Ҳамлаи Яман ба як ҳадафи ҳаётӣ дар Телавив бо мушаки фаросавт

Ҳамлаи Яман ба як ҳадафи ҳаётӣ дар Телавив бо мушаки фаросавт

Ахбори байналмилал

Almasirahnews

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман соате пеш аз ҳадаф қарор додани Ёфои ишғолӣ (Телавив) бо мушаки “Фаластин-2” хабар дод.

Ба гузориши Алмасира, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, сартип Яҳё Сареъ лаҳазоте пеш, аз ҳамлаи ҷадид ба як ҳадафи ҳаётӣ дар Телавив хабар дод ва эълом кард, ки “бо мушаки фаросавти “Фаластин-2” ба як ҳадафи ҳаётӣ дар Ёфои ишғолӣ (Телавив) ҳамла кардем.”

Вай таъкид кард, ки ягони мушакии нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ин амалиётро анҷом дод ва мушаки мазкур ба фазли илоҳӣ, бо муваффақият ба ҳадаф исобат кард.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар идома таъкид кард: “Амалиётҳои низомӣ бо мушак ва паҳподро барои ҳимоят ва пуштибонӣ аз муҷоҳидин дар навори Ғазза ва каронаи Бохтарӣ ташдид хоҳем кард. Ин амалиётҳо танҳо бо таваққуфи таҷовуз ба навори Ғазза ва рафъи муҳосираи он, мутаваққиф хоҳад шуд.”

Мушаки “Фаластин-2” дорои бурди 2150 километрӣ аст, ки дар ду марҳила бо сӯхти ҷомид ба ҳаракати худ идома медиҳад.

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман, дар ин охирҳо тайи амалиёте, ки алайҳи Телавив анҷом дод, аз ин навъ мушак, ки ба роҳатӣ аз “Гунбади Оҳанин”-и режими саҳюнистӣ убур карда буд, рӯнамоӣ кард.

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Афви писари раиси ҷумҳур
Андаке тафаккур

Матолиби пурбоздид