Ҳамос Исроилро ба дом мекашад

Таҳлили хабарӣ
Ҳамос Исроилро ба дом мекашад
Таҳлиле аз Дэвид Ҳорден (David Harden) дар рӯзномаи омрикоии New York Times
Ишора: Дэвид Ҳорден (David Harden), мудири собиқи Ожонси тавсиъаи байналмилалии Иёлоти Муттаҳида (USAID) дар каронаи Бохтарӣ ва Ғазза ва дастёри собиқи идораи демукросӣ, ҷанг ва кӯмаки башардӯстонаи ин ниҳод ва ҳамчунин мушовири аршади собиқи фиристодаи вежаи Борок Убомо, раисиҷумҳури асбақи Омрико, барои сулҳи Ховари Миёна аст.
Ва бо ин ки аз назари инҷониб (Сайидюнуси Истаравшанӣ), ин таҳлилгар аз ҳомиёни шадиди саҳюнистҳост (ки аз навиштаҳояш ошкоро бармалост), вале дар маҷмӯъ ин таҳлилаш то ҳадде воқеъбинона аст ва ӯ онро аз рӯйи огоҳӣ навишта, чун билохира чанд сол дар Фаластин ва “Исроил” дар робита бо гурӯҳҳои фаластинӣ кор карда ва мешиносандашон. Албатта, ин ҳушдорҳояш мутаваҷҷеҳи саҳюнистҳост, ки аз рӯйи дилсӯзӣ навишта, ки эҳтиёт бошанд. Вале иншоаллоҳ ҳарфҳои ӯ ба гӯши сарони аҳмақи саҳюнист ворид нахоҳад шуд, зеро кор аз кор гузашта ва инон дигар ба тала афтодаанд.
Ва аммо машрӯҳи мақолаи Ҳорден:
“Чаҳор рӯз пас аз ҳамлаи Ҳамос, ба назар мерасад, ки Исроил омодааст дастури ҳамлаи заминии тамомаёр ба навори Ғаззаро содир кунад.
Бо беш аз 1000 кушта дар Исроил ва 2600 захмӣ дар ҷараёни маргбортарин таҳоҷум ба хоки Исроил дар таърихи худ, давлати Бенёмин Натонёҳу, нахуствазир таҳти фишори зиёде барои эъзоми нерӯҳои худ ба ин минтақа қарор дорад. Ин кишвар пештар бо ҳамалоти ҳавоӣ, ки мунҷар ба кушта шудани беш аз 900 фаластинӣ дар Ғазза шуда посух додааст. Исроил пеш аз он ки гомҳои бештаре ба самти пешравӣ ба сӯйи Ғазза бардорад, бояд дар назар бигирад, ки мумкин аст ин гузина, вуруд ба дом бошад. Дар идома ба далоили тарҳи ин истидлол мепардозам.
Ҳамос медонист, ки ҳамлаи рӯзи шанбе, барои Натонёҳу чорае ҷуз ҳамла аз тариқи таҳоҷуми заминӣ боқӣ намегузорад ва огоҳ аст, ки бартарии фаннӣ ва низомии нерӯҳои дифоъии Исроил дар хиёбонҳои шулуғи шаҳри Ғазза дар Ҷаболиё, бузургтарин урдугоҳи паноҳҷӯёни Ғазза ё аз тариқи тунелҳои зерзаминӣ, мазияти чандоне нахоҳад дошт. Ғазза 362 километри мураббаъ бо беш аз ду миллион ҷамъият, яке аз мутарокимтарин маконҳои рӯйи замин аст.
Ба назар мерасад, Ҳамос мехоҳад сарбозони исроилиро ба ботлоқ бикашонад ҳамон тавр, ки Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон кори мушобеҳеро аз соли 1985 то 2000 анҷом дод. Исроилиҳо пас аз солҳо набард бо Ҳизбуллоҳи Лубнон, ақибнишинии таҳқиромезе аз ҷануби он кишвар доштанд ва Ҳизбуллоҳи қудратманд ва таҳдидомезро дар марзи шимолии худ раҳо карданд.
Чаро мумкин аст Ҳамос бихоҳад нерӯҳои дифоъии Исроилро ба як набарди заминии хунин бикашонад? Ҳамос қудрати биломунозеъи Ғазза аст агарчӣ аз соли 2006 интихоботе дар ин ноҳия баргузор нашудааст. Созмони Фатҳ, рақиби аслии сиёсии Ҳамос ва ҷомеаҳои тиҷорӣ, маданӣ ва раҳбарони қабилаӣ ва тоифаии фаластинӣ наметавонанд ба таври муассир Ҳамосро, ки пас аз ҳар даргирии пай дар пай бо Исроил қавитар шуда, ба чолиш бикашанд. Ҳамос алорағми мувоҷеҳа бо муҳосира ва назорати шабонарӯзӣ аз сӯйи Исроил зоҳиран тавонистааст рокетҳои бештаре бисозад ва бихарад ва бурд ва диққати он рокетҳоро ба таври пайваста беҳбуд бахшад, омӯзишҳои размии таҳоҷумиро барои ҷангҷӯёни худ фароҳам кунад ва шабакаи иттилоотии печида ва густурдаеро тавсиа диҳад. Ҳамлаи ҳамзамони Ҳамос ба 22 макони Исроил нишондиҳандаи ин мавзӯъ аст. Ҳамос мутмаиннан бар ин бовар аст, ки метавонад исроилиҳоро дар замини худ дар як ҷанги фарсоишӣ шикаст диҳад.
