Ҳамлаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба чанд маркази низомии Исроил

Ҳамлаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба чанд маркази низомии Исроил

Ахбори байналмилал

Mehrnews

Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамлаҳои ҷадидеро алайҳи марказҳои низомии артиши режими саҳюнистӣ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ ба анҷом расонд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз Аннашра, Ҳизбуллоҳи Лубнон бо судури баёнияҳое аз ҳамлаҳои ҷадиди худ алайҳи мавзеъҳои артиши режими саҳюнистӣ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод.

Идораи иттилоърсонии ҷангии Ҳизбуллоҳи Лубнон баён кард: “Дар ҳимоят аз миллати пойдори Фаластин дар навори Ғазза ва муқовамати шуҷоъ ва шарифи онон, размандагони муқовамати исломӣ соати 4:50 асри дирӯз (чаҳоршанбе, 13 март) подагони “Зибдин”-ро бо мушаки “Файлақ” ҳадаф қарор доданд ва онро ба сурати мустақим мавриди исобат қарор доданд.”

Ҳамчунин асри дирӯз (13 март) мавзеъи низомии саҳюнистии “Рависот ал-алам” дар теппаҳои ишғолии Кафаршубо воқеъ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ низ ҳадафи ҳамлаи мушакии Ҳизбуллоҳ қарор гирифт.

Илова бар ин, Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, ки соати 5 асри дирӯз (13 март) подагони саҳюнистии “Ромим”-ро бо таслеҳоти мушакӣ ҳадаф қарор додааст.

Ҳамчунин Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, ки размандагони муқовамати исломии Лубнон дар манотиқи марзӣ миёни Лубнон ва сарзаминҳои ишғолӣ бо истифода аз таслеҳоти муносиб бо як паҳподи саҳюнистӣ муқобила карда ва ин паҳподро ногузир ба бозгашт ба сарзаминҳои ишғолӣ кардаанд.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ низ аз бархӯрди дастикам 2 мушак ба минтақаи марзии “Саҳл ал-ҳула” воқеъ дар “Исбаъ ал-Ҷалил” дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ хабар доданд.

Илова бар ин, ожири ҳушдор дар минтақаҳои ишғолии “Ҳулото” ва “Ромут Нафтолӣ” дар Ал-Ҷалили улё” воқеъ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ ба садо даромад.

Аз сӯйи дигар хабаргузори расмии Лубнон аз ҳамлаи тӯпхонаии артиши режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон хабар дод.

Mehrnews

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ансоруллоҳи Яман мушаки фаросавт озмоиш кардааст
Сайидҳасан Насруллоҳ хитоб ба Натонёҳу: “Ту ҷангро бохтаӣ!”

Матолиби пурбоздид