“Қаламрави меҳр” ба китобдӯстон тақдим шуд

“Қаламрави меҳр” ба китобдӯстон тақдим шуд

Ахбори фарҳангӣ

Қаламрави меҳр, номи китоби ҷадиди шоири тавонманди тоҷик, Рустами Ваҳҳобзода аст, ки ба тозагӣ ба зевари чоп ороста шуд.

Ин китоб маҷмуаи шеърҳои ин шоири тавонманд ва муосири тоҷикро дарбар мегирад ва нашриёти Адиб ба чоп расидааст.

Рустам Ваҳҳобзода аз маъруфтарин чеҳраҳои илму адаб дар кишвар ва муаллифи даҳҳо китобу рисолаҳо, маҷмуаҳои шеърӣ, асарҳои таҳқиқотӣ дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик аст.

Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон буда ва дар ҳоли ҳозир масъулияти сардабирии маҷаллаи адабии Садои Шарқро бар ӯҳда дорад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нишасти иқтисодии намояндагони Эрон ва Тоҷикистон баргузор мешавад
Баррасии ҷиноёти ҷангии Русия дар дастури кори додгоҳи байналмилал

Матолиби пурбоздид