Қадрдонии Ҳамос аз Путин

Қадрдонии Ҳамос аз Путин

Ахбори байналмилал

Ҳамос дар баёнияе аз Путин қадрдонӣ кард
Ҷунбиши муқовамати исломии Ҳамос аз мавзеъи раисиҷумҳури Русия дар қиболи мардуми Фаластин ва маҳкумияти вай дар бораи муҳосираи Ғазза аз сӯйи режими саҳюнистӣ қадрдонӣ кард.
Ба гузориши Алҷазира, Ҳамос эълом кард: “Мо аз мавзеъи раисиҷумҳури Русия дар хусуси маҳкумияти таҷовузҳои мустамир алайҳи мардум ва муҳосараи Ғазза ва қатъи кӯмакҳои имдодӣ ба Ғазза ва ҳадаф қарор додани ғайринизомиён тавассути артиши ишғолгар қадрдонӣ мекунем.”
Ин ҷунбиш ҳамчунин истиқболи худро аз “талошҳои хастагинопазири Русия бо ҳадафи таваққуфи таҷовузҳои ваҳшиёна ва низомманд алайҳи мардуми Фаластин дар навори Ғазза” эълом кард.
Гуфтанист, раисиҷумҳури Русия дар изҳороти рӯзи гузаштаи худ дар заминаи ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо гуфт: “Амалиёти заминии Исроил дар Ғазза мунҷар ба талафоти ғайринизомиён хоҳад шуд ва муҳимтарин чиз дар ҳоли ҳозир таваққуфи хунрезӣ аст”.
Путин бо ишора ба сангандозиҳои Иёлоти Муттаҳида дар масъалаи бӯҳрони Фаластин гуфт: “Вошингтун раванди ҳаллу фасли мунозиъа Исроил ва Фаластинро ба инҳисори худ даровардааст ва ҳуқуқи таърихӣ ва машрӯъи фаластиниёнро нодида гирифта. Эҳтимоли анҷоми амалиёти заминӣ дар Ғазза, паёмадҳои бисёр бузурге хоҳад дошт.”
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Комил намудани ахлоқи хубу некӯ – фалсафаи беъсат
Ҳамос Исроилро ба дом мекашад

Матолиби пурбоздид