Қолибоф: Исрори Тромп барои итоат аз дастури Натонёҳу минтақаро ба оташ мекашад
Ахбори байналмилал
Посухи Қолибоф ба таҳдиди Тромп: “Исрори ту бар итоат аз дастуроти Натонёҳу, кулли минтақаро ба оташ мекашад”
Муҳаммадбоқири Қолибоф – раиси Маҷлиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар Х навишт:
“Ҳаракатҳои беасоси ту, Омрикоро ба ҷаҳаннаме воқеӣ барои так-таки хонаводаҳои омрикоӣ табдил мекунад ва саросари минтақаи мо ба далели исрори ту бар итоат аз дастуроти Натонёҳу, ба оташ кашида хоҳад шуд.
Иштибоҳ накун, бо ҷиноятҳои ҷангӣ ба ҳеч дастоварде нахоҳӣ расид.
Танҳо роҳи ҳалли воқеӣ, эҳтиром ба ҳуқуқи миллати Эрон ва поён додан ба ин бозии хатарнок аст”.
Қаламонлайн













