Қатъномаи пешниҳодии Баҳрайн ба Cозмони Милал алайҳи Эрон
Ахбори байналмилал
Ба гузориши Фарорӯ, Баҳрайн пешнависи қатъномаеро ба Шӯрои амнияти Созмони Милал ироа карда, ки ба кишварҳо иҷоза медиҳад аз “тамоми васоили лозим” барои ҳифозат аз киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз истифода кунанд.
Ин пешниҳод, ки аз сӯйи кишварҳои халиҷи Форс ва Иёлоти Муттаҳида ҳимоят мешавад, Эронро ба эҷоди ихтилол дар новбарӣ муттаҳам мекунад.
Бо ин ҳол, эҳтимоли тасвиби ин қатънома кам аст, зеро интизор меравад Русия ва Чин онро вето кунанд.
Қаламонлайн













