Ғазале аз Зуфархон Ҷавҳарӣ

Адаб
Ғазале аз Зуфархон Ҷавҳарӣ
Эй баҳори гулшани омоли аҳли дил биё,
Дар барам чун ҷон ба нузҳатгоҳи обу гил биё.
Ҷом ҳам як чашми пурхун асту мино сарнагун,
Бе ту танҳо гул накардам, шамъи ин маҳфил биё.
Имтидоди интизори васл аз ҳад магзарон,
Яъне бо наздат бихонам, ё худ ин манзил биё.
Бастаам аз сози иқболат ба дил тори умед,
Лутф кун ин тори уммеди маро магсил биё.
Ҷавҳарӣ бо чун туе султони хубонро чӣ кор?
Дам ба худ даргиру камтар гӯй, эй ғофил биё.
(Девони ЗУФАРХОН ҶАВҲАРӢ)
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шукргузорӣ
Макорими ахлоқ чист?

Матолиби пурбоздид