нест ва сабабаш ҳам он аст, ки вай қабл аз хондани усули дин фалсафа хонд ва ҳамин ба ӯ ҷуръат дод, ки бар ҳақоиқ ва маъонӣ ҳуҷум бибарад ва ҳурмати онҳоро нашносад ва чунонки ба яке аз дӯстони ман хабар дода, ба мутолеа ва тааммул дар “Расоили Ихвонуссафо” ҳам муштағил будааст. (19/340-341; Зубайдӣ, 1/28)
Ибни Ҷавзӣ
Ибни Ҷавзӣ низ аз мухолифони сарсахти ӯ буд ва дар китобе ба номи “Эъломул-аҳё би ағлотил-Эҳё”, ғалатҳои “Эҳёул улум”-ро гирдоварӣ кард.
Вай дар “Ал-мунатзам” (9/169) ва дар “Талбиси Иблис” (с.165) низ Ғаззолиро ба “хуруҷ аз қонуни фиқҳ” муттаҳам намуд. Ӯ ҳикоёти ғариберо, ки Ғаззолӣ аз сӯфиён дар “Эҳёул улум” овардааст, нақл мекунад, аз қабили он ки касе касе дигарро аҷир карда буд, ки дар ҳузури мардум ба вай дашном диҳад, то ӯ ҳалим гардад ё дигаре, ки эҳсоси ҷубн мекард, барои касби шуҷоат, дар зимистон ва ҳангоми талотуми амвоҷи дарё бар киштӣ савор мешуд ё яке аз машойих, ки дар ибтидои сулук омодаи шабхезӣ набуд, як шаби тамом шабро бар сари хеш истод ё касе, ки барои дафъи ҳубби мол, ҳамаи мамлукоти худро фурӯхт ва баҳои онро ба дарё афканд… Ва сипас мепурсад: “Оё ҷоиз аст касе мусалмонеро бесабаб дашном диҳад?… Оё ҳангоми талотуми дарё ҷоиз аст касе савори киштӣ шавад, бо ин ки медонем дар чунин аҳволе фаризаи ҳаҷ ҳам соқит мешавад… Ҳаққан, ки Ғаззолӣ фиқҳро ба тасаввуф арзон фурӯхтааст.” (Ҳамон, 352-353)
Дигар бузургон
Ибни Таймия ва шогирдаш Ибни Қайим бизоати Ғаззолиро дар ҳадис “музҷот” (чизи андак) хондаанд. (Зубайдӣ, ҳамон ҷо) Ибни Касир низ ба аҳодиси ғариб ва маҷъули “Эҳё” ишора мекунад, лекин истифода аз чунин аҳодисеро дар мақоми тарҳибу тарғиб, камишкол мешуморад. (12/174)
Тарафдорони “Эҳё”
Дар канори ин душманиҳо ва таънҳо ва китобсӯзиҳо, “Эҳёул улум” тарафдорони бисёр ҳам пайдо кард ва рафта-рафта ба сурати марҷаъи ғанӣ ва асил дар ахлоқ ва тасаввуфи илмӣ даромад, ки гоҳ хитобиёташро бар “Бурҳониёт”-и Бӯалӣ тарҷеҳ ниҳоданд. (Ба нақл аз “Кашкул”-и Шайх Баҳоӣ) ва дар ҳаққи он гуфтанд, ки агар ҳамаи кутуби исломӣ аз миён бираванд ва фақат “Эҳёул улум” бимонад, ҷойи ҳамаи онҳоро пур хоҳад кард. (Зубайдӣ, 1/27) ё ин ки “Эҳё” ҳамрутбаи Қуръон аст ё он ки мурдагон агар зинда шаванд, зиндагонро ҷуз ба хондани китоби “Эҳё” тавсия нахоҳанд кард. (Айдарус, 5/4)
Низ дар атрофи он, кароматҳо ва воқеаҳои ғайбӣ ва қудсӣ падид оварданд, ки филмасал Қозӣ Аёз, ки фатво ба сӯзондани китоби “Эҳё” дода буд, мавриди нафарини Ғаззолӣ қарор гирифт ва ҳамон дам мурд. Ва Ибни Ҳарзиҳим, ки аз тоъинони Ғаззолӣ буд ва ба сӯзондани китоби вай ҳиммат гумошта буд, дар хоб ба амри Расулуллоҳ тозиёна хӯрд ва баъдан осори тозиёна дар баданаш дида мешуд. (Зубайдӣ, 1/27-28)
Нақдҳо ва кароматҳои ёдшуда ҳама мутааллиқ ба олимони ҳамкеши Абӯҳомид Ғаззолӣ аст, ки ба сустиҳо ва кажиҳои орои сӯфиёна ва файласуфонаи Ғаззолӣ дар “Эҳёул улум” хӯрда гирифтаанд ё аз онҳо дифоъ кардаанд.
