Ҳамоиши байналмилалии Дуплумосии фарҳангии Паёмбари Аъзам(с) баргузор мешавад
Ахбори фарҳангии Ҷаҳони ислом
Конфронси байналмилалии диплумосии фарҳангии Паёмбари Аъзам (с)
Конфронси байналмилалии диплумосии фарҳангии Паёмбари Аъзам (с) бо ҳузури андешамандоне аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор мешавад.
Ин конфронс ба ҳиммати Донишкадаи илоҳиёт ва маорифи исломии Донишгоҳи Теҳрон ва Муассисаи байналмилалии тақоруби фарҳангҳо рӯзи чаҳоршанбе (1-марти 2023) дар Донишгоҳи Теҳрон баргузор мешавад.
Дар ин маросим андешамандоне аз кишварҳои Конодо, Молезӣ, Ҳиндустон, Тунис, Алҷазоир, Буснӣ ва Ҳерзеговин, Лубнон, Бразил, Эрон ва ҷамъе аз донишҷӯён ва устодони донишгоҳ ҳузур доранд.
Ин конфронс талош дорад, то ба бахше аз сабки амалӣ ва назарии паёмбари раҳмат дар рӯёрӯӣ бо ақвом, қабоил ва дигар милал бипардозад. Ҳамчунин дар ин ҳамоиш ба вежагиҳои асосии диплумосии паёмбари раҳмат (с) бавежа барпоии адолат, ҳуқуқи иҷтимоӣ, сулҳ, ҳамзистии мусолиматомез ва тамаддунсозӣ бар пояи ақлоният ва ахлоқ, пардохта мешавад.
Ин конфронс ба сурати ҳузурӣ ва низ маҷозӣ баргузор хоҳад шуд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн