Яман: “Иҷозаи убури киштиҳо ба мақсади режими саҳюнистиро намедиҳем!”

Яман: “Иҷозаи убури киштиҳо ба мақсади режими саҳюнистиро намедиҳем!”

Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, хабар дод, ки ин кишвар иҷоза нахоҳад дод, киштиҳое, ки озими Фаластини ишғолӣ ҳастанд, аз обҳои Яман убур кунад, магар ин ки ҳомили дору ва ғизо барои мардуми Ғазза бошанд.

Сареъ ҳамчунин гуфт: “Ҳар киштӣ, ки озими режими саҳюнистӣ бошад, ҳадафи машрӯъе барои мо хоҳад буд. Ба ҳамаи киштиҳо ва ширкатҳо ҳушдор медиҳем, ки ҳеч иртиботе бо бандарҳои исроилӣ надошта бошанд.”

Вай бо ишора ба ин ки тасмими мумонаъат аз убури ҳамаи киштиҳо ба самти Фаластини ишғолиро аз ҳамин лаҳза иҷроӣ мекунанд, тасреҳ кард: “Тасмими ҷилавгирӣ аз вуруди киштиҳои хориҷӣ ба ин режим пас аз он иттихоз шуд, ки иҷоза надодем киштиҳои исроилӣ аз баҳри Сурх ва Араб убур кунанд.”

Сартип Яҳё Сареъ дар поён гуфт: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман хостори идомаи ҳаракати ҳамаи киштиҳост, ба ҷуз киштиҳое, ки марбут ба исроилӣ бошад ё ба бандарҳои исроилӣ коло мунтақил кунад.”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман соате пеш ҳам гуфт, ки тайи соатҳои гузашта, бо шумори зиёде паҳпод, аҳдофи мухталиферо дар умқи Фаластини ишғолӣ ҳадаф қарор доданд.

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Афсари исроилӣ, ки барои ҳадяи таваллуди духтараш хонаи фаластиниҳоро мунфаҷир кард, ба ҳалокат расид
Ҳамлаи мушакӣ ба сафорати Омрико дар Бағдод

Матолиби пурбоздид