Яман аз ҳамла ба киштиҳои исроилӣ ва омрикоӣ хабар дод

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз ҳамла ба киштиҳои исроилӣ ва омрикоӣ хабар дод

Ахбори байналмилал

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман баёнияеро дар бораи амалиёти ҷадиди ин нерӯҳо алайҳи режими саҳюнистӣ қироат кард ва аз ҳадаф қарор гирифтани 2 киштии омрикоӣ ва 2 киштии режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ба гузориши Алъолам, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар ин баёния хотирнишон кард:

“Чаҳор амалиёти низомӣ дар халиҷи Адан алайҳи ду киштии исроилӣ ва ду киштии омрикоӣ анҷом додем.”

Дар ҳамлаи аввал як киштии исроилӣ ба номи MSC Darwin ҳадаф қарор гирифт, киштии дуввум низ ба номи MSC Guinea барои бори дуввум дар халиҷи Адан ҳадаф қарор гирифт.

Дар ҳамлаи севвум киштии омрикоии MAERSK YORKTOWN дар халиҷи Адан мавриди ҳадаф қарор гирифт.

Дар ҳамлаи чаҳорум як нови ҷангии омрикоӣ бо чандин фарванд паҳпод ҳадаф қарор гирифт.

Яҳё Сареъ ҳамчунин гуфт, ки дар ин ҳамалот аз мушакҳои муносиби дарёпоя ва паҳподҳо истифода шудааст.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сиёсати Эрдуғон дар қиболи Исроил чӣ гуна натиҷаи акс доштааст
Сойтҳои Вазорати дифои Исроил ҳак шудааст

Матолиби пурбоздид