ЮНЕСКО иди Фитр ва Қурбонро ба расмият шинохт
Ахбори фарҳангии Ҷаҳони Ислом
Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО дар 43-умин конфронси умумии ЮНЕСКО дар Самарқанди Ӯзбекистон, ду иди бузурги исломии Фитр ва Қурбонро ба расмият шинохт.
Ба гузориши Iranpress, ин тасмим дар пайи пешниҳоди Андунезӣ (Индонезия) ва бар асоси мусаввабаи 219-и Шӯрои иҷроӣ дар конфронси умумӣ ба тасвиб расид.
Бар асоси ин мусавваба, конфронси умумӣ аз мудири кулли ЮНЕСКО хостааст, ки ҳар сол паёми вежае дар гиромидошти ин ду иди бузурги исломӣ мунташир кунад, то аҳамияти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ин муносибатҳо дар саросари ҷаҳон ёдоварӣ шавад.
qalamonline.net
Қаламонлайн













