Ҳалолият хостан

Адаб

Ҳалолият хостан

Фарде аз дӯсташ бобати тӯҳмате, ки ба ӯ зада буд, ҳалолият талабид.

Дӯсташ гуфт: ба як шарт қабул мекунам, ки як болиши парро канори ҷодда рӯи даст бигирӣ ва ҳангоме, ки бод мевазад, онро бо ханҷар пора кунӣ ва дар маърази бод биистӣ, то бод тамоми парҳоро бибарад.

Он шахс омад ва гуфт: ин корро анҷом додам.

Дӯсташ гуфт: ҳоло бирав ва парҳоро ҷамъ кун.

Вай рафт ва баъд аз муддате омад ва гуфт: ҳарчи гаштам ва аз дигарон ҳам кӯмак гирифтам, ҳатто ниме аз парҳоро ҳам наёфтам.

Дӯсташ гуфт: тӯҳмат низ монанди ин парҳо пахш мешавад ва қобили ҷуброн нест.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фарозе аз васиятномаи Шайхурраис
Се гуфтор аз Ибни Ҳазми Андалусӣ

Матолиби пурбоздид