Қассом мавозеи ишғолгаронро дарҳам кӯбид 

Қассом мавозеи ишғолгаронро дарҳам кӯбид

Захмӣ шудани 4 саҳюнист

Ахбори байналмилал

Mehrnews

Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз Алҷазира, гурдонҳои Қассом, шохаи низомии Ҳамос, эълом кард, ки дар посух ба куштори ғайринизомиёни фаластинӣ дар Ғазза, шаҳрҳои ишғолии Асқалон, Сдерот ва Беэр-Шевасаро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор додааст.

Муқовамати Фаластин лаҳазоте қабл ҳамчунин шаҳракҳои Кизовим, Нирим ва Айн-ат-Тирах дар атрофи Ғаззаро ҳадафи ҳамлаи хумпораии сангин қарор дод. Ҳамчунин ожири хатар дар Ниреуз, Нирим, Айн-ат-Тирах дар наздикии Ғазза ба садо даромад.

Ҳамчунин гурдонҳои Қассом эълом кард: нерӯҳои ишғолгари исроилиро дар шимоли ғарби Ғазза бо мушакҳои “Руҷум 114” ва хумпораҳои калибри сангин дарҳам кӯбидааст.

Манобеи исроилӣ эълом карданд, ки дар ҳамлаи мушакии Қассом ба Асқалон як саҳюнист захмӣ шудааст.

Ҳамчунин манобеи исроилӣ эълом карданд: дар даргириҳои шимоли Ғазза 4 низомии исроилӣ захмӣ шуда ва бо болгард ба бемористони Сорока дар Беэр-эс-Сабах мунтақил шуданд.

Mehrnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хушу беши амири Қатар бо раиси ҷумҳури “Исроил” хашми мусалмонони ҷаҳонро барангехт
Вазири саҳюнист: “Бояд баргардем ва Ғаззаро поймол кунем!”

Матолиби пурбоздид