Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломии Фаластин терури фармондеҳи Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқро маҳкум карданд

Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломии Фаластин терури фармондеҳи Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқро маҳкум карданд

Ахбори байналмилал

Farsnews

Ҷунбишҳои муқовамати фаластинии Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ бомдоди панҷшанбе (8 феврал) тайи баёнияҳое, шаҳодати Абӯбоқир ал-Соъидӣ, аз фармондеҳони Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ дар ҳамлаи теруристии Омрикоро маҳкум карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ҷунбишҳои муқовамати фаластинии Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ бомдоди панҷшанбе тайи баёнияҳое, шаҳодати Абӯбоқир ал-Соъидӣ, аз фармондеҳони Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ дар ҳамлаи теруристии Омрикоро маҳкум карданд.

Ин гурӯҳҳои муқовамати фаластинӣ зимни ишора ба танишзоиҳои мукаррари Омрико дар ғарби Осиё, гуфтанд, ки ба ҷуз бо нобудии режими саҳюнистӣ, сулҳ ва субот ба минтақа бознамегардад.

Ҳамос дар баёнияи худ гуфт: “Таҷовузи ваҳшиёнаи шомгоҳи чаҳоршанбе (-и Омрико), ки Бағдодро ҳадаф қарор додро нақзи ҳокимият ва амнияти Ироқ медонем, ки дар ростои хидмат ба режими ишғолгари саҳюнистӣ ва пружаҳои тавсиаталабонаи он сурат гирифтанд.”

Ин ҷунбиш зимни таслият гуфтан ба мардуми Ироқ, таъкид кард: “Давлати Бойден, раисиҷумҳури Омрикоро ба далели таъмин ва ҳимоят аз ҷанги нозиҳо алайҳи мардуми Фаластин дар навори Ғазза ва наслкушии онҳо, масъули ташдиди таниш дар минтақа медонем.”

Ҷиҳоди Исломӣ низ дар баёнияи худ гуфт: “Мо таъкид мекунем, ки давлати Омрико бо рӯйкарди таҳоҷумии худ алайҳи мардум ва миллати мо, ба дунболи шӯълавар кардани даргирӣ дар минтақа, ҳифозат аз режими саҳюнистӣ ва ҳимоят аз ҷанг алайҳи мардуми Фаластин аст.”

Пеш аз ин, манобеъи ироқӣ шомгоҳи чаҳоршанбе аз ҳамлаи паҳподҳои ношинос ба як худрави ғайринизомӣ дар шарқи Бағдод хабар дода буданд, ки ба дунболи он, гузоришҳое аз шаҳодати чанд нафар дар бархе расонаҳо мунташир шуд.

Соате баъд гурӯҳи муқовамати Катоиби Ҳизбуллоҳ дар баёнияе таъйид кард, ки Абӯбоқир ал-Соъидӣ, аз фармондеҳони аршади ин гурӯҳ ва созмони Ҳашди шаъбӣ, дар ин ҳамлаи теруристии Омрико ба шаҳодат расидааст.

Farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи низомии Омрико ва Англис ба Яман
Ансоруллоҳи Яман: “Терури шаҳид ал-Соъидӣ, таҷовуз ба тамоми мардуми Ироқ аст”

Матолиби пурбоздид