Ҳамлаи паҳподӣ ба фурудгоҳи бандари Ҳифо дар Исроил

Ҳамлаи паҳподӣ ба фурудгоҳи бандари Ҳифо дар Исроил

Ахбори байналмилал

Farsnews

Муқовамати исломии Ироқ бомдоди чаҳоршанбе (6 март) эълом кард, ки дар ҳимоят аз навори Ғазза, нерӯгоҳ барқи фурудгоҳ Ҳифоро бо паҳпод ҳадафи ҳамла қарор додааст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, манобеъ бомдоди чаҳоршанбе аз шунида шудани садои инфиҷор дар наздики фурудгоҳи бандари ишғолии Ҳифо дар Фаластини ишғолӣ хабар доданд.

Дақоиқе баъд гурӯҳи мавсум ба “Муқовамати исломии Ироқ” тайи баёнияе эълом кард, ки дар ҳимоят аз навори Ғазза ва радди ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи сокинони ин минтақа, нерӯгоҳи барқи фурудгоҳи Ҳифоро бо паҳпод ҳадафи ҳамла қарор додааст.

Бархе расонаҳо низ навиштанд, ки падофанди ҳавоии фурудгоҳи Ҳифо натавониста ин паҳподро раҳгирӣ кунад ва бо муваффақият ба ҳадаф исобат кардааст.

Муқовамати исломии Ироқ то кунун даҳҳо бор таъсисоти ҳаётии режими саҳюнистӣ дар саросари Фаластини ишғолиро ҳадафи ҳамалот паҳподӣ ва рокетӣ қарор дода ва таъкид кардааст, ки то замони таваққуфи таҷовузот алайҳи Ғазза, ба ҳамалоти худ идома хоҳад дод.

Рӯзи якшанбе низ муқовамати Ироқ хабар дода буд, ки ба бандари ишғолии Ҳифо ҳамлаи паҳподӣ анҷом дода, ки дар амалиёти мазкур, як корхонаи санойеъи шимиёиро ҳадаф қарор додааст.

Farsnews

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаи амрикоӣ: “Дигар наметавон пеши роҳи амалиёти яманиҳоро гирифт”
Яман ду киштии омрикоиро ҳадаф қарор дод

Матолиби пурбоздид