Ҳамоиши моҳи феврали соли 1989
Дадоҷон Ёқубов
Торихи муосири Тоҷикистон
Бахши аввал
“Дар пасманзари ин ҳамоиш, на танҳо ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ, ки рӯзи 22-уми соли 1989, ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд ва маҳфили сиёсӣ “Рӯ ба рӯ“ ба вуҷуд омад, ки он сабабгори пайдоиши як ҳаракати мардумӣ “Растохез“ бо сарварии Тоҳири Абдуҷаббор шуд. Ва шароите фароҳам шуд, ки дар Тоҷикистон барои озодӣ, тамоми мардуми озодандеш, истиқлолхоҳ ба рӯ баромаданд: аз ҷумла устодон С. А. Нурӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Саид Қиёмиддини Гозӣ, Аслиддин Соҳибназоров, Тоҳири Абдуҷаббор, Шодмон, Юсуф, Мӯмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Акпар Турсун, Аскар Ҳаким, Бозор Собир, Гулрухсор Сафиева, Мирбобо Мирраҳим, Мақсуд Икромов, Отахон Латифӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Додоҷони Атовулло, Ҷумъабой Ниёзов, Дадоҷон Қаландаров, имомхатиби вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) Муслиҳиддин Мукаррамзода ва садҳои дигар ҳастии вуҷуд пайдо карданд…”
Назаре ба воқеаҳои рӯзҳои аввали истиқлолият ва иҷлосияи изтирории 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1)
(Аз силсиламақолоти “Муаммои рӯз” ба қалами Дадоҷон Ёқубов)
Миллати тоҷик дар миёни миллатҳои ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ, яке аз миллатҳои бедор, огоҳ, озодихоҳ, озодандеш, истиқлолхоҳ, мардумсолор буд.
Ана аз ҳамин лиҳоз, дар собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ, яке аз аввалинҳо шуда бо сарварии олими иқтисод, муҳаққиқ, озодандеш ва устоди сухан Тоҳири Абдуҷаббор дар охирҳои суқути ин давлат барои озодии миллат, ҳамоиши сулҳомез ва роҳпаймоиеро ташкил карда буд. (Ҳамоишро дар шаҳри Душанбе ташкил карда буданд, вале дар шаҳри Хуҷанд, муаллимони мо ба тарс афтоданд… Чаро? Чун ки замоне буд, ки на ҳамоиш, балки мардум аз гуфтани номи ҳамоиш метарсиданд, чӣ хеле, ки аз Эмомалӣ Раҳмон тарс доранд.)
Оиди чорабиниҳои сиёсӣ, ҳар нафаре, он хоҳ сиёсатмадор аст ва ё рӯзноманигор аз дидгоҳ ва нигоҳи худ баҳо медиҳад, бисёр вақт ба манфиати худ ва ҳамҳизбони худ, минтақа ва ё шахсиятҳои минтақаи худ, на аз рӯи дидгоҳи ҷомеъаӣ, ҳақиқат ва нигоҳи таърихнигор.
Инҷо, нуқтаеро аз нигоштаи рӯзноманигор Салими Аюбзод меорам, ӯ оид ба чунин масъалаҳо ва воқеъаҳои сарнавиштсоз, дидгоҳҳои яктарафа, манфиатхоҳӣ баҳо доданро хеле одилона баҳо додааст:
“Гоҳе дониставу хоста ва гоҳи дигар надониставу нахоста, ба руйдодҳои сарнавиштсози таърих баҳои яктарафа дода мешавад. Вале гоҳи дигар чунин воқеаҳо бо ҳадафҳои муайян хурду беарзиш қаламдод мешаванд. Сабаб дар он аст, ки ҳоло ҳам, пас аз чаҳоряк асри соҳибихтиёрӣ, (31 — 32 соли соҳибихтиёрӣ Д. Ё.) таърихи мо дастхуши бозиҳост ва нигорандагон чизеро бо ҳазор ҳила бузургу бошукӯҳ мекунанду чизи дигареро аз назарҳо дур ва ҳамоно сиёсат бар таърих зӯр меорад.”
Боз Салими Аюбзод, дар матлаби рӯзи 14 феврали соли 2019 интишор намудааш, аз гирдиҳамоии рӯзи 24 феврали соли 1989 ҳамчун шоҳид, аз бардоштҳои худ овардааст, аз он чанд иқтибосеро меорам:
“Ман ин воқеаро ҳамчун як рӯзноманигор мушоҳида ва таҳқиқ кардаам ва ҳоло ончиро дида, шунида, дарёфта, навишта ва дониста будам, ин ҷо мегузорам, то аз ёдҳо зудуда нагардад.
Гирдиҳамоии 24 феврали соли 1989 дар майдони марказии шаҳри Душанбе, рӯбарӯйи бинои Шӯрои Олии Тоҷикистон (порлумони вақт), ки он замон ба номи В. И. Ленин буду ҳоло дар миёнаҷояш пайкараи Исмоили Сомонӣ қомат афроштааст, бо талаби ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ нахустин падидаи ҳақталошии бахше аз ҷомеа ва намунаи муколамаи осоиштаи мардум бо ҳукумати худ буд.
Ин гирдиҳамоӣ ба хотири ҳифзи курсии касе ё талаби истеъфои дигаре на, балки барои дифоъ аз забон ва ҳувияти миллӣ баргузор гашта буд. Дар он мардум ба шимолию ҷанубӣ ё ғармию хуҷандию помирию кӯлобӣ тақсим нашуда, ҳама, қатъи назар аз зодбуму аслу насаб ва дину мазҳабу пеша даст ба дасти ҳамдигар доданд.“
Банда ҳам, ҳаракат мекунам, то тавоноиям, бардошти худ, сарнавишти миллатро, рӯйдодҳо ва ҳодисаҳои таърихиро дар асл биёварам.
