Ғибта
Ёддоште аз Додоҷон Атовулло
Ғибта ва ё ҳадисе аз интихоботи исломӣ
Моҳи майи соли 1997 бо хоҳиши вазорати корҳои хориҷии Эрон сафари як гурӯҳи калони журналистони Русияро ба Теҳрон ташкил намудам. Онҳо бояд маъракаи интихоботи президентиро дар расонаҳо тарғиб мекарданд. Он замон дипломати номвар –Алӣ Акбар Вилоятӣ – вазири корҳои хориҷӣ буд.
Бештари ҳампешагон бо тамасхур ба пешниҳоди ман посух медоданд: интихобот дар кишвари исломӣ? Азбаски харҷи сафар аз ҳисоби мизбонон буд, қариб ҳама розӣ шуданд.
Ростӣ, худам ҳам гумон доштам, ки интихобот як бозии сиёсие беш нест. Аммо ин гумон ба зудӣ рафъ гашт.
Журналистон ба ҳавзаҳои интихоботӣ мерафтанд. Бо мардум дар хиёбону ҷодаҳо сӯҳбат мекарданд. Ҳар шом дар саҳни меҳмонхонаи “Истиқлол” аз дидаю шунидаҳои ҳамдигар нақл мекарданд.
Дақиқ ёд надорам, ки чанд номзад дар он интихобот ширкат дошт, аммо медонам, кӣ муборизаи асосӣ байни ду номзад мерафт: раиси порлумони Эрон – Алӣ Акбар Нотиқ Нурӣ ва Муҳаммад Хотамӣ – вазири пешини фарҳанг.
Журналистони рус бар он буданд, ки Нурӣ ҳатман пирӯз меояд, зеро роҳбарияти олии Эрон аз ӯ пуштибонӣ мекунад. Он рӯзҳо аз ҳама беш ин слоган машҳур буд:
“Хотамӣ менависем, Нурӣ мехонем!”.
Яъне ба Хотамӣ ҳам овоз диҳем, пирӯзиро ба Нурӣ мебахшанд.
Рӯзи интихобот, ҳар куҷое мерафтем, дар ҳавзаҳои интихоботӣ саф-саф одамон дар навбат меистоданд. Қариби бегоҳ, азбаски на ҳама тавонистанд, овоз диҳанд, соати раъйдиҳӣ тамдид карда шуд.
Ҳампешагони рус ҳанӯз бовар доштанд, ки “намояндаи ҳукумат” пирӯз мешавад. “Ин ҳама намоишнома аст!”- шаккокӣ мекарданд онҳо.- Кишвари исломӣ куҷову демукросӣ куҷо?!”
…Рӯзи эълони натиҷаи интихоботи пурсарусадо барои ман рӯзи ид гашт. Оқои Хотамӣ бо беш аз 20 миллион раъй ба мақоми раёсати ҷумҳурии Эрон расид. Ифтихори ман ҳам аз исломӣ ва ҳам ҷузъе аз Эрони Бузург буданам, буд!
Ононе, ки ин ҳама рӯз интихоботро ба масхара мекашиданд, ба истилоҳи худамон, гов гаштанд.
Дар бораи маъракаҳои дигари интихоботӣ намегӯям. Набудам. Намедонам. Аммо он интихоботе, ки ширкат доштам, интихоботи озод, шаффоф ва демукросӣ буд…
Ва имрӯз ҳам шӯру шаъаф, баҳсу мунозираҳо, суханрониҳо, гирдиҳамоиҳои маъракаи интихоботии Эронро мебинам ва ҳасад мебарам!
Эрон баъди 20-25 сол пешрафтатарин кишвари дунё дар тамоми самту соҳаҳо мешавад. Дар иқтисод, тиҷорат, технология, дар илму маъориф, дар ҳунар.
Номи эрониҳоро дар рӯйихати сенаторҳои Амрико, порлумонҳои Аврупо, шаҳрдорон ва вазирони дунё, нухбагони сиёсии ҷаҳон, марказҳои бонуфузи қабули қарор, роҳбарияти расонаҳои фаромиллӣ, барандагони ҷоизаҳои байналмилалӣ ва фестивалҳо хоҳед дид.
Ҳанӯз, ки дер нашудааст, Тоҷикистон бояд ба асли хеш баргардад ва ба Эрони ҷаҳоншумулу ҷаҳонгиру ҷаҳоноро бипайвандад. Гоми нахуст бояд бозгашт ба хатти форсӣ бошад!
Сафҳаи шахсии Додоҷон Атовулло дар Фейсбук
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: