Ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнон ба 13 мавзеи артиши Исроил

Ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнон ба 13 мавзеи артиши Исроил

Ахбори байналмилал

Isna

Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияе, аз ҳадаф қарор додани 13 мавзеъи артиши режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ба гузориши Исно, Ҳизбуллоҳи Лубнон имрӯз (панҷшанбе, 22 феврал) дар баёнияе хулосае аз амалиёти низомии худ дар ҳадаф қарор додани мавозеъи артиши режими саҳюнистӣ ва маҳалли таҷаммӯъи сарбозони ин режимро эълом кард.

Як рӯз пас аз оғози таҷовузоти режими ишғолгар ба навори Ғазза аз 7-уми октябр, Ҳизбуллоҳи Лубнон аввалин тараф дар Меҳвари Муқовамат буд, ки бо анҷоми ҳамалоте ба шимоли Фаластини ишғолӣ, расман ба амалиёти фаластинии “Тӯфон ал-Ақсо” мулҳақ шуд ва пас аз он марзҳои Лубнон ва сарзаминҳои ишғолии Фаластин ба сурати рӯзона ва тақрибан 24 соата саҳнаи табодули оташ миёни Ҳизбуллоҳи Лубнон ва артиши режими саҳюнистӣ шудааст.

Расонаҳои исроилӣ гузориш доданд, аз замони оғози набарди “Тӯфон ал-Ақсо” ва шиллики мушак аз ҷануби Лубнон, чандин афсар ва низомии саҳюнист кушта ва даҳҳо пойгоҳи низомии онҳо тавассути Ҳизбуллоҳ ҳадаф гирифта шудааст ва ба ҳамин далел кобинаи Бенёмин Натонёҳу маҷбур ба холӣ кардани ҳазорон шаҳракнишин аз шимоли Фаластини ишғолӣ шуд ва теъдоде аз шаҳракнишинон ҳам худашон аз минтақа фирор карданд.

Ахиран расонаҳои исроилӣ фош карданд, ки ин шаҳракнишинони саҳюнист ҳозир ба бозгашт ба хонаҳояшон нестанд ва мегӯянд, ки кобинаи Натонёҳу таваҷҷӯҳе ба сарнавишти онҳо надошта ва онҳоро раҳо кардааст.

Isna

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инфиҷор ва ожири хатар дар шаҳри Илот дар Исроил
Ҳамлаи муҷаддади Омрико ва Англис ба Яман

Матолиби пурбоздид