Ғайри ту армон надорам 

Адаб
Ғайри ту армон надорам 
Худоё, ғайри ту армон надорам,
Туро дорам, ғами имон надорам.
Ба ёди орази ту медиҳам ҷон,
Аз ин пас тоқати ҳиҷрон надорам.
Дилам пурдард аз ҳаҷри рухи туст,
Ба дарди хештан дармон надорам.
Маро ваъда ба фардо додаӣ ту,
Умеди зистан чандон надорам.
Манам дар қайди ишқу орзуят,
Ки огоҳӣ зи ҷисму ҷон надорам.
Ту ёри ин ҷаҳону он ҷаҳонӣ,
Ба ғайр аз ту ғаме чандон надорам.
(Субҳӣ Ҷавҳаризода)
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инсони оқил
Маод – Y

Матолиби пурбоздид