Ҳамлаи ҳавоии Амрико ба минтақаи Букамол дар шарқи Сурия

Ҳамлаи ҳавоии Амрико ба минтақаи Букамол дар шарқи Сурия
Ахбори байналмилал
Irna
Манобеи хабарӣ бомдоди шанбе (30 декабр) аз ҳамлаи ҳавоӣ ба минтақаи Букамол воқеъ дар марзи Сурия ва Ироқ хабар доданд.
Ба гузориши Ирно ба нақл аз шабакаи Алмаёдин, ҳамлаи ҳавоӣ ба минтақаи марзии Букамол воқеъ дар устони Дейруззур дар шарқи Сурия анҷом шудааст.
Бар асоси ин гузориш, ин ҳамлаи ҳавоӣ тавассути Омрико анҷом шуда ва то кунун 5 нафар дар ин ҳамла ҷон супурдаанд.
Ҳанӯз манобеъи расмии Сурия гузорише дар бораи ин ҳамла мунташир накардаанд.
Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифта, ки тайи соатҳои гузашта борҳо пойгоҳҳои низомии Омрико дар хоки Ироқ ва Сурия ҳадафи ҳамлаи рокетӣ ва паҳподӣ қарор гирифтааст.
Муқовамати исломии Ироқ аз оғози амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” то кунун, дар ҳамбастагӣ ва ҳимоят аз миллати Фаластин ва мардуми Ғазза, борҳо мавозеъи низомии Иёлоти Муттаҳида дар минтақаро ҳадафи ҳамалоти рокетӣ ва паҳподии худ қарор додааст.
Irna
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шаҳодати 10 размандаи дарёии Яман аз сӯйи амрикоиҳо дар баҳри Сурх
Амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” интиқоми чӣ чизе буд?

Матолиби пурбоздид