Дар ҳамоиши моҳи феврали соли 1989, ҳудуди 3400-3500 нафар табақаҳои гуногуни мардуми Тоҷикистон иштирок доштанд, оромиро бо фарҳанги баланди тоҷикона нигоҳ дошта шиорҳои пешакӣ омода шударо дар даст боло мебардоштанд, бо як овоз ба мақоми давлатӣ додани забони тоҷикиро талаб мекарданд, шаҳрвандон оҳиста-оҳиста ба ҳамоишгарон мепайвастанд. Аз ҷумла, аз тарафи ҳукумат ҳам, бо сарварии Раиси Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Ғоибназар Паллаев, бо ҳудуди 10 нафар омада пайваст шуданд.
Пас аз салому алейк, Ғоибназар Паллаев ба ҷамъомадагон муроҷиат намуда аз ҷумла гуфт: “Комиссияи муштараки ташкилшуда, оид ба мақоми давлатӣ додани забони тоҷикӣ баррасӣ карда истодааст ва ягон ҷои ташвиш нест, аксарияти онҳо тарафдори ин пешниҳод ҳастанд.” Аз чунин суханронии Ғоибназар Паллаев созмондиҳандагони ҳамоиш интизор набуданд. Чаро? Чун ки чунин суханронӣ аз тарафи масъулини Ҳукумати аввалин маротиба буд.
Сипас президенти Академияи улуми Тоҷикистон, Муҳаммад Осимӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Мӯъмин Қаноат, Мудири Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи Улуми Тоҷикистон, Акбар Турсон, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Маданияти Тоҷикистон“ (ҳозира “Адабиёт ва санъат“) Аскар Ҳаким, аз ташкилкунандагони асосии ин ҳамоиш, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Сафар Мастонзод, Ҷумъахон Исоев паём ва далелҳои худро барои ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ гуфтанд, суханрониҳои намояндагони давлатиро шуниданд ва онҳо ваъда доданд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода мешавад.
Ногуфта намонад, ки қисме аз роҳбарон ва махсусан русзабонон, ба мақоми давлатӣ додани забони тоҷикӣ, монеъаи сахт мерасонданд, нашрияҳои русӣ, тарғиботи яктарафа мебурданд, дар ташкилоту корхонаҳо, таълимгоҳҳо тарғибу ташвиқ мекарданд, ки забони русӣ, ин забони умуми Шӯравӣ, набояд дар мобайни миллатҳо ихтилоф андохта шавад, дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 33 дар сади аҳолӣ ӯзбекзабонҳо, боз русзабонҳо ва дигар миллатҳо зиндагӣ мекунанд, ки ҳуқуқи онҳо поймол карда мешавад.
Бо супориши мақомот, идораю корхонаҳои давлатӣ бо садҳо мактубҳои коргарону деҳқонон омода шуда, бо чунин шарҳҳо: ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ бар хилофи сиёсати дӯстии халқҳои Шӯравӣ дониста мешавад. Рӯзномаҳои давлатӣ, бо кадом сабабе бошад, ки аз ин ҳамоиш хабаре намедоданд, хомӯширо касб карда буданд, қисми дигаре аз рӯзноманигорон, сиёсатмадорон сукутро интихоб карданд, танҳо расонаи “Коммунист Таджикистана“ ташкилкунандагон ва иштирокчиёни ин ҳамоишро бо миллатгароӣ ва чоҳталабӣ гунаҳкор медонист.
Вале дар пасманзари ин ҳамоиш, на танҳо ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ, ки рӯзи 22-уми соли 1989, ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд ва маҳфили сиёсӣ “Рӯ ба рӯ“ ба вуҷуд омад, ки он сабабгори пайдоиши як ҳаракати мардумӣ “Растохез“ бо сарварии Тоҳири Абдуҷаббор шуд.
Ва шароите фароҳам шуд, ки дар Тоҷикистон барои озодӣ, тамоми мардуми озодандеш, истиқлолхоҳ ба рӯ баромаданд: аз ҷумла устодон С. А. Нурӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Саид Қиёмиддини Гозӣ, Аслиддин Соҳибназоров, Тоҳири Абдуҷаббор, Шодмон, Юсуф, Мӯмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Акпар Турсун, Аскар Ҳаким, Бозор Собир, Гулрухсор Сафиева, Мирбобо Мирраҳим, Мақсуд Икромов, Отахон Латифӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Додоҷони Атовулло, Ҷумъабой Ниёзов, Дадоҷон Қаландаров, имомхатиби вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) Муслиҳиддин Мукаррамзода ва садҳои дигар ҳастии вуҷуд пайдо карданд.
Пас аз як соли гирдиҳамоии рӯзи 24 феврали соли 1989, гирдиҳамоии 11 феврали соли 1990 ба вуқӯъ мепайвандад, бо сабаби назартангӣ, роҳбарони қудратии миллатгаро, ҷоҳил, чоҳталаб ва бо роҳбарии Қ. Маҳкамов аз Маскав кӯмак талаб карда мешавад. Шаби 11 ба 12 гурӯҳи 50 нафараи кормандони КАД ИҶШС, сипас дивизияи Таман расида меояд, ки дар натиҷа ба хун кашонда шуд ва муколамаи рӯзафзуни ҳукумату мардумро шикаста, онҳоро ба душмании ҳамдигар табдил дод.
Идома дорад…
Қаламонлайн