Як сабад хушбахтӣ

Адаб

Як сабад хушбахтӣ

Зане дар даст сабади гули хушбахтиро дошт ва ба ҳар роҳгузар ҳадя мекард. Дақиқа ба дақиқа аз шодӣ бол бароварда, чашмонаш барқ мезаду табассуми зебо мекард. Ногаҳ бачаяке аз ӯ пурсид: Чӣ мешавад, ҳамин гулҳоро ҳадя накунеду бифурӯшед. Пули зиёде ба даст меоред.

Зан гуфт:

– Хушбахтиро харида намешавад, танҳо ҳадя карда метавонӣ. Ту ҳам аз сабад бигир ва ба азизонат бидеҳу вақте калон шудӣ, ту ҳам мисли ман ҳадя намо.

Писарак ҳайрон шуд аз гапи зан.

Солҳо гузашт… Зиндагӣ бачаро ба ҳар тобе бичархонд…

Дар миёни бозори серодаме, ки касе парвои касе надошт, як муйсафеде дар даст сабади гули хушбахтӣ дошту ҳадя мекард.

Падар метавонам сабади гули шуморо бихарам , гуфт нафаре дар миён. Ҳоҷати тақсим кардани шумо нест.

– Писарам, ман, гул не хушбахтиро ҳадя мекунам, чун дар бозори зиндагӣ онро намефурӯшанд…

Яке борони раҳмат борид, бӯйи гулҳои рангоранг ба машоми ҳар кас расид. Аз барои чӣ бошад, ҳама шод менамуданд.

Меҳрафзои Азиз

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ибни Сино ва Декорт
Кабирӣ: «Раҳмон ба Аврупо ва Амрико даъвати расмӣ нашудааст»

Матолиби пурбоздид