Ҳамалоти Ҳизбуллоҳ ба Исроил

Ҳамалоти Ҳизбуллоҳ ба Исроил

Ахбори байналмилал

Farsnews

Муқовамати Лубнон дар идомаи амалиётҳои худ алайҳи мавозеъи саҳюнистҳо дар Фаластини ишғолӣ (сешанбе, 7 май) тайи як ҳамлаи таркибӣ бо мушак ва паҳпод шимоли Исроилро ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс

Расонаҳои исроилӣ лаҳазоте пеш аз ба садо даромадани ожирҳои ҳушдор дар шимоли Фаластини ишғолӣ ва шиллики мушак аз хоки Лубнон ба самти минтақаи мавсум ба Исбаъ ал-Ҷалил хабар дод.

Хабарнигори шабакаи Алмаёдини Лубнон аз амалиёти таркибии Ҳизбуллоҳи Лубнон ва шиллики мушак ва паҳподҳои ҳуҷумӣ ба самти сарзаминҳои ишғолӣ гузориш дод.

Бар асоси ин гузориш, лаҳазоте пас аз ба садо даромадани ожирҳои ҳушдор дар Исбаъ ал-Ҷалил, садои чандин инфиҷор аз Яфтоҳ ва Ромут-Нафтолӣ дар шимоли Фаластини ишғолӣ ба гӯш расид.

Садои ожири ҳушдор аз бархе шаҳракҳои саҳюнистнишин дар шимоли Фаластини ишғолӣ ҳамчунон ба гӯш мерасад ва эҳтимоли нуфузи паҳподҳои таҳоҷумӣ ба осмони ин манотиқи ишғолӣ вуҷуд дорад, ба ҳамин далел аз шаҳракнишинон хоста шуда, ки ҳамчунон дар паноҳгоҳ бимонанд.

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Амалиётҳои муқовамати Фаластин алайҳи артиши ишғолгар дар Рафаҳ ва Карам Абӯсолим
Тавофуқи оташбас дар Ғазза то чанд рӯзи оянда ниҳоӣ мешавад

Матолиби пурбоздид