Ҳамлаи муқовамати исломии Ироқ ба фурудгоҳ Бен Гурёни Исроил

Ҳамлаи муқовамати исломии Ироқ ба фурудгоҳ Бен Гурёни Исроил

Ахбори байналмилал

Ҳамлаи паҳподии муқовамати исломии Ироқ ба фурудгоҳ Бен Гурёни Телавив

Аlalam

Муқовамат исломии Ироқ фурудгоҳи байналмилали Бен Гурён дар Телавивро ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши шабакаи Алъолам, дар идомаи дуввумин марҳилаи амалиёти пуштибонӣ аз Фаластин ва аҳолии Ғазза, муқовамати исломии Ироқ соатҳое пеш (чаҳоршанбе, 20 март) эълом кард, ки фурудгоҳи байналмилалии Бен Гурён дар Телавивро ҳадаф ҳамлаи паҳподӣ қарор додааст.

Муқовамати исломии Ироқ дар ҳамин ҳол таъкид кард, ки ба амалиётҳои худ алайҳи душмани ишғолгари саҳюнистӣ дар ҳимоят аз Ғазза ва посух ба ҷиноёти душмани саҳюнистӣ алайҳи сокинони ин борика идома хоҳад дод.

Муқовамати исломии Ироқ рӯзи душанбе низ эълом карда буд, тайи як ҳамлаи паҳподии муваффақ, пойгоҳи парандаҳои бидуни сарнишини артиши Исроилро дар Ҷулон ҳадаф қарор додааст.

Гурӯҳи муқовамати исломии Ироқ таъкид кард, амалиёт худ дар моҳи мубораки Рамазон барои дарҳам кӯбидани пойгоҳҳои душманонро ташдид хоҳад кард.

Аlalam  

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эъломи омодагии Ҳизбуллоҳи Ироқ барои ҷанги тӯлонимуддат бо Омрико
Чанд ҷумла дар ҳошияи суханони Алӣ Ҷумъа – III

Матолиби пурбоздид