Ҳамлаи муқовамати исломии Ироқ ба Исроил

Ҳамлаи муқовамати исломии Ироқ ба Исроил

Ҳамлаи паҳподии муқовамати исломии Ироқ ба Ҳифо дар Исроил

Ахбори байналмилал

Irna

Муқовамати исломии Ироқ имрӯз (панҷшанбе, 1-феврал) ба бандари Ҳифо дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳамлаи паҳподӣ анҷом дод.

Ба гузориши Ирно, муқовамати исломии Ироқ бо судури баёнияе эълом кард:

“Размандагони мо имрӯз дар посух ба ҷиноёти бомдоди режими ғосиби саҳюнистӣ ба навори Ғазза ва куштори мардуми Фаластин аз ҷумла занон, кӯдакон ва солмандон, бандари Ҳифоро дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор доданд.”

Дар ин баёния бар тадовуми ин ҳамалот то инҳидоми комили истеҳкомот ва маҳалли таҷаммӯъ ва истиқрори душман таъкид шудааст.

Бо оғози ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза ва бомбборонҳои бевақфаи манотиқи маскунӣ, омӯзишӣ ва дармонии ин минтақа аз сӯйи бомбафканҳои режими Телавив, ҳар як аз гурӯҳҳои муқовамати исломии минтақа вазифаеро дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза ба ӯҳда гирифтааст.

Ҷанги режими саҳюнистӣ бо мардуми Ғазза дар ҳоле ба 118-умин рӯзи худ расида, ки ин режим дар сардаргумии маҳз куштори мардуми бедифои Ғаззаро идома дода, дар афкори умумӣ дар ҷаҳон манфуртар шуда ва мавриди пайгард ва маҳкумияти кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.

Вазорати беҳдошти Фаластин дар тозатарин гузориши худ эълом кард, ки омори кулли шуҳадои навори Ғазза ба 26 ҳазору 900 ва омори захмиҳо ба 65 ҳазору 949 нафар аз оғози ҳамалот ба навори Ғазза дар 7-уми октябр расидааст.

7 октябр 2023 рӯзи вежае дар таърихи муосири ҷаҳон ва ба хусус дар таърихи минтақаи ғарби Осиё ба шумор меояд.

Амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” ин рӯзро беш аз ҳар рӯзи дигаре дар таърихи муқовамати Фаластин алайҳи ишғолгари режими саҳюнистӣ барҷаста кард.

Irna

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вақте футбол ин ҳама тағйиру таҳаввул эҷод мекунад – 2
Ҳамлаи Омрико ва Англис ба Яман

Матолиби пурбоздид