Нақдҳо
Аз муосирон, Аминӣ дар китоби “Ал-ғадир” нақде бар “Эҳёул улум” навишта ва пас аз зикри машрӯҳи хӯрдагириҳои Ибни Ҷавзӣ дар “Ал-мунтазам” ва “Талбиси Иблис”, худ низ бар фатвои Ғаззолӣ ба ибоҳаи ғино ва самоъ ва рақс ва ғайра… ва нисбат додани онҳо ба паёмбари бузурги ислом ва низ наҳйи вай аз лаъни Язид, бо лаҳне тунду дурушт таън задааст ва суханони он “мутасаввифи пургӯ”-ро ғайри қобили дифоъ хондааст. (11/161 ба баъд)
Ӯ ҳамчунин нукоти ёдшударо бо шарҳи бештар ва ҳамроҳ бо нукоти дигар дар муқаддимаи “Ал-маҳаҷҷатул-байзо фи таҳзибил-Эҳё” оварда ва дар онҷо Ғаззолиро ба сабаби суханони носавобаш “марди мағлуби шайтон” хондааст.
Инкори мункирон ва таънашон дар аҳодис ва матолиби “Эҳёул улум”, олимонро барангехт, то кутубе дар тахриҷи аҳодиси “Эҳё” ва шарҳу тавзеҳи матни он бинависанд. Нахуст Зайнуддин Абулфазл Абдурраҳими Ироқӣ (даргузашт 806 қ.) дар 751 қ. аҳодиси “Эҳё”-ро дар чанд муҷаллад мавриди баррасии наққодона қарор дод ва саҳеҳу заъифу ғарибу муснаду мурсали онҳоро боз намуд ва пас аз такмил, талхиси онро дар 760 қ. дар як ҷилд бо номи “Ал-муғнӣ ъан ҳамлил-асфор фил-исфор фи тахриҷи мо фил-Эҳёи минал-ахбор” арза кард. (Зубайдӣ, 1/40-41; Бадавӣ, 117).
Баъд аз ӯ шогирдаш Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ нуқсонҳои он китобро дар як ҷилди дигар истидрок кард.
Шайх Қосим ибни Қутлубғои Ҳанафӣ (даргузашт 879 қ.) ҳам дар китобе ба номи “Туҳфатул-аҳё фимо фота мин тахриҷи аҳодисил-Эҳё”, дастаи дигаре аз афтодагиҳои китобҳои қаблиро ҷуброн намуд. (Зубайдӣ, 1/41)
Субкӣ ҳам дар интиҳои шарҳи ҳоли Ғаззолӣ фасли баланде гушуд ва дар беш аз 100 сафҳа аҳодиси бе исноди “Эҳёул улум”-ро гирдоварӣ кард. (6/287 ба баъд)
Шарҳҳо ва талхисҳо
Танҳо шарҳи мабсути мавҷуд бар “Эҳёул улум” аз они Сайид Муҳаммад ибни Муҳаммади Ҳусайнии Зубайдӣ машҳур ба Муртазо аст, ки дар садаи 12 қ. дар 10 ҷилд ба номи “Итҳофус содатил муттақин би шарҳи Эҳёи улумуд дин” нигошта шудааст ва дар он ба тафсил аз забти алфози мушкил ва ташреҳи масоили муҷмали “Эҳёул улум” сухан рафтааст.
Зубайдӣ дар муқаддимаи мабсути худ, ду китоби “Аз-зариъа”-и Роғиби Исфаҳонӣ ва “Қутул-қулуб”-и Абӯтолиби Маккиро аз мароҷеъ ва манобеъи муҳимми “Эҳёул улум” зикр мекунад ва умдаи такяи Абӯҳомид дар таълифи он китобро бар онҳо медонад.
Нахустин ва беҳтарин талхис аз “Эҳёул улум”, ба дасти худи мусанниф ба форсӣ ба номи “Кимиёи саодат” таҳия шуд, ки аз аҳамми кутуби ахлоқӣ ва адабӣ дар забони порсӣ аст.
“Лубобул-эҳё” аз бародараш, Аҳмади Ғаззолӣ ва “Минҳоҷус-қосидин” аз Ибни Ҷавзӣ низ аз талхисҳои дигари он китоби бузург аст. Ва ҷуз онҳо низ хулосаҳои дигаре дар китобхонаҳои ҷаҳон мавҷуд аст, ки ҳама ҳикоят аз эҳтимоми мусалмонон ба тарвиҷу таълими ин китоб дорад.
