Ҳамлаи теруристӣ ба додгустарии Зоҳидони Эрон
Ахбори байналмилал
Ҳамлаи теруристӣ ба додгустарии Зоҳидони Эрон
Шаҳодати 6 нафар аз ҷумла як модар ва навзод
Теруристҳои мусаллаҳ ҳама кушта шуданд; Ҷайшуладл масъулияти ҳамларо пазируфт. 22 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ҷузъиёти ҳамлаи теруристии имрӯз ба додгустарии Зоҳидон
Ҷонишини фармондеҳи интизомии Систон ва Балучистон гуфт: “Соати 8:30 субҳи имрӯз як гурӯҳи теруристии вобаста ба Мусод (Созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ) қасди вуруд ба додгустарии Систон ва Балучистон воқеъ дар шаҳри Зоҳидон дошт, ки бо ҳушёрии нерӯҳои интизомии ҳозир дар саҳна ва даргирии эҷодшуда, яке аз теруристҳо дар маҳал ба ҳалокат расид. Дар пайи инфиҷори норинҷаке, ки ин терурист ба дохили сохтмони додгустарӣ андохт, мутаассифона шоҳиди шаҳодати теъдоде аз ҷумла як навзоди яксола ва як модар будем.”
Ӯ афзуд: “Дар идомаи ин даргирӣ дар таъқибе, ки барои дастгирии соири авомили ин гурӯҳ анҷом шавад, ду узви дигари гурӯҳ ба ҳалокат расиданд ва дар воқеъ кулли ин тим ба дарак восил шуданд.”
Қаламонлайн