Ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Чин меҳвари гуфтугӯи мақомоти ду кишвар

Ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Чин меҳвари гуфтугӯи мақомоти ду кишвар

Ахбори минтақа

Муовини Маркази мутолиоти роҳбурдии Тоҷикистон, Парвиз  Муҳаммадзода дар сафар ба Чин дар шаҳри Сиан бо Лю Шанбин, мудири Муассисаи мутолиоти Ҷодаи абрешим ва муассисаи Осиёи Марказии донишгоҳи шимолу ғарбии Чин дидор ва гуфтугу намуд.
Дар ин дидор, ҳамкории илмии байни ин ду марказ мавриди баҳсу баррасии тарафайн қарор гирифт.
Муҳаммадзода зимни суханоне вазъияти кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳонро таҷзияу таҳлил намуда ва онро бисёр печидаву осебпазир хонд ва хотирнишон кард: Дар чунин фароянди печидае нақши утоқҳои фикр дар шиносоӣ ва шинохти хатарот ва таҳдидҳо пешбинии фарояндҳо ва тасмимгириҳои муносиб аз аҳамияти фавқулодае бархурдор аст.
Дар ин росто вай тақвияти пайвандҳои илмӣ ва таҳлилии байни утоқҳои фикри ду кишварро бамавқеъ хонд ва ба ҷойгоҳ ва нақши калидии кишвар, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти Осиёи Марказӣ ва тавсиаи пешрафтаи ҳамкориҳои Чин бо кишварҳои минтақа ишора кард.
Лю Шанбин низ аз таҷрибаи ғании ҳокимият, раёсат, ҷойгоҳ ва нақши раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба унвони як раҳбари сиёсии муваффақ дар пешбурди чашмандоз ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин қадрдонӣ ва бо дар назар гирифтани ҷойгоҳи вижаи ин кишвар ва нақши Пешвои миллати он гуфт, ки дар Донишгоҳи шимоли ғарбии Сиёни Чин Маркази мутолиоти Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳад шуд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамкории Русия ва Қирғизистон дар заминаи сохти неругоҳи офтобӣ
Нақши дин дар ҷомеа

Матолиби пурбоздид