Қиличдор Уғлу: “Ҳар касе дар баробари ҷинояти саҳюнистҳо сукут кунад, дасташ ба хуни мардуми Ғазза оғишта аст”
Ахбори байналмилал
Камол Қиличдор Уғлу, раиси Ҳизби ҷумҳурии Халқи Туркия, ки дар рақобатҳои ахири интихоботи риёсати ҷумҳурӣ аз Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури кунунии Туркия шикаст хӯрд, гуфт: “Ҳар касе дар баробари ҷинояти саҳюнистҳо сокит бимонад, дасташ ба хуни мардуми Ғазза оғишта аст.”
Ба гузориши ожонсии Anadolu, Қиличдор Уғлу афзуд: “Ғазза имшаб иртиботаш бо ҷаҳон қатъ шуда ва таҳти бомбборони шадиде аст. Бегуноҳон дар Ғазза кушта мешаванд. Ба ин ҳам иктифо намекунанд ва нахуствазири “Исроил” ҳамчунон бемористонҳоро ҳадаф қарор медиҳад.”
Вай ҳушдор дод: “Ҳар касе, ки имшаб сокит бимонад, дастонаш ба хуни мардуми Ғазза оғишта аст. Ҷаҳон ё бояд ҷилави ин наслкуширо бигирад ё шарики он аст. Интихоби миёнае вуҷуд надорад.”
Қаламонлайн