Ҳамлаи Омрико ва Англис ба Яман

Ҳамлаи Омрико ва Англис ба шимол ва ғарби Яман

Ахбори байналмилал

Irna

Омрико ва Англис бомдоди панҷшанбе (1 феврал) ба шимол ва ғарби Яман ҳамла карданд.

Ба гузориши Ирно ба нақл аз хабаргузории Сабои Яман, Омрико ва Англис дар ду навбат устони Саъдаро ҳадафи ҳамлаи ҳавоии худ қарор доданд.

Шабакаи хабарии Алмасираи Яман низ ба ҳамла ба минтақаи Алҷабона дар шимоли шаҳри соҳилии Алҳдида дар ғарби Яман хабар дод.

Шабакаи Алмаёдин низ ба нақл аз хабарнигори худ дар Яман, аз парвози густурдаи ҳавопаймоҳои ҷангии душман бар фарози шаҳри Алҳадида дар савоҳили баҳри Сурх дар ғарби Яман хабар дод.

Хабаргузории “Спутник”-и Русия низ бомдоди панҷшанбе ба нақл аз манобеъи худ дар Яман, гуфт, ки дар ҳамалоти Омрико ва Ангилис, як подагони артиши Яман дар соҳили бандари Алҳадида ҳадаф қарор гирифт.

Шабакаи CBS-и Омрико низ гузориш дод, ки ҳамалоти Омрико 10 паҳподро дар ғарби Яман ҳадаф қарор дода, ки ба иддаои ин шабакаи хабарӣ, омодаи шиллик буданд.

Аз ҷузъиёти бештари ин ҳамла ва низ талафот ва хасоратҳои эҳтимолии он то кунун гузорише мунташир нашудааст.

Irna

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи муқовамати исломии Ироқ ба Исроил
Маод – XIY

Матолиби пурбоздид