Яман нови ҳавопаймобари Омрикоро ҳадаф қарор дод

Яман нови ҳавопаймобари Омрикоро ҳадаф қарор дод

Ахбори байналмилал

Яман нови ҳавопаймобари “Эйзенҳоуэр”-и Омрикоро бо мушакҳои болистик ҳадаф қарор дод

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз ҳадаф қарор додани нови ҳавопаймобари “Эйзенҳоуэр”-и Омрико ва як киштии дигар дар баҳри Сурх ва баҳри Макрон хабар дод.

Ба гузориши Алъолам, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман гуфт:

“Нови ҳавопаймобари “Эйзенҳоуэр”-и Омрикоро дар шимоли баҳри Сурх бо мушакҳои болистик ҳадаф қарор додем.”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунин эълом кард, ки дар як амалиёти бесобиқа, киштии Transworld Navigator-ро дар баҳри Макрон ҳадаф қарор додаанд.

Вай афзуд, ки ин киштӣ бо чандин мушаки болистик ва ба сурати дақиқ ҳадаф қарор гирифт. Илова бар он, ягони мушакии Яман бо чандин мушаки болистик ва болдор нови ҳавопаймобари “Эйзенҳоуэр”-и Омрикоро ҳадаф қарор дод.

Сартип Сареъ хотирнишон кард:

“Аҳдофи мавриди назар дар ин ду амалиёти низомӣ ба сурати мустақим ва дақиқ ҳадаф қарор гирифтанд ва ба ёрии Худованд иҷрои амалиётҳои низомӣ барои пуштибонӣ ва ҳимоят аз миллати Фаластин то таваққуфи таҷовузот ва рафъи муҳосараи навори Ғазза идома хоҳад дошт.”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунин гуфт:

“Дар посух ба таҷовузот алайҳи кишварамон, ҳаргиз дар ҳадаф қарор додани шиноварҳои ҷангии мутахосими хориҷӣ дар ду баҳри Сурх ва Макрон тардид нахоҳем кард.”

Артиши Яман дар моҳҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовамати миллати Фаластин дар борикаи Ғазза, чанд киштии омрикоӣ ва ангилисӣ ва саҳюнистӣ ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх ва тангаи Бобулмандиб ҳадаф қарор додааст.

Нерӯҳои артиши Яман мутааҳҳид шудаанд, то замоне, ки режими саҳюнистӣ ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, киштиҳои ин режим ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор диҳанд.

Alalam

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ғибта
Тариқаи Нақшбандия дар Ислом

Матолиби пурбоздид