Ҳаким Носири Хусрав кист?

Фарҳанг

Ҳаким Носири Хусрав кист?

Машоҳир ва номоварон

Ба муносибати солрӯзи вафоти Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ

Абӯмуъиниддин Ҳориси Қубодиёнӣ, маъруф ба Ҳаким Носири Хусрав, нависанда, файласуф, шоир ва мутафаккири барҷаста, дар соли 394 ҳ.қ. (1004 мелодӣ) дар шаҳри Қубодиён (шаҳре дар ҷануби Тоҷикистон) дар хонаводае сарватманд чашм ба ҷаҳон гушуд ва дар соли 481 ҳ.қ. (1088 мелодӣ) дар дараи Ямғони Бадахшон даргузашт.

Носири Хусрав дар даврони кӯдакӣ бо ҳаводиси гуногун рӯ ба рӯ гашт ва барои як зиндагии пурҳодиса омода шуд, аз ҷумла ҷангҳои тӯлонии Султон Маҳмуд ва хушксолии бесобиқа дар Хуросон, ки ба маҳсулоти кишоварзон садамоти фаровон зад ва низ шуюъи бемории вабо дар ин хитта, ки ҷони иддаи зиёде аз мардумро гирифт.

Носири Хусрав аз ибтидои ҷавонӣ ба таҳсили улуми роиҷи замон пардохт ва Қуръонро аз бар кард. Муддате дар дарбори Султон Маҳмуд ва Султон Масъуди Ғазнавӣ ба кори дабирӣ иштиғол варзид ва баъд аз шикасти Ғазнавиён аз Салҷуқиён, ба Марв ва ба дарбори Сулаймони Чуғрибек, бародари Туғрули Салҷуқӣ рафт ва дар он ҷо низ ба ҳирфаи дабирии худ идома дод ва ба далели иқомати тӯлонӣ дар ин шаҳр, ба Носири Хусрави Марвазӣ шӯҳрат ёфт.

 

Даврони ҳайрати Носири Хусрав

Вай, ки ҳамвора ба дунболи сарчашмаи ҳақиқат мегашт, бо пайравони адёни мухталиф аз ҷумла зартуштиён, масеҳиён, яҳудиён, монавиён ва ҳатто пайравони мазоҳиби мухталифи исломӣ ба баҳсу гуфтугӯ пардохт ва дар ибтидо ба натиҷае даст наёфт ва дучори ҳайрат ва саргардонӣ шуд ва барои фирор аз ин саргардонӣ, рӯй ба шаробу майгусорӣ овард.

 

Инқилоби дарунӣ

Дар синни 40-солагӣ, дар моҳи Ҷамодиулохари соли 437, шабе дар хоб дид, ки касе ӯро мегӯяд: “Чанд хоҳӣ хӯрдан аз ин шароб, ки хирад аз мардум зоил кунад? Агар ба ҳуш бошӣ, беҳтар.” Носири Хусрав посух дод: “Ҳукамо чизе беҳтар аз ин натавонистанд сохт, ки андӯҳи дунё бибарад.” Мард гуфт: “Ҳаким натавон гуфт касеро, ки мардумро ба беҳушӣ ва бехирадӣ раҳнамун бошад. Чизе бояд, ки хирад ва ҳушро биафзояд.” Носири Хусрав пурсид: “Ман ин аз куҷо орам?” Гуфт: “Оқибат ҷӯянда ёбанда бувад” ва ба самти қибла ишора кард. Носири Хусрав дар асари ин хоб, дучори инқилоби фикрӣ шуд, аз шаробу майгусорӣ даст шуст, шуғли девониро раҳо кард ва роҳи сафари ҳаҷ дар пеш гирифт.

 

Сафарҳои Носири Хусрав

Ҳаким муддати ҳафт сол сарзаминҳо ва шаҳрҳои гуногун аз қабили Арманистон, Осиёи Сағир, Ҳалаб, Тароблус, Шом, Сурия, Фаластин, Ҷазиратулараб, Қирвон, Тунис ва Судонро саёҳат кард ва се ё шаш сол дар пойтахти Фотимиён яъне Миср иқомат кард ва аз он ҷо дар даврони Алмустансир биллоҳ ба мазҳаби исмоилӣ гаравид ва аз Миср чаҳор бор ба зиёрати Каъба рафт.

Носири Хусрав дар соли 444 ҳ.қ. баъд аз дарёфти унвони “Ҳуҷҷати Хуросон” аз тарафи Алмустансир биллоҳ, раҳсипори Хуросон гардид. Ӯ дар Хуросон ва бахусус дар зодгоҳаш, иқдом ба даъвати мардум ба мазҳаби исмоилӣ намуд, аммо бар хилофи интизораш, мардуми он ҷо ба даъвати вай посухи мусбат надоданд ва саранҷом иддае таҳаммули ӯро наёварда ва бо иттифоқ бо салотини салҷуқӣ, бар вай шӯриданд ва аз хона берунаш карданд.

