Як низомии исроилӣ ҳамразмонашро тирборон кард

Як низомии исроилӣ ҳамразмонашро тирборон кард

Ахбори байналмилал
Расонаҳои режими саҳюнистӣ гузориш доданд, яке аз низомиёни ин режим, ки ба тозагӣ аз ҷанги Ғазза баргашта, ба далели мушкилоти руҳӣ ва равонӣ, ба самти ҳамразмонаш тирандозӣ кардааст.
Ба гузориши Teller Report, Шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод, як сарбози исроилӣ, ки ба тозагӣ аз ҷанги Ғазза бозгашта, пас аз бедор шудан аз як кобус, ба ҳамразмонаш дар утоқе шиллик кард.
Бар асоси ин гузориш, ин ҳодиса рӯзи душанбе дар рустои Атлот дар Асқалон рух дод, ки як сарбоз аз типи чатрбозон пас аз дидани як хоби бад, саросема бедор мешавад ва ба девори утоқе, ки дар он буд тирандозӣ мекунад ва боис мешавад, то ба сурати нохоста шуморе аз ҳамразмонаш бар асари ин тирандозӣ захмӣ шаванд.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таслими Исроил дар баробари шартҳои муқовамат
Ҳамлаи муқовамати исломии Ироқ ба Исроил

Матолиби пурбоздид