Ҳамос ҳамчунин мехоҳад дар сурати ҳамлаи Исроил ба Ғазза ба вежа агар пешравиҳои Исроил мутаваққиф шавад, эътибори сиёсии худро дар каронаи Бохтарӣ афзоиш диҳад. Бисёре аз фаластиниёни каронаи Бохтарӣ аз ҳамакнун Ташкилоти худгардони Фаластинро, ки бахшҳое аз каронаи Бохтарии таҳти ишғоли Исроилро идора мекунад, фосид, заъиф ва нотавон аз таҳаққуқи хостаҳои мардум медонанд.
Таҳоҷуми моҳи июли Исроил ба шаҳри Ҷинин дар каронаи Бохтарӣ бештар нишон дод, ки давлати таҳти раҳбарии Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин на метавонад аз мардуми Ҷинин муҳофизат кунад ва на чашмандозе аз ояндаи умедвортар ироа медиҳад. Агар Исроил ба Ғазза ҳамла кунад, Ҳамос мумкин аст аз ҳимояти умумӣ барои ба чолиш кашидани Ташкилоти худгардони Фаластин дар каронаи Бохтарӣ бархӯрдор шавад ва ба таври билқувва раҳбарии сиёсии фаластиниёнро ба унвони танҳо намояндаи мардуми Фаластин бар ӯҳда бигирад.
Дар минтақаи васеътар Ҳамос метавонад рӯйи муттаҳиди худ – Ҳизбуллоҳ низ ҳисоб кунад. Як рӯз пас аз ҳамлаи Ҳамос дар ҷануби Исроил, Ҳизбуллоҳ эҳтимолан дар талош барои озмоиши омодагии нерӯҳои исроилӣ даргири набард бо артиши Исроил дар имтидоди марзи шимолии наздики Мазореъи Шабъо шуд; сарзамине, ки таҳти контроли Исроил аст, аммо Лубнон муддаии ҳокимият бар он аст. Агар Исроил дар Ғазза ва каронаи Бохтарӣ бо Ҳамос биҷангад, Ҳизбуллоҳ мумкин аст ба дунболи касби имтиёз бошад.
Агар Ғазза ба саҳнаи ҷанги заминии тӯлонимуддат табдил шавад, Ҳамос метавонад “Тавофуқи Иброҳим”, ки мусолаҳаҳоеро байни Исроил, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн имконпазир сохта тазъиф кунад ва раванди фазояндаи оддисозии робитаи давлатҳои ғарбӣ бо Исроилро дарҳам бишиканад. Ташкилоти худгардони Фаластин натавонист “Тавофуқи Иброҳим”-ро масдуд кунад, аммо Ҳамос ҳанӯз аз зарфияти анҷоми ин кор бархӯрдор аст.
Давлати Бойден нови ҳавопаймобар ба шарқи дарёи Медитарона эъзом намуда, алорағми он ки эълом карда ин иқдом сирфан барои тақвияти боздорандагӣ ва дар ихтиёр қарор додани таҷҳизот ва манобеъи изофӣ аз ҷумла муҳиммот барои нерӯҳои Исроил аст. Ҷек Соливан, мушовири амнияти миллӣ, билофосила пас аз конфронси хабарии Бойден дар рӯзи сешанбе, бори дигар бар ҳимояти Иёлоти Муттаҳида аз Исроил таъкид кард.
Тайи як ҳафтаи оянда Исроил метавонад бисёре аз зерсохтҳои Ҳамосро нобуд кунад. Бо ин вуҷуд, вуруди заминии нерӯҳои исроилӣ ба Ғазза, боиси хашми шаҳрвандони онҷо хоҳад шуд. Бо ин вуҷуд, Ҳамос озодии амали нерӯҳои дифоъии Исроилро бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳадди ақал 150 гаравгони исроилӣ дар ихтиёр дорад печида месозад. Агар ҷанги заминӣ идома ёбад, Исроил дастовардҳое дар майдони набард хоҳад дошт, аммо тақрибан ба таври қатъ наметавонад идеулужии ҳокими Ҳамос ё орзуҳои таҳаққуқнаёфтаи фаластиниён барои ташкили як давлатро нобуд кунад.
Исроил барои дурӣ аз доми Ғазза, ба муттаҳидони араб дар замин ва минтақа ниёз дорад. Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Миср ва Ӯрдун, ҳамагӣ, Эрон, Ҳамос, Ҳизбуллоҳ, Ҳусиҳо дар Яман ва Ихвонулмуслиминро ба унвони як таҳдиди стратегӣ дар назар гирифтаанд. Барои ба даст овардани ҳимояти раҳбарони калидии минтақа, Исроил бояд имтиёзоти амниятӣ ва иттилоотии бузургеро дар сурати ҷанги густурдатар бо Эрон ироа диҳад ва чашмандози сиёсии маънодор ва равшанеро барои як кишвари фаластинӣ пас аз Аббос ва пас аз Ҳамос таъйин кунад. Бо ин вуҷуд, Натонёҳу бо шикофи шадиди эътибор, ҳам дар дохил ва ҳам дар миёни ҳамсоягони араби Исроил мувоҷеҳ аст.
Рӯзҳои пеши рӯ барои исроилиҳо ва фаластиниҳо хунин ва сахт хоҳад буд. Агар Исроил ба Ғазза ҳамла кунад, эҳтимолан бо доми кор гузошташуда аз сӯйи Ҳамос мувоҷеҳ мешавад. Як иштибоҳи муҳосиботии Исроил дар Ғазза, метавонад бӯҳронеро дар Ховари Миёна эҷод кунад, ки барои чандин насл идома хоҳад ёфт.”
New York Times
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қадрдонии Ҳамос аз Путин
Сайид Иброҳими Раисӣ: “Навои пасосаҳюнистӣ аз минораҳои Масҷидулақсо ба гӯш мерасад”

Матолиби пурбоздид