Ҳамла ба пойгоҳи низомии Омрико дар Урдун 

Ҳамла ба пойгоҳи низомии Омрико дар Урдун 
Се низомии омрикоӣ кушта ва 34 нафар захмӣ шуданд
Бойден Эронро муттаҳам кард
Ахбори байналмилал
Бар асари вуқӯи як ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳи низомии Омрико дар Ӯрдун, наздики марз бо Сурия, 3 низомии ин кишвар кушта ва 34 тан низ захмӣ шуданд.
Ба гузориши шабакаи хабарии CNN ба нақл аз мақомоти Пентогун, дар ҳамла ба мавозеи нерӯҳои омрикоӣ дар марзи Урдун ва Сурия, се сарбози омрикоӣ кушта ва ҳудуд 34 нафар захмӣ шуданд.
CNN ба нақл аз мақомоти омрикоӣ афзуд, ин аввалин бор аст, ки сарбозони омрикоӣ аз замони оғози ҷанги Ғазза, дар ҳамалот ба мавозеи Омрико кушта мешаванд.
Фармондеҳии марказии Омрико (CENTCOM) низ дар баёнияе эълом кард, дар ҳамлаи паҳподӣ ба пойгоҳе дар шимоли шарқии Урдун, се сарбоз кушта ва 25 тани дигар захмӣ шуданд.
Вокуниши Бойден
Ҷо Бойден, раиси ҷумҳури Омрико низ хабари кушта шудани низомиёни кишвараш дар Урдунро таъйид кард ва гуфт:
“Дар ҳамлаи паҳподӣ ба нерӯҳои мо дар шимоли шарқии Урдун дар наздикии марзи Сурия, се сарбози омрикоӣ кушта ва теъдоде дигар захмӣ шуданд”.
Вай гуфт, ҳамлае, ки мунҷар ба кушта шудани се сарбози омрикоӣ шуд, тавассути гурӯҳҳои таҳти ҳимояти Эрон анҷом шудааст.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муқовамати исломии Ироқ ҳамла ба пойгоҳи низомии Омрикоро ба ӯҳда гирифт
Миср фарохони сафири худ аз Исроилро баррасӣ мекунад

Матолиби пурбоздид