Носири Хусрав аз он ҷо ба Мозандарон рафт ва сипас ба Нишопур омад ва чун дар ҳеч кадом аз ин шаҳрҳо дар амон набуд, ба таври махфиёна мезист. Ва саранҷом пас аз муддате дарбадарӣ, ба дараи Ямғони Бадахшон паноҳ бурд ва бақияи 20 то 25 соли умри худро дар он ҷо сипарӣ кард.

 

Шоири тавонманд

Носири Хусрав яке аз шоирон ва нависандагони тавонманди забони форсӣ аст, ки дар фалсафа ва ҳикмат низ даст дошта, осори ӯ ганҷинаҳои адаб ва фарҳанги мо маҳсуб мегарданд. Ӯ дар Худошиносӣ ва диндорӣ сахт устувор будааст ва маноъати табъ ва баландии ҳиммат ва иззати нафс ва сароҳати гуфтор ва хулуси ӯ, аз саросари гуфтораш ошкор аст.

 

Шахсияти ахлоқии Носири Хусрав

Носири Хусрав марде буд бо маноъати табъ, фурӯтан, дар баробари рӯйдодҳо ва сахтиҳо бурдбор, андешаварз ва дар роҳи расидан ба ҳадаф пой мефишорд. Ӯ хостори ҷомеае аст пироста ва пок, дур аз мафосиди ахлоқӣ, риё ва тазвир, ришвахорӣ… Вай мӯътақид аст, ки чунин ҷомеае ҷузъ зери сайтараи дину хирад ба вуҷуд намеояд. Вай дар ашъори хеш ба Қуръон истинод мекунад. Дар бисёр маворид оёти Қуръонро тазмин мекунад. Ӯ барои Қуръон дарунсӯ ва бурунсӯ ё ба маънои дигар, танзил ва таъвил қоил аст.

 

Вежагиҳои умдаи Носири Хусрав

— Нидои виҷдони қарни худ аст;

— Шуҷоътарин ва сареҳтарин намояндаи фикри мӯътариз дар адабиёти форсӣ аст;

— Пештози шеъри илмӣ–ирфонӣ дар адаби форсӣ аст;

— Инсони бузург ва намунае аст, ки ба наҳви васвосомез кирдорро бо гуфтор ҳамроҳ карда.

 

Шеваи шоирӣ ва нависандагии Носири Хусрав

Шеваи сухани Носири Хусрав хосси худи ӯст ва метавон онро аз намунаҳои барҷастаи аслитарин сабке донист ки ба “сабки хуросонӣ“ машҳур аст ва шоироне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ ва ғайра бад-он шева машҳуранд. Бо ин тафовут, ки сухани Носири Хусрав аз марзи замон дур шуда ва чандон бо завқу машраби аҳли замон татобуқ надорад ва иллати возеҳи он ин аст, ки шеър барои Носири Хусрав василае барои баёни мӯътақадоти динӣ ва фалсафӣ аст ва ҷанбаи панду андарз дорад. Носири Хусрав агар аз васфи осмону баҳору хазон сухан мегӯяд ва ҳатто дар ин тавсифҳо ибдоъ мекунад, барои найл ба мақсади дигаре аст, ки ғолибан панду андарзу ситоиши илм ва хирад аст.

Қасоиди Носири Хусрав баланд, устувор ва мунсаҷим аст. Сарояндаи ин ашъор шоире аст мутаъаҳҳид, хирадгаро, озодандеш ва бо ин ҳама бархӯрдор аз хаёлу илҳоми шоирона. Дар он чи аз ӯ боқӣ монда, асаре аз мадҳ дида намешавад. Агар мадҳ гуфта, касонеро ситоиш карда, ки ба ақидаи ӯ Яздон ононро барои раҳбарии халқ баргузидааст:

Ман онам, ки дар пойи хукон нарезам,

Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро.

Касеро барад саҷда доно, ки Яздон

Гузидасташ аз халқ, мар раҳбариро.

Мусиқии шеъри ӯ пурсалобат, сангин, пурвиқор ва бошукӯҳ аст. Забонаш покиза ва устувор ва оканда аз вожаҳои асили дарӣ ва таркиботи хуш аст ва баёнаш аз вусъати маълумот ва умқи андеша ва инзиботи фикрии ӯ ҳикоят мекунад.

 

Иртиботи Носири Хусрав бо исмоилиён

Дар бораи иртиботи Носири Хусрав бо мазҳаби исмоилия лозим аст баҳс шавад. Носири Хусрав баъд аз сафарҳои мухталиф ва мубоҳиса бо бузургони динии адёни мухталиф саранҷом ба мазҳаби исмоиилия гаравид ва дар байни онон ба мақоми “Ҳуҷҷат” даст ёфт.

