Яман киштии Бритониёро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор дод

Яман киштии Бритониёро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор дод

Ахбори байналмилал

Farsnews

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард, ки дар посух ба ҳамалоти Омрико ва Англис, як киштии тиҷории мутааллиқ ба Ланданро дар баҳри Сурх, ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор додаанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, шомгоҳ дирӯз (панҷшанбе, 1 феврал) хабар дод, ки дар ҳимоят аз миллати Фаластин ва дар посух ба ҳамалоти Омрико ва Англис, нерӯи дарёии Яман як киштии тиҷории Бритониёнро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор додааст.

Сареъ бо ишора ба ин ки ин киштӣ озими бандарҳои Фаластини ишғолӣ буда ва бо мушакҳои дарёӣ ҳадаф қарор гирифтааст, гуфт: “Амалиёти нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баҳри Сурх ва Араб алайҳи киштиҳои исроилӣ ва киштиҳои озими бандарҳои Фаластини ишғолӣ, то замони таваққуфи ҳамалот ва шикасти муҳосираи Ғазза идома хоҳад дошт.”

Гуфтанист, нерӯҳои мусаллаҳи Яман ба дунболи ташдиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ба ҳеч киштии муртабит бо ин режим ва киштиҳое, ки мақсади онҳо Фаластини ишғолӣ аст, иҷозаи убур аз баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандибро надодаанд. Омрико ҳам дар идомаи ҳимоятҳои худ аз Телавив, пас аз шиддат гирифтани амалиётҳои Яман алайҳи киштиҳои саҳюнистӣ, эътилоферо барои муқобила бо нерӯҳои мусаллаҳи Яман ташкил дод.

Farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раҳбари Ансоруллоҳ: “Нафарини Ғазза, гиребони Омрико ва Исроилро мегирад”
Амр ба маъруф ва мафҳуми он

Матолиби пурбоздид