Китоби “Ал-маҳаҷҷатул-байзо фи таҳзибил-Эҳё” аз мулло Мӯҳсини Файзи Кошонӣ (даргузашт 1091 қ.), дар миёни ҳамаи талхисҳо ва шарҳҳои нигошташуда бар “Эҳёул улум”, манзилати мумтоз ва арҷманде дорад ва Файз, ки худ ахлоқӣ ва муҳаддис ва муаллифе забардаст буд, қадри китоби “Эҳёул улум”-ро ба некӣ медонист ва “ҷавдат ва матонат”-и алфоз ва иборот ва низ дарунмояи ахлоқии “Эҳё”-ро арҷ мениҳод. Ва агар нуқсоне дар он медид, яке вуруди ҳикоёти аҷиб ва қасаси хурофии сӯфиён дар он буд ва дигаре мубтанӣ буданаш бар фиқҳи аҳли суннат ва бар –
مبتدعات أهل أهواء کاسدة
— ва муштамил буданаш бар ривоёти манқул аз машҳурон ба кизб.
Бад-ин сабаб вай ба таҳзиби “Эҳёу улумид дин” даст гушуд ва онро дубора эҳё кард ва дар бознависии хеш, ҷомае шиъӣ бар он дарпӯшонид ва достонҳои ёваро ҳазф кард ва ривоёту маъорифи шиъиро бар он афзуд, бидуни ин ки дар ибороти китоб даст бибарад ё тартиби абвобу фусули онро дигаргун кунад. Ба тавре, ки инак се рубъи китоби “Ал-маҳаҷҷатул-байзо фи таҳзибил-Эҳё” айнан ҳамон аст, ки дар “Эҳёул улум” омадааст ва тафовут дар рубъи боқимонда аст.
Танҳо ҳазфу тағйире, ки Файз дар китобҳои 40-гонаи “Эҳёул улум” додааст, нишондани китоби “Одобуш-шиъа ва ахлоқул-имома” ба ҷойи “Одобус-самоъ вал-ваҷд” аст; он ҳам ба ин далел, ки –
السماع والوجد لیس من مذهب أهل البیت
Файз дар муқаддимаи китоб, қавли Ибни Ҷавзиро гувоҳ меоварад, ки “Сиррул ъоламин” аз они Ғаззолӣ аст ва натиҷа мегирад, ки вай гарчӣ дар ҳини таълифи “Эҳёул улум” шиъӣ набуда, пас аз он ташайюъ ихтиёр кардааст ва дар зимн “Ал-маҳаҷҷатул-байзо фи таҳзибил-Эҳё” низ дар китоби “Қавоъидул ақоид” (Пояҳои ақоид) иборотеро аз “Сиррул ъоламин” дар боби воқеаи Ғадири Хум ва таъйиди эътиқодоти шиъӣ дарҷ мекунад. (172)
Муноқишаи муҳимми Файз бо Ғаззолӣ, беш аз ҳама ҷо, дар китобҳои риёзати нафс ва таваккул ва тавҳид ва фақр ва зуҳд аст, ки дар он, бар зуҳду тақашшуфи дилшикоф ва машаққатзо ва Худонописанди Ғаззолӣ хӯрда мегирад ва онро аз наҳҷи эътидол ба дур медонад ва ба ҷойи он машраби мӯътадили аҳли байтро менишонад.
Таъдили ашъарияти хушк ва танқеҳи тасаввуфи зиндагисӯзи Ғаззолӣ, виҷҳаи ҳиммати Файз дар ин китоб аст ва ҳам ӯст, ки гуфтааст: “Ин сухан, ки агар “Эҳёул улум” аз миён биравад, ба ислом зиёни бисёр хоҳад расид, аммо агар ҳамаи китобҳои ҷаҳон аз миён бираванд, зиёни чандоне ба ислом нахоҳад расид, дар ҳаққи “Ал-маҳаҷҷатул-байзо фи таҳзибил-Эҳё” содиқ аст, на “Эҳёул улум”, ки мабҳаси имоматро надорад”. (173)
Тарҷима ба забонҳои мухталиф
Танҳо тарҷумаи комили форсии ин китоб аз Муайидуддин Муҳаммади Хоразмӣ аст, ки дар 620 қ. ба ишораи Шамсуддин Илтутмиш, подшоҳи порсидони Ҳинд фароҳам омада ва илова бар тарҷума, муштамил бар ҳазор фоида аст, ки афзудаи мутарҷим аст ва дар асли китоб нест ва дар баёни аҳкоми фиқҳӣ, илова бар мазҳаби шофеӣ, ки мухтори Абӯҳомид аст, ба зикри орои мазоҳиби дигар низ пардохтааст. Тарҷумаҳое ба урду, фаронса, англисӣ, олмонӣ ва испониёӣ низ аз “Эҳёул улум” сурат пазируфтааст.
