Ҳазрати Хадиҷа – ҳамсари бовафои Паёмбар(с) – II

Таърих

Ҳазрати Хадиҷа – ҳамсари бовафои Паёмбар(с) – II

Бахши дуввум

Нақши Хадиҷа дар Ислом

Хадиҷа, на танҳо ҳамсаре меҳрубон, фидокор ва дилсӯз барои Паёмбар (с) буд, балки пуштибоне содиқу самимӣ барои Ислом ва сабаби дилгармиву оромиши хотири Раслуи Худо (с) дар баробари фишорҳову мушкилот буд.[12] Паёмбари Ислом то охири умр хотираи Хадиҷаро гиромӣ медошт[13] ва пешгомии ӯ дар Ислом ва ранҷҳову заҳматҳояшро дар ин роҳ фаромӯш намекард. Ӯ рӯзе ба яке аз ҳамсарони худ фармуд:

“Худованд ҳамсаре беҳтар аз Хадича насиби ман накардааст, вақте ки ҳама кофир буданд, ӯ ба ман имон овард ва вақте ки мардум маро инкор мекарданд, ӯ тасдиқ мекард ва вақте ки дигарон маро маҳрум сохтанд, ӯ дороии худро барои ман харҷ кард ва Худованд фарзандоне аз ӯ бароям рӯзӣ кард”.[14]

Реҳлати ҳазрати Хадиҷа – Омул ҳузн

Саранҷом дасти тақдир сарнавишти даъвати исломиро ин гуна пеш овард, ки ҳазрати Хадиҷа (р) се сол қабл аз ҳиҷрат ва дар моҳи Рамазони соли даҳуми беъсат андаке пас аз берун омадан аз Шеъби Абӯтолиб, аз дунё рафт ва ӯро дар кӯҳе, ки дар болои Макка қарор дошта, ба хок супурданд[15] ва мавқеи дафн Паёмбар (с) худ вориди қабр шуд.[16] Ба хотири ин мусибати бузург, ки бо вафоти ҳазрати Абӯтолиб, амуи Паёмбари Гиромии Ислом ва ҳомӣ ва ёвари вай ҳамроҳ шуд, Расули Худо (с) ин солро “Омул-ҳузн”, яъне соли мотам ва анлӯҳ номид.[17]

 Пайнавиштҳо:

1 – Сияру аъломин нубало, ҷ 2, с 114.

2 – Ибни Ҳишом, ҷ. 1, с. 200-201. Ибни Саъд, ҷ. 1, с. 131. Байҳақӣ, ҷ. 1, с. 215. Ибни Асир, Алкомил фиттаърих, ҷ. 2, с. 39.

3 – Ибни Асир, Усдул-ғоба, ҷ. 5, с. 434. Ҳалабӣ, ҷ. 1, с. 224. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Ал-исоба фӣ тамйизис-саҳоба, ҷ. 4, с. 281. Ибни Абдулбар, Ал-истиоб (дар ҳошия Ал-исоба), ҷ. 4, с. 279.

4 – Ҳалабӣ, ҷ. 1, с. 224.

5 – Сияру аъломин нубало, ҷ 2, с 111.

6 – Ҳамсарони қаблии ӯ Утайиқ ибни Оиз ва Абӯҳола Ҳинд ибни Наббош буд. (Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, ҷ. 5, с. 434. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, с. 281. Ибни Абдулбар, с. 280. Ҳалабӣ, ҷ. 1, с. 229. Абӯсаид Воиз, Шараф-ун-набӣ, тарҷумаи Наҷмуддин Маҳмуди Ровандӣ, с. 201. Шайх Абдулқодир Бадрон, Таҳзибу таърихи Димишқ ҷ. 1, с. 302). Бархе аз асноду шавоҳиди таърихӣ ҳокӣ аз он аст, ки Хадиҷа қаблан издивоҷ накарда буд ва Муҳаммад (с) нахустин ҳамсари ӯ буд. Баъзе аз муҳаққиқони муосир низ рӯи ин мавзӯъ таъкид доранд. (Муртазо Омулӣ, Ассаҳеҳ мин сиратин-набийил-аъзам, ҷ. 1, с. 121).

7 – Байҳақӣ, с. 215. Табарӣ, ҷ. 2, с. 197. Ибни Асир, Алкомил фит-таърих, ҷ. 2, с. 40.

8 – Ибни Ҳишом, ҷ. 1, с. 203. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абӯтолиб, ҷ. 1, с. 41.

9 – Ибни Исҳоқ, с. 82. Билозарӣ, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқ: Муҳаммад Ҳамидуллоҳ (Қоҳира: Дор-ул-маориф), ҷ. 1, с. 98. Таърихи Яъқубӣ, ҷ. 2, с. 16. Ибни Асир, Алкомил фит-таърих, ҷ. 2, с. 40. Ҳалабӣ, с. 227. Ибни Шаҳрошӯб, ҷ. 1, с. 42.

10 – Билозарӣ, с. 98. Ибни Саъд, ҷ. 1, с. 132. Табарӣ, ҷ. 2, с. 196. Ҳалабӣ, с. 228. Ибни Абдулбар, Ал-истиоб, ҷ. 4, с. 280. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, ҷ. 5, с. 435. Алкомил фит-таърих, ҷ. 2, с. 39.

11 – Ибни Ҳишом, ҷ. 1, с. 201. Байҳақӣ, ҷ. 1, с. 216. Шайх Абдулқодир Бадрон, Таҳзибу таърихи Димишқ, ҷ. 1, с. 302. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, ҷ. 5, с. 434.

12 – Ибни Исҳоқ, с. 243. Ибни Ҳишом, с. 57.

13 – Заваҷот-ун-набӣ ва авлодуҳ, с. 62-63. Аззуррият-ут-тоҳира, с. 63-64.

14 – Ибни Абдулбар, Ал-истиоб (дар ҳошияи Ал-исоба), ҷ. 4, с. 287.

15 – Ал-мунтахаб мин зайлил-мазил/Табарӣ:86.

16 – Ал-асоба/ Ибни Ҳаҷар/8/103.

17 – Маноқиби Оли Абитолиб; Ибни Шаҳрошуб/1/150.

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раиси ҷумҳури режими “Исроил” рост мегӯяд!
Насби банери ҳимоят аз Фаластин дар Ландан

Матолиби пурбоздид