Ҳамлаи мушакӣ ба Ҷулон – намоиши саҳнасозишудаи исроилӣ

Ҳамлаи мушакӣ ба Ҷулон – намоиши саҳнасозишудаи исроилӣ

“Ҳамлаи мушакӣ ба Ҷулон, як “намоиши саҳнасозишуда”-и исроилӣ аст”

Ахбори байналмилал

Муҷтабо Амонӣ, сафири Эрон дар Лубнон, вокуниши Исроил ба ҳодисаи ҳамлаи мушакӣ ба як замини футбол дар рустои Маҷдалшамс дар баландиҳои Ҷулон, ин ҳодисаро иқдоме “саҳнасозишуда тавассути режими ишғолгари Исроил“ донист.

Амонӣ дар ёддоште дар шабакаи Х, таҳдидоти Исроил барои густариши ҷанг алайҳи Лубнон ва минтақаро бо баёни ин ки се “на” хулосае аз мавозеъи Эрон дар қиболи ин ҳодиса ва эҳтимоли оғози ҷанги тамомаёр байни Исроил ва Ҳизбуллоҳ аст, навишт:

“1) На: мо интизор надорем ҷанге тамомаёр байни Ҳизбуллоҳ ва Исроил оғоз шавад ва ба далели муъодалоти таҳмилии қудрат, шонси ин эҳтимолро бисёр андак медонем.

2) На: мо ҷанг намехоҳем, ҳамон тавр, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора ба дунболи коҳиши таниш дар минтақа аст.

3) На: ба тамоми маъно аз ҷанг наметарсем.”

Амонӣ дар айни ҳол афзуд: “Душманони мо метавонанд тасаввур кунанд бо қудрате, ки дар ихтиёр дорем, чӣ корҳое метавонем дар дифоъ аз муқовамат бикунем.”

Гуфтанист, асри рӯзи гузашта (шанбе) як гулӯлаи инфиҷорӣ бо сарчашмаи номушаххас ба як замини футбол дар рустои Маҷдалшамс дар минтақаи Ҷулони ишғолӣ исобат кард. Дар ин ҳамла дастикам 12 ғайринизомӣ аз ҷумла кӯдакон кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.

Режими Исроил Ҳизбуллоҳро масъули ин ҳамла муаррифӣ карда, аммо муқовамати исломии Лубнон аз ҳамон дақоиқи ибтидоии ин ҳодиса, қотеъона ин иддаъоҳоро такзиб ва эълом кард, ки ҳеч иртиботе бо ин ҳодиса надорад.

Аз сӯйи дигар, бино ба гузориши бархе расонаҳои исроилӣ, гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки инфиҷор мумкин аст ношӣ аз як мушаки зидди ҳавоии “Гунбади Оҳанин”-и Исроил бошад, ки аз масири худ мунҳариф шуда ва ба минтақа исобат кардааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сармашқҳои ахлоқӣ
Содатарин роҳкорҳо барои хушахлоқӣ

Матолиби пурбоздид