Ғайри Ҳақро ман адам ангоштам…
“Юсуф, аз назари ҷисмонӣ комилан барда буд, вале ҳамин Юсуф собит кард, ки оқотар ва озодтар аз ӯ дар ҳамаи кишвари Миср вуҷуд надорад.
Маҳбубу маъшуқи яке аз зеботарин занони Миср воқеъ шуд ва ҳамон Юсуфи ғулому барда ҷавоби рад ба он зани зебо дод; гуфт:
Дар айни ин ки аз лиҳози қонуни моликият, тани ман бардаи шумост, руҳам озод аст, бандаи шаҳвату ҳаво нестам:
“Ғайри Ҳақро ман адам ангоштам”, ман фақат бандаи як ҳақиқат мебошам ва руҳам дар муқобили як фармон хозеъ аст ва он Худованди Мутаъол аст, ки холиқи ман аст.
Ман ҳозирам илова бар бандагӣ, дар чаҳордевории зиндон ҳам ба сар бибарам ва бандаи шаҳвату ҳаво нашавам; ҳозирам ин маҳрумият ва маҳдудияти зоҳириро бипазирам ва он бандро бар гардан наниҳам.
Рӯ кард ба даргоҳи Худованди Мутаъол ва гуфт:
“Худоё! Зиндон дар назари ман аз он чи инҳо маро ба он мехонанд, маҳбубтар аст”. (Юсуф,33)
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Ҳикматҳо ва андарзҳо)
Қаламонлайн