Ҳамос музокирот бо Исроилро ба ҳолати таълиқ даровард

Ҳамос музокирот бо Исроилро ба ҳолати таълиқ даровард

Ахбори байналмилал

Farsnews

Рӯзномаи Ал-арабӣ ал-ҷадид (наздик ба Қатар) ба нақл аз як манбаъ дар Ҳамос гуфт, ки ин ҷунбиш пас аз ройзанӣ бо соири гурӯҳҳои муқовамат, тасмим гирифт музокироти ғайримустақим бо Исроилро ба ҳолати таълиқ дароварад.

Ба гузориши хабаргузории Farsnews, дар пайи тасмими кобинаи ҷангии режими саҳюнистӣ барои оғози таҷовузи низомӣ ба шаҳри марзии Рафаҳ дар ҷануби Ғазза, як манбаъ дар ҷунбиши Ҳамос хабар дод, ки музокироти ғайри мустақим бо ин режимро ба ҳолати таълиқ даровардааст.

Ин манбаъ ба рӯзномаи Ал-арабӣ ал-ҷадид гуфт, ки Ҳамос пас аз ройзанӣ бо соири гурӯҳҳои муқовамат, тасмим гирифт ин музокиротро ба ҳолати таълиқ дароварад ва ба ҳамин далел, бозгашти ҳайати музокиракунанда ба Қоҳира ҳам ба таъвиқ афтод.

Вай бо баёни ин ки Ҳамос мунтазири натоиҷи талошҳои воситаҳо хоҳад монд, хабар дод: “Тарафи мисрӣ бо Ҳамос тамос гирифта ва хостори адами таниши низомӣ ва эътои замон барои маҳори ин бӯҳрон шудааст.”

Вазорати хориҷаи Миср ҳам соате пеш ба режими саҳюнистӣ нисбат ба ҳар гуна амалиёти низомӣ дар Рафаҳ ҳушдор дод ва таъкид кард, ки ба сурати мудовим бо ҳамаи тарафҳо дар тамос аст, то монеъ аз он шавад, ки вазъият хориҷ аз контрол шавад.

Вазорати хориҷаи Миср ҳамчунин ба режими саҳюнистӣ ҳушдор дод, ки дар ин замон аз масири музокирот даст ба таниш назанад, балки бояд бештарин хештандориро аз худ нишон диҳад.

Коршиносон таъкид доранд, ки саҳюнистҳо мӯътақиданд, бо амалиёти низомӣ дар Рафаҳ, ба аҳдофи худ нахоҳанд расид ва муваффақ нахоҳанд шуд асирони исроилиро озод кунанд, вале бо ин таҳдидҳо фақат ба дунболи имтиёзгирӣ аз Ҳамос дар музокирот ҳастанд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хунсо кардани амалиёти ҷосусии Омрико ва Исроил дар Яман
Reuters: Ҳамлаи пулис ба урдугоҳи ҳомиёни Фаластин дар Донишгоҳи Калифорния

Матолиби пурбоздид