Ҳамла ба як киштӣ дар баҳри Уммон

Ҳамла ба як киштӣ дар баҳри Уммон
Ахбори байналмилал
Дар ҳоле, ки Шӯрои амният қатъномаеро алайҳи артиши Яман содир карда, Идораи амалиёти тиҷорати дарёии Ангилис аз вуқӯъи як ҳодисаи ҷадид дар шарқи соҳилҳои Уммон хабар дод.
Ба гузориши шабакаи Аларабия, Идораи амалиёти тиҷорати дарёии Бритониё (UKMTO) соатҳое пеш (панҷшанбе, 11 январ) эълом кард, ки гузорише аз вуқӯъи як ҳодиса дар назики шарқи бандари Саҳори Уммон дарёфт кардааст.
Бино ба ин гузориш, ин ниҳоди бритониёӣ мегӯяд, ки чанд фарди ношинос дар ҳудуди соати 03:30 субҳи имрӯз ба вақти соати ҷаҳонӣ вориди як киштӣ шуданд, ки дар баҳри Уммон дар ҳоли ҳаракат будааст.
Идораи амалиёти тиҷорати дарёии Бритониё мегӯяд, гузоришҳое дарёфт карда, ки нишон медиҳад, садоҳои ношиносе аз телефон шунида мешавад, аммо мақомҳои маҳаллӣ муваффақ нашуданд бо афроди дохили киштӣ тамосе барқарор кунанд ва таҳқиқот идома дорад.
Ин ҳодиса дар рӯзе рух додааст, ки Шӯрои амнияти СММ бомдоди панҷшанбе қатъномаи пешниҳодии Омрико мабнӣ бар маҳкум кардани амалиётҳои артиши Яман алайҳи киштиҳои саҳюнистӣ дар баҳри Сурхро тасвиб кард.
Пештар, ба киштиҳо дар ин маҳдуда тавсия шуда буд, то “бо эҳтиёт убуру мурур кунанд ва ҳар гуна фаъолияти машкукеро ба Идораи амалиёти тиҷорати дарёии Бритониё гузориш диҳанд”.
Тибқи ин гузориш, номе аз киштӣ, ки дар ин ҳодиса дахил буда, бурда нашудааст, аммо хабаргузории Associated Press дар гузориши такмилии худ ба нақл аз ширкати амнияти дарёии англисии Embry гузориш кард, “6 фарди низомӣ вориди киштӣ шуданд”, ки зоҳиран нафткаш Sant Nicholas ном доштааст. Sant Nicholas бо ширкати киштиронии юнонии Empire Navigation иртибот дорад.
Иддао мешавад, ки афроди мазкур дар ҳангоми вуруд ба киштӣ, дурбинҳои назоратиро пӯшондаанд, аммо ҷузъиёти бештаре мунташир нашудааст.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оғози ҷаласаи расидагӣ ба иттиҳоми наслкушии Исроил дар Лоҳа
Ин ҷиноятҳо фаромӯш намешавад!

Матолиби пурбоздид