Яман киштиҳо ва новшикани амрикоиро ҳадаф қарор дод

Яман киштиҳо ва новшикани амрикоиро ҳадаф қарор дод

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман: 3 киштӣ ва новшикани омрикоӣ ва исроилиро ҳадаф қарор додем

Ахбори байналмилал

Masirahtv

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, аз ҳамалоти паҳподӣ ва мушакии нерӯҳои ин кишвар ба як киштӣ ва як новшикани омрикоӣ дар халиҷи Адан ва ҳамчунин як киштии режими саҳюнистӣ дар уқёнуси Ҳинд хабар дод.

Шабакаи телевизионии Алмасираи Яман дар пойгоҳи интернетии худ навишт, ки фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар баёнияе, ки тавассути сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи он қироат шуд, эълом кард, ки нерӯҳои паҳподӣ ва дарёии он бо анҷоми се амалиёти низомӣ дар ростои пуштибонӣ аз мазлумияти мардуми Фаластин ва посух ба таҷовузгарии Омрико ва Бритониё ба хоки Яман, як киштӣ ва як новшикани омрикоиро дар халиҷи Адан ва бо паҳпод ва мушак ва ҳамчунин як киштии режими саҳюнистиро дар уқёнуси Ҳинд ва бо паҳпод ҳадаф қарор доданд.

Фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар идомаи баёнияи худ, зимни эъломи ин ки дар ҷараёни ин се амалиёт, киштии омрикоии Maersk Yorktown, як новшикани нерӯии дарёии ин кишвар ва ҳамчунин киштии MSC Veracruz-и режими саҳюнистӣ ҳадаф қарор гирифтанд, таъкид кард, ки амалиётҳои мазкур аҳдофи худро бо муваффақият муҳаққақ сохтанд ва паҳподҳо ва мушакҳои дарёии мавриди истифода дар онҳо низ, ба таври дақиқ ба аҳдофи худ исобат карданд.

Гуфтанист, Пентогун имрӯз (панҷшанбе) бо судури баёнияе, ҳадаф қарор гирифтани киштиҳои мазкурро таъйид кард.

Masirahtv

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маъно ва мафҳуми «тоҷик»
Эҳтимоли судури ҳукми боздошти Натонёҳу аз сӯйи Додгоҳи Лоҳа

Матолиби пурбоздид