Қазоқистон ва Озарбойҷон ба Исроил нафт содир мекунанд
Ахбори минтақа
Муҳаққиқон бо баррасии манобеи боз, ҳамчун тасовири моҳвораӣ, вуруди 65 маҳмулаи нафти хом ба Исроил аз 21-октябр то мои июли солӣ ҷориро радёбӣ кардаанд.
Ба таври куллӣ, ин маҳмула беш аз 4 миллион тонна нафтро ташкил додааст.
Амрико таъминкунандаи аслии нафти Исроил шинохта мешавад ва Озарбойҷон ва Қазоқистон низ бо таъмини ниме аз нафти Исроил, бузургтарин таъминкунандагони нафти Исроил ҳастанд.
Бар асоси охирин гузоришҳо, Қазоқистон рӯзона 92 ҳазор бушка нафт ба Исроил содир мекунад.
Гордиан навиштааст, ки бархе коршиносони байналмилал бар ин боваранд, ки ҳамкории ин кишварҳо бо Исроил, паз аз ҳукми 26-январи Додгоҳи Байналмилалӣ, ба маънои мушорикати огоҳонаи онҳо дар наслкушии мардуми Фаластин аст ва ин мавзӯъ ба таври қонунӣ метавонад қобили пайгирӣ бошад.
Қаламонлайн