Аммо исмоиилия чӣ мазҳабе аст? Дар нимаи дуввуми қарни ҳиҷрӣ, воқеае дар мазҳаби шиъа ба вуқӯъ пайваст. Ва он зуҳури гурӯҳе буд ба номи “исмоилия”, ки бунёнгузоронаш мӯътақид ба имомати Исмоил, фарзанди аршади Имом Ҷаъфари Содиқ (а) буданд.

 

Эътиқодоти исмоилиён

Исмоилиён илова бар фаъолиятҳои мазҳабӣ ва эътиқодӣ, чеҳрае сиёсӣ доранд, ба ҷиҳати мухолифат бо ҳукумати аббосиён. Онон аббосиёнро ғосиб ва золим ва бедодгар медонистанд ва дар садади барандозии ҳукумати онҳо буданд. Ин тафаккур ононро ба муборизоте пайгир ва ҳамаҷониба вомедошт, то саранҷом тавонистанди Лаҳсо, Яман ва Баҳрайнро ба тасарруф дароваранд ва муқаддамоти ташкили ҳукумати муқтадири Фотимиро фароҳам кунанд.

Ҳукумати Фотимиёни Миср аз соли 279 то 567 ҳ.қ. идома ёфт ва ба тадриҷ ба имперотурии васеъ ва муқтадире табдил шуд.

Исмоилия ба ваҳдонияти Худо, ҳаққонияти Муҳаммад (с) ва имомон то Имом Ҷаъфари Содиқ (а) мӯътақиданд, дар Қуръон илова бар тарҷумаи содда, ба тафсири ирфонӣ пойбанд ҳастад. Ва ба назари онон ҳар имом дувоздаҳ “ҳуҷҷат” дорад, ки ҳар ҳуҷҷат маъмури таблиғи дин дар бахше аз замин аст, ки Носири Хусрав дар асари ҷустуҷӯ ва таҳқиқи фаровон саранҷом усули исмоилиёнро пазируфт ва дар шабакаи муназзами онон ба мартибаи “Ҳуҷҷат” ноил шуд ва пас аз бозгашт аз Миср, маркази ҳукумати исмоилиён, чанде дар Балх ба таблиғ пардохт, аммо хеле зуд мухолифоне ва душманоне дар ҳукумат ёфт ва ногузир ба тарки ватан шуд ва саранҷом ба дараи Ямғон паноҳ бурд.

 

Осори Носири Хусрав

Осори ин шоир шомили ду бахш аст:

  1. Осори манзум: девони ашъор шомили қасоиди форсӣ ва арабӣ беш аз даҳ ҳазор байт, Рӯшнонома ва Саодатнома дар мавъиза ва ҳикмат.
  2. Осори мансур: Ҷомеъулҳикматайн (ҷомеи ҳикмати Юнон ва усули ақоиди исмоилиён), Хони ихвон (китобе аст дар ахлоқ ва ҳикмат ва мавъиза, Зодулмусофирин (дар ҳикмати илоҳӣ ба забони форсӣ бар вифқи машраби исмоилиён), Гушоиш ва раҳоиш (рисолае форсӣ дар ҷавоби чанд суоли яке аз бародарони мазҳабӣ), Сафарнома (таърихи нигориши ин китоб ба дурустӣ маълум нест. Ин китоби шарҳи сафари ҳафтсолаи муаллиф ба билоди Рум, Миср, Ҳиҷоз, Байнаннаҳрайн аст, ки тайи он Носири Хусрави чаҳор бор хонаи Худоро зиёрат кардааст ва дар хилоли он аз шаҳрҳо ва рустоҳои бисёр гузашта, марокизи тамаддуни исломӣ ва иморот ва абнияи торихӣ ва мазҳабиро дида ва бо зиндагии ақвоми гуногун ва тарзи маишати онон ошно шуда ва ба дидори риҷоли таърихӣ ва фарҳангӣ ва сиёсӣ ноил шудааст. Носири Хусрав дар ин сафарҳо аз тарзи маишат ва одобу ахлоқ ва ҳукумати ақвоми мухталиф тавсифҳои бисёр дақиқе ироа медиҳад.)

* * *

Манобеи таҳқиқ:

Забеҳуллоҳи Сафо, Таърихи адабиёти Эрон;

Алӣ Даштӣ, Тасвире аз Носири Хусрав;

Носири Хусрав, Сафарнома;

Аҳмади Аҳмадӣ, Сайри сухан.

istaravshani.com

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ёдоварии ду-се нукта

Матолиби пурбоздид