Қадкашӣ

Адаб

Қадкашӣ

Фирдавси Аъзам

Ҳақ ки зери по шуд истибдод қад хоҳад кашид

Бо сукутат мавҷе аз фарёд қад хоҳад кашид

Марзҳо вақте ки мерӯянд ҷойи роҳҳо

Ҳар тараф бешак ҳисоробод қад хоҳад кашид

Барраҳо чун пеши пои гургҳо хам мешаванд

Бемуҳобо сояи ҷаллод қад хоҳад кашид

Чун чароғи рӯшани инсофро пуф мекунем

Шаб ба по мехезаду бедод қад хоҳад кашид

Хона-хона, кӯча-кӯча ҳей қафасҳо коштем

Дар дили ин тӯрҳо сайёд қад хоҳад кашид

Вожа дар банду садо маҳкуму лабҳо дӯхта

Дар шабе ин гуна истеъдод қад хоҳад кашид?

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳушдори Эрон ба Омрико
Ахлоқ ва ҳуқуқ

Матолиби пурбоздид