Қатлу куштори фаластиниён ва ифтихору ташвиқи вазири исроилӣ

Қатлу куштори фаластиниён ва ифтихору ташвиқи вазири исроилӣ

Ахбори байналмилал

Вазири саҳюнист дар вокуниш ба қатли омми фаластиниён:

“Рафтори нерӯҳои мо дар баробари фаластиниҳо олӣ буд, бояд аз нерӯҳоямон ҳимоят кунем”

Итамар Бен-Гвир, вазир амнияти дохилии режими саҳюнистӣ, дар вокуниш ба шаҳодат ва захмӣ шудани садҳо фаластинӣ дар хиёбони Аррашиди Ғазза, гуфт:

“Мо бояд аз нерӯҳои қаҳрамони худ дар Ғазза ва рафтори олии онҳо дар баробари гурӯҳе, ки саъй дар садама задан ба онҳо доштанд ҳимоят кунем.”

Вай дар шабакаи Х афзуд: “Интиқоли кӯмакҳо ба Ғазза, ба сарбозони мо осеб мезанад ва ба масобаи оксигене барои Ҳамос аст.”

Гуфтанист, сухангӯи Вазорати беҳдошти Ғазза бо баёни ин ки шумори шуҳадои ҷинояти Исроил дар хиёбони Аррашиди Ғазза ба 112 нафар расидааст, гуфт:

“Тимҳои пизишкӣ аз расидагӣ ба маҷрӯҳони ин ҷиноят, ки беш аз 100 нафар ҳастанд, нотавон аст.”

Ин шаҳрвандони фаластинӣ дар ҳоле дар хиёбони Аррашид ба дасти артиши режими саҳюнистӣ ба хоку хун кашида шуданд, ки мунтазири дарёфти кӯмакҳои инсонӣ буданд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амирабдуллоҳиён: “Агар дар Англис ва Эрон референдум баргузор шавад, Англис ҳатман мебозад”
Терури афсари Сипоҳи Эрон тавассути Исроил

Матолиби пурбоздид