Ҳалокати беш аз 16 ҳазор низомии исроилӣ дар ҷанги Ғазза

Ҳалокати беш аз 16 ҳазор низомии исроилӣ дар ҷанги Ғазза

Ахбори байналмилал

Aljazeera

Таҳлилгари маъруфи масоили низомӣ бо ишора ба сонсури шадиди ахбори талафоти исроилиҳо дар ҷанги Ғазза гуфт, ки теъдоди воқеии низомиёни кушташудаи Исроил байни 16 то 17 ҳазор нафар аст.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Фоиз ад-Дувайрӣ, таҳлилгари масоили низомӣ, дар гуфтугӯ бо шабакаи Алҷазира тасреҳ кард, ки наворҳои мунташиршудаи 20 рӯзи гузашта ва теъдоди худравҳои зиреҳии душман, ки дар ин муддат мунҳадим шуда, дурӯғпардозиҳои режими саҳюнистӣ дар хусуси ҳалокати низомиёни онҳоро нишон медиҳад ва собит мекунад, ки талафоти исроилиҳо бисёр бештар аз он чизе аст, ки расонаҳои ин режим матраҳ мекунанд.

Вай дар вокуниш ба ахбори мунташиршуда дар хусуси захмӣ шудани 12 ҳазор низомии исроилӣ, ки дар шабакаи 12 телевизиони ин режим мунташир шуда, гуфт, ки манобеи мутаъаддид ва мӯътабар ду моҳ қабл эълом карданд, ки теъдоди талафоти артиши Исроил байни 16 то 17 ҳазор нафар аст.

Ад-Дувайрӣ бо ишора ба наҳваи сонсури ахбор дар артиши режими саҳюнистӣ таъкид кард, ки артиш талафоти афроди дутобеиятӣ ва афроди сокин дар хориҷ аз сарзаминҳои ишғолӣ ва муздурон ва афроди дутобеиятии дохили сарзаминҳои ишғолиро дар омори худ баён намекунад, илова бар ин ки омори талафоти дурзиҳо низ дар омори расмӣ эълом намешавад ва танҳо оморе ба сурати расмӣ эълом мешавад, ки хонаводаи онҳо аз дарёфти ғаромат имтиноъ мекунанд.

Aljazeera

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сафири Чин ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд
Маркази пажӯҳишии исроилӣ: “325 ҳамлаи Ҳизбуллоҳи Лубнон алайҳи Исроил фақат дар як моҳ”

Матолиби пурбоздид