Ғаззолӣ ва роҳзанон

Адаб

Ғаззолӣ ва роҳзанон

Дар шарҳи ҳоли Имом Ғаззолӣ ин достон омадааст, ки аз Тӯс ба Нишопур омада ва чанд сол онҷо монда буд ва таҳсил мекард ва хеле ҳам ҷиддӣ буд ва тибқи маъмул дарсҳои худашро ёддошт мекард ва менавишт.

Вақти баргаштан аз Нишопур ба Тӯс, Ғаззолӣ ёддоштҳои худро дар як буқча дохили васоилаш гузошта буд. Дар байни роҳ роҳзанон ба корвони онҳо ҳамла мекунанд ва вақте суроғи он буқча рафтанд, Ғаззолӣ хеле изтироб аз худ нишон дод ва бо ишора ба он буқча гуфт, ҳар чӣ мехоҳед бибаред, аммо ҳамин якеро набаред.

Роҳзанҳо гумон мекунанд, ки ҳатман дар дохили он колои бисёр нафису боарзише ҳаст, бинобар ин бештар ҳарис мешаванд, ки онро бигиранд ва бибаранд. Аммо вақте буқчаро боз мекунанд, мебинанд ба ҷуз коғазҳо чизи дигаре нест.

Раиси роҳзанҳо рӯ ба Ғаззолӣ мегӯяд:

— Инҳо чист, ки ин қадр бароят муҳим буд? Инҳо, ки ба ҷуз коғаз чизе нест.

Имом Ғаззолии ҷавон мегӯяд:

— Инҳо маҳсули заҳматҳое аст, ки ман дар тӯли чанд сол кашидаам ва ман як донишҷӯ ҳастам ва дарс мехонам ва ҳар чӣ ёд гирифтаам ҳамаро дар инҷо ёддошт кардаам ва агар шумо инро бибаред, тамоми заҳматҳои чандсолаи ман ҳадар рафтааст.

Раиси дуздон буқчаро ба ӯ медиҳад, вале мегӯяд:

— Ман як ҳарф ҳам мехоҳам ба ту бизанам ва он ин аст, ки: илме, ки ҷояш дар буқча бошад ва бо бурдани дузд, аз ту гирифта шавад, илм нест.

Ҳарфи ин дузд таҳаввули азиме дар Ғаззолӣ эҷод мекунад, ки то охири умраш аз он ёдовар мешуд. Ғаззолӣ гуфтааст: “Ҳамин ҳарфи дузд дар ман хеле асар бахшид.”

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Музеи Садриддин Айнӣ дар Бухоро бозсозӣ мешавад
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон ва пирӯзии Тоқаев

Матолиби пурбоздид