Иқтибоси таълифоти дигар аз “Эҳё”
Кутуби ахлоқии “Ҷомеъус-саодот” аз мулло Маҳдии Нароқӣ (даргузашт 1209 қ.) ва “Меъроҷус-саода” аз писараш мулло Аҳмади Нароқӣ (даргузашт 1245 қ.) ошкоро мутаассир аз “Эҳёул улум”-и Ғаззолӣ аст ва гарчӣ муаллифони онҳо дар табвиб ва тақсими разоилу фазоил аз сармашқи юнонӣ пайравӣ кардаанд, матолиби бисёр аз “Эҳёу улумид дин”-ро дар каломи худ овардаанд.
Аз миёни орифон ва адибони порсизабон ҳам ду шоири бузурги ҳамзамон, яъне Саъдӣ дар “Гулистон” ва ”Бӯстон” ва Мавлавӣ дар Маснавӣ, аз афкори Ғаззолӣ ва хусусан аз “Эҳёу улумид дин” таъсири бисёр пазируфтаанд. Ба тавре, ки агар мақулаи ишқ ва тавобеъ ва лавозими онро аз Маснавӣ ҳазф кунем, он чи мемонад, ба тақриби баёни тоза ва дилнишин ва шоиронае аз таълимоти Абӯҳомид дар “Эҳёул улум” аст.
Назарияи ғафлати Ғаззолӣ дар Маснавӣ бозтоби густурдае ёфтааст. (1/126, 2/344)
Ҳамчунин аст таън дар калом ва фалсафа ва тақаддум бахшидан ба улуми шуҳудӣ ва илҳомӣ (1/130, 3/38, 406) ва бехудона будани дуои мутаввакилон ва дуо накардани онон (2/127, 389-391) ва ширксӯз будани ишқ (3/ 39) ва ба хорӣ нигаристан дар куффор (3/411) ва касире аз мавориди дигар (дар хусуси “Ал-маҳаҷҷатул-байзо фи таҳзибил-Эҳё”-и Файз ва Маснавии Мавлавӣ ва нисбаташон бо “Эҳёу улумид дин”)
Саъдӣ низ аз нахустин сатри “Гулистон”, ки мегӯяд: “Дар ҳар нафасе ду неъмат мавҷуд аст ва бар ҳар неъмате шукре воҷиб”, иқтибос ва таассури худро аз “Эҳёул улум” (4/123) менумоёнад ва он ҷо, ки дар тарбияти фарзандон мегӯяд:
Чӯби тарро чунонки хоҳӣ, печ,
Нашавад хушк ҷуз ба оташ рост.
(Гулистон, 155), айни иборати Ғаззолӣ дар “Китоби муроқаба ва муҳосаба”-ро тарҷума мекунад. (4/418)
Достони берун омадани Боязид аз гармоба ва хокистар рехтан бар сари ӯ (Бӯстон, 116) низ ду бор дар ду мавзӯъи “Эҳё” омадааст.
Ба илова, ки руҳи тарбиятии ҳоким бар “Бӯстон”-и Саъдӣ, сибғаи таассури шадид аз Ғаззолӣ дорад. “Ҷидоли Саъдӣ бо муддаӣ дар баёни тавонгарӣ ва дарвешӣ” (Гулистон, 162) низ, таҳрири адибона ва пардохти достоннависонае аст аз баҳси Ғаззолӣ дар боби тафзили фақр бар ғино ва нақди мулойими аст аз Саъдӣ, ки “парвардаи неъмати бузургон” аст нисбат ба он.
Ҷуз ин кутуби машҳур, таъсири мустақим ва ғайримустақими “Эҳёул улум”-ро дар касире аз кутуби хурдадурушти дигар, дар тӯли таърихи фарҳанги исломӣ метавон пай гирифт.
* * *
(1) Ушнон: гиёҳе шӯр ва хушбӯ барои шустушӯи даст ва либос.
(2) Ҳисба: аз ташкилоти идорӣ ва динӣ дар ҳукуматҳои исломӣ, ки бар умури иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва беҳдоштӣ назорат мекардааст.
(3) Муҳтасиб: мақоме дар сохтори давлатҳои исломӣ буд, ки дар раъси ниҳоди ҳисба қарор мегирифт.
Поёни мақола
Сайид Абдулкарими